Рӯзи таҷлили Иди Рамазон эълон шуд

Дар Ӯзбекистон рӯзи аввали Иди саиди Фитр ба рӯзи чоршанбе, 10 апрел рост меояд. Дар ин бора дар Идораи мусулмонони Ӯзбекистон маълум карданд.

Олимон ва мутахассисон кори мушоҳидаи моҳи Ҳилоли Шаввол ва ҳисобҳои астрономиро тахлил карданд.

Бар асоси маълумоти расида Шӯрои уламои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон қарор кард, ки Иди саиди Фитр дар кишвар 10 апрел гузаронда шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: