ЭҲТИРОМ БА СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

Иззату ҳурмати калонсолону мӯйсафедон, садрнишин ва файзбахши тӯю сур, анҷуману давраҳо будани онҳо барои халқи мо анъанаи аҷдодист.

«Бе пир марав, дар бимонӣ, ҳарчанд Искандари замонӣ», гуфтани мардум беҳуда нест.
Дар мамлакати мо ҷою мақом ва қадри куҳансолон – собиқадорони меҳнат баланд аст. 

Солҳои охир арҷгузорӣ ба онҳо беш аз пеш афзуда, ба сатҳи сиёсати давлатӣ расидааст. Дар Соли бузургдошти инсон ва маҳаллаи фаъол эҳтиром ба маъюбон бештар мешавад. 15 марти соли ҷорӣ маҷмӯи тантанаҳои «Рӯди зар»-и шаҳри Бухоро намуди идона гирифт. Ин ҷо аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят собиқадорони меҳнат – онҳое, ки баҳри ободию тараққиёти кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, ташриф оварданд. Дар атрофи мизҳои пурнозу неъмат мулоқот, суҳбатҳои дилкаши бобоёну бибиҳои саодатманд қӯр гирифт. Рақсу сурудҳои ҷозибадори санъаткорон, ба онҳо ҷӯр гаштани бонувон ба  дилҳо сурур бахшид.
Ба ин тадбир, ки таҳти унвони «Диёре, ки дар он қадри инсон баланд аст, ояндаи бузург дорад» идома дошт, нисфирӯзӣ ҳокими вилоят Ботир Зарифов ва ҷонишини аввали вазири дастгирии маҳаллаю собиқадорон, Қаҳрамони Ӯзбекистон Содиқҷон Турдиев ташриф оварданд. Онҳо собиқадорони меҳнатро бо фарорасии Иди баҳор – Наврӯзи фирӯз муборакбод намуда, дар мамлакати мо воло будани қадри куҳансолон, барои ҷавонон ибратбахш будани рӯзгори эшон, инчунин, эътибору ғамхориҳои сарвари давлатро нисбати собиқадорон таъкид карданд. 
Ба иштироккунандагони тадбир туҳфаҳо низ супорида шуд. Пас аз хӯрдани ош  ҷамъомадагон ба автобусҳо нишаста ба саёҳати шаҳр баромаданд.
Гашти рӯз онҳо дар театри вилоятӣ намоишнома – «Арӯс аз хориҷа, ё ки тӯи бухороӣ»-и З. Солиеваро тамошо карданд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: