10 ҲАЗОР МОШИНИ БАРҚӢ ДАР СОЛИ 2024

Ҳаёти ҳаррӯзаи моро бе мошин тасаввур кардан мумкин нест.

Сабаб дар он аст, ки мошинҳо воситаи мусоиди ҳаракат ҳангоми аз як манзил ба манзили дигар гузаштан ва интиқол додани маҳсулот, наздик шудани дурамон, сабук гардидани мушкиламон мебошанд.
Аммо дигаргуниҳое, ки дар симои шаҳру деҳот тӯли солҳои охир ба амал омадаанд, аз зарурати ислоҳоти таъҷилӣ дар ин соҳа чун дар тамоми соҳаҳо гувоҳӣ медиҳанд. Аз ин рӯ, солҳои охир дар самти таъмини бехатарии ҳаракати мошинҳо, кам кардани зарари онҳо ба муҳити зист, инфрасохтори роҳ, нақлиёти ҷамъиятӣ, зиёд намудани хариди мошинҳои барқӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвари мо ин соҳаҳо пайваста нав карда шуда, сарфи назар аз мушкилоти таъминоти моддию техникӣ истеҳсоли мошинҳо дар солҳои охир се баробар афзуда, то охири соли ҷорӣ ба 415 ҳазор адад расонида мешавад. Бо мақсади аз байн бурдани монополияи давлатӣ ва рушди рақобат дар соҳа 3 корхонаи нави хусусӣ ва брендҳои бонуфузи хориҷӣ ҷалб карда шуданд.
Дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» фароҳам овардани муҳити рақобат дар соҳаи автомобилсозӣ ва расондани ҳаҷми истеҳсолот ба 1 миллион адад, пурра фаро гирифтани шаҳру ноҳияҳо бо нақлиёти ҷамъиятӣ, ба 5 ҳазор расондани шумораи автобусҳои нав ва ба 2 ҳазор расондани автобусҳои барқӣ мақсад гузошта шудааст.
Ҳоло дар 8 корхонаи мамлакати мо даҳҳо хели автомобил, нақлиёти боркаш ва мусофиркашонӣ, техникаи хоҷагии қишлоқ ва махсус истеҳсол карда мешавад. Ҳамчунин беш аз 2000 корхонаи ин соҳа ба шабакаи ягонаи кооператсия пайваст шуда, маҳаллисозии 50 фоизи маҳсулот таъмин гардид.
Албатта, пешрафти ин соҳа ҳам ҳисобу китоб ва нақшаҳои дақиқро талаб мекунад. Сабаб дар он аст, ки саноати автомобилсозӣ қисми муҳими иқтисодиёти кишварҳои пешрафтаро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар оянда истеҳсоли мошинҳои барқӣ муҳим аст, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва  ҳам хориҷӣ бо корхонаҳои мошинсозӣ рақобат карда тавонанд.
Дар ҷамъомаде, ки 14 декабри соли равон таҳти раёсати Сарвари давлатамон баргузор шуд, натиҷаҳои бадастомада таҳлил гардида, вазифаҳои амалӣ дар соли 2024 муайян карда шуданд. Президент таъкид кард, ки агар саноатчиёни кишвари мо дар ин самт таҷрибаи давлатҳои пешқадамро зуд омӯхта, ба талаботи замон мутобиқ нашаванд, дар оянда дар бозор мавқеъ пайдо кардани онҳо мушкилтар мешавад. Инчунин, соли оянда дар кишвари мо корхонаи мошинҳои электрикӣ ба кор андохта мешавад ва дар назар аст, ки 10 ҳазор мошини барқӣ истеҳсол шавад.
Дар ин маврид бояд гуфт, ки имрӯз дар саноати автомобилсозии мамлакати мо на фақат истеҳсоли мошинҳои сабукрав, балки дар баробари ин шабакаи истеҳсоли мошинҳои гуногун, ки ба кишоварзӣ мутобиқ шудаанд, боркашонӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ низ босуръат рушд мекунад.
Танҳо имсол дар соҳаи техникаи хоҷагии қишлоқ бештар аз 3500 адад техника истеҳсол карда шуд. Ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2030 ин миқдор дар як сол ба 16 ҳазор расонда шавад. Кластери мошинсозии кишоварзие, ки  дар шаҳри Чирчиқ ташкил карда шудааст, иқтидори соле истеҳсол намудани 15 ҳазор адад трактору притсеп ва дигар таҷҳизотро дорад. Ин ба деҳконони мо, ки имрӯз фаъолияти худро бо пахтакорӣ ва ғаллакорӣ маҳдуд накарда, ба хоҷагии серсоҳа табдил ёфта истодаанд, имкон медиҳад, ки ба ҳосилнокии баланди меҳнатӣ ноил гарданд.
Аз ҳама муҳимаш, дар натиҷаи ба ҳаёт татбиқ намудани ҳар як соҳаи нави истеҳсолӣ ва маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ташкил мешаванд.

Махфират ХУШВАҚТОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: