Ҳаёти аҳолии деҳро бе замини наздиҳавлӣ тасаввур кардан душвор.
Ҳаёти аҳолии деҳро бе замини наздиҳавлӣ тасаввур кардан душвор. Ҳар як ваҷаби замин барои онҳо ба тилло баробар. Аз он на танҳо баҳри таъмини фаровонии рӯзгор, балки бо мақсади талабу дархости аҳолиро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудан низ истифода мебаранд. Бино ба маълумот 4 ҳазору 800 гектари заминҳои ноҳияи Чуст ба кишту кор мусоидат мекунад.
Чустиён аз замини наздиҳавлии худ чӣ гуна истифода мебаранд?
Доир ба равшанӣ андохтани ин масъала ба деҳаи Ғоваи ноҳия рафтем, чунки ғовагиҳо аз ҳама пеш, ба чиллаи зимистон нигоҳ накарда, аллакай корҳои заруриро ба анҷом расондаанд. Камтар гарм омадани обу ҳаво меҳнаткашонро ба ҷунбиш овард ва онҳо ба тоза намудани ҷӯйбор, пошидани пору, ба тартиб даровардани дарахтон оғоз намуданд.
Деҳа аз 3690 хонадон ва зиёда аз 18 ҳазор аҳолӣ иборат аст. Асосан бо деҳқонӣ машғул мебошанд. Ба оила файзу барака, даромади иловагӣ бахшидани замини наздиҳавлиро деҳқонони чашмикордон хуб медонанд. Қатъи назар аз соҳиби касбу кори гуногун ба касби меросии бобоён – деҳқонӣ машғул шуданро дӯст медоранд. Таърифҳои “устухонаш дар меҳнат сахт шудааст”, “нони деҳқонро хӯрда калон шудааст” бисёртар ба ғовагиҳо мансуб аст гӯем, хато намекунем.
– Дар яке аз рӯзҳои дамгирӣ дар замини рӯйи ҳавлӣ каланд мезадам. Нафаре маро пурсида омад ва бо ҳамин ҳолат, ки ба обу арақ ғӯтида будам, ба пешвозаш баромадам, – мегӯяд ходими идораи ҳуқуқ, ки Акрамҷон ном дошт.
– Бародар, шумо ҳам дар замин кор кардану каланд заданро медонистаед-да?– гуфт ӯ.
– Ҳа, акоҷон, ғовагӣ ҳастам, падарам деҳқони асил.
– Ба шумо қоил шудам, бародар. Дар идораи давлатӣ кор мекунам гуфта ҳама ҳам монанди шумо дар замин кор намекунад. Барои кумак бачаҳоро фиристонам?
– Раҳмат, ако, ман аз меҳнат роҳат мекунам, дам мегирам,– гуфтам ба ӯ.
Аз фарбеҳии ҳамсуҳбатам маълум буд, ки ба кори ҷисмонӣ кам машғул мешавад.
Дарҳақиқат, меҳнат инсонро обутоб медиҳад, қуввати ҷисмонӣ мебахшад, тану ҷонаш солим мегардад. Сокинони деҳаи кӯҳии номбурда аз паси меҳнаташон ба чунин хусусиятҳо молик буда, зиндагии фаровон доранд. Чашмикордонҳо солҳои охир аз замини рӯйи ҳавлӣ то се маротиба ҳосил рӯёндан муваффақ гардидаанд. Деҳқон аз аввали моҳи феврал ба заминаш тухмиҳои картошкаро мешинонад ва ҳосили онро рӯзҳои аввали баҳор кофта мегирад. Ба ҷойи он аз ҳамин ҳосили нав картошкаҳои хурд-хурдро интихоб карда мекорад. Ин усулро деҳқонон “обизак” меноманд. Баъди ғундоштани ҳосили дуюм, ниҳолҳои хурди картошка дар пушта мемонад ва оҳиста-оҳиста онҳо низ ба ҳосилбандӣ шурӯъ мекунанд. Бори аввал аз ин усул Шарифҷонбобо Одилов, ки дар маҳаллаи Қӯрғон буду бош дошт, ба таври таҷриба истифода бурдааст. Натиҷаи онро дида, ба дигарҳо низ тавсия додааст. Ҳоло деҳқонони ин минтақа Шарифҷонбоборо ҳамчун деҳқони чашмикордон ба ёд меоранд.
Дар замини рӯйиҳавлии ҳар як хонадони деҳа, хурдакак бошад ҳам, гармхона мавҷуд. Кабудӣ, маҳсулоти резавор аз худи онҳо мебарояд, зиёдатиашро ба бозор бурда мефурӯшанд. Беҳуда нагуфтаанд: “Меҳнат боиси рӯсурхии инсон аст”.
Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.