ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ДАР САМАРҚАНД БАРГУЗОР МЕШАВАД

Бо тавсия ва ҷонибдории ФИДЕ Самарқанд ду маротиба ба чемпионати ҷаҳон мизбонӣ хоҳад кард.

Бинобар ҳамин  шаҳри  бостонӣ  ба ин бозии  қадим, ақлу хирад  ва шавқовару дилнишин  ҳаматарафа тайёрӣ мебинад. 
Бо  ҳамин муносибат  мо бо  ҷонишини раиси федератсияи шоҳмоти Самарқанд, гроссмейстери байналхалқӣ, падари чемпиони  олимпиадаи шатранҷ дар Ҳиндустон Ҷаҳонгир Воҳидов Тоҳирҷон  ВОҲИДОВ суҳбат оростем. 
– Гарчанде ватани шоҳмот  Ҳиндустон аст, вале  он дар  Осиёи Миёна, хосатан Самарқанду Бухоро ривоҷу равнақ  ёфтааст, – гуфт  Тоҳирҷон  Абдуқаҳҳорович, – далели раднопазир, аз  харобаҳои  Афросиёб  пайдо шудани муҳраҳои шатранҷ  мебошад, ки  дар осорхонаҳои шаҳри Самарқанд  ва Тошканд  маҳфузанд. Алломаи Шарқ Абӯрайҳони Берунӣ дар  асарҳои нотакрору пурарзиши хеш дар ин бора  маълумотҳои  раднопазир  овардааст. 
Ҳоло ҳам анъанаҳои  гузаштагон муташаккилона идома дорад. Дар  Самарқанд  шаш нафар  гроссмейстерҳои байналхалқӣ  зиндагӣ карда, дар  мусобиқаҳои бешумор  шарафи Ӯзбекистонро  ҳимоят  мекунанд. 
Боиси ифтихор аст, ки чанде пеш ҳамватани  мо Афрӯзабону  Ҳамдамова дар байни ҳамсолонаш  чемпиони ҷаҳон  шуд, ки дар  таърихи Ӯзбекистон аввалин  бонуе мебошад, ки  ба чунин  унвон  соҳиб гардидааст.  
– Тоҳирҷон Абдуқаҳҳорович,  расонаҳои ахбор иттилоъ доданд, ки  аз 26 то 30-юми декабри соли равон дар Самарқанд  чемпионати ҷаҳон  оид ба шоҳмот  дар  намуди рапид ва блитс, яъне  барқосо  баргузор мешавад. Чемпионати  панҷрӯза дар  куҷо  баргузор мешавад ва  киҳо  иштирок  мекунанд?
– Дар «Шаҳри абадӣ»-и Самарқанд, дар қасри конгресс-холл.
Аз  48 кишвари ҷаҳон  199 нафар гроссмейстерҳои машҳур хоҳанд  омад, ки дар он қувваозмоиҳо чемпиони ҷаҳон  Магнус Карлсен (Норвегия),  Гугеш Доммарадҷу (Ҳиндустон), Шаҳриёр  Мамадиёров (Озарбойҷон), Ян Кшиштоф Дуда (Полша), Левон Араниян (ИМА), Даниэл  Дубов (Русия), Алиризо Фируҷа (Фаронса) ва  қаҳрамонон дар байни  бонувон  Тан Чжунӣ (Хитой), Бибисоро  Асаубаева ва  дигарон  ширкат  хоҳанд  варзид.
– Аз ҷумҳурии мо киҳо  ҳастанд?   
– Собиқ  қаҳрамони ҷаҳон оид  ба блитс Нодирбек  Абдусатторов, Ҷаҳонгир Воҳидов, Шамсиддин Воҳидов, Афрӯзабону Ҳамдамова, Марҷона Маликова, Гулӣ Каримова, Шаҳноза  Ҳамроқулова ва дигарон рӯйи тахта дона меронанд. 
– Мукофотҳои  пулӣ  чӣ  қадар  бошад?
– Як  миллион доллар, ки байни  қаҳрамонони  чемпионат  тақсим карда мешавад. 
– Тоҳирҷон Абдуқаҳҳорович, шумо  низ  гроссмейстери байналхалқӣ  ҳастед. Оё «бахти худро намесанҷед»?
– Ду нафар  фарзандонам мебозанд, ки  кифоя аст. Акнун  навбат ба  ҷавонон. Воқеан, камина  ҳамчун  ҳакам иштирок  мекунам. 
– Мо аз  номи мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» ба вакилони Ӯзбекистон комёбиҳо таманно дорем.  
– Ташаккур!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: