АҲАМИЯТИ ДАР МАКТАБҲО ҶОРӢ НАМУДАНИ НИЗОМИ ЗАМОНАВИИ БАҲОГУЗОРӣ ЧӢ ГУНА АСТ?

Низоми баҳогузорӣ дар мактабҳои Президентӣ ва тахассусиро барилова дар 1000 муассисаи таълими умумӣ ҷорӣ намудан, ҳамчунин ҷараёни саҳми машғулиятҳои амалиро бинобар фанҳо 60 фоиз зиёд кардан идома дорад.

Ин ислоҳоти муҳими соҳаи таълим дар доираи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 феврали соли 2024 «Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» ва бинобар Барномаи давлатӣ ба амал бароварда мешаванд.
Дар ҳуҷҷат, ҳамчунин ба масъалаи дар ҷараёни таълими тамоми муассисаҳои таълими уму-мӣ ҷорӣ намудани усули таълим дар мактабҳои Президентӣ ва махсус низ эътибори алоҳида дода шудааст. 
Мувофиқи иҷрои фармони Президент чӣ гуна корҳо иҷро мешаванд, нақшаҳои оянда аз чиҳо иборатанд? 
Мо бинобар мавзӯъ бо фикру ақидаҳои Дилрабо Давидова, директори маҳорати педагогии низоми агентии муассисаҳои таълими махсус ва маркази илмиву амалии байналхалқии баҳогузорӣ шинос шудем. 
– Методикаи таълими мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ, тахассусӣ ва мактаб-интернатҳо бинобар низоми махсуси баҳогузорӣ бурда мешаванд. Ин усул аз соли хониши 2023/2024 дар 500 мактаби таълими умумии ҷумҳуриямон ҷорӣ карда шуданд. Ин рақамҳо дар қисмати ҳудудҳо мактабҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва тамоми вилоятҳоро дарбар мегиранд.
Барои навгониҳоро ба амалиёт татбиқ кардан чораю тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Чунончӣ, аз ҷумлаи ҷамоа-ҳои педагогии мактабҳои низоми агентии муассисаҳои таълими тахассусӣ анқариб 750 нафар мураббиён ташаккул дода шуданд. Онҳо ба ин даргоҳҳои таълимӣ вобаста гардиданд. 
Аз соли хониши оянда дар 1000 мактаби таълими ҳамагонии ҷумҳурӣ ин низоми нави баҳогузорӣ ҷорӣ карда мешавад. Алҳол барои мунтазам ва самарабахш ба роҳ мондани ин ҷараён аз ҷониби агентии маҳорати педагогӣ ва маркази илмию амалии баҳогузории байналхалқӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа баҳри тайёр кардани санҷишҳои назоратии тахассусӣ ва маводҳо гурӯҳи экспертҳо низ ташаккул дода шудааст. 
– Дар ин маврид саволи бамаврид ба миён меояд, мазмуну моҳияти низоми баҳогузории ба низомҳои махсус асоснок кардашуда, афзалиятҳои онҳо аз чӣ иборатанд? 
– Низоми мазкури баҳогузорӣ ба тамоми иштирокдорони ҷараёни таълим муносибати самарабахшро меомӯзонад. Тафриқаи он аз низоми баҳогузории анъанавӣ ин сарфи назар аз субъективизм ва нисбият мебошад. Маводи баҳогузорӣ низ дар пояи талабҳои меъёри давлатии таълим мебошад. Ба хусус, низом ба омӯзгорон ҳангоми тайёрӣ ба дарс барои дақиқ муайян кардани мақсади таълим кумак мерасонад. 
Ин низоми баҳогузорӣ иштироки омили инсониро ба низом ба ҳадди ақалл кам мекунад. Муаллим ҳар рӯз баҳо намегузорад, балки баъд аз анҷоми ҳар як боби муайян бо дарназардошти дараҷаи саводи хонанда саволҳо тартиб дода мешаванд. Мувофиқи он супоришҳо коркард мегарданд. Дар ҷараёни мазкур бинобар низомҳои баҳогузорӣ ҳаққоният ба миён меояд. 
Омӯзгор ҳангоми санҷида баромадани кори ҳар як хонанда, ба кадом дараҷа мавзӯъро аз худ кардани хонандаашро дарк мекунад ва дар кадом мавзӯъҳо ба душворӣ рӯ ба рӯ шудани ӯро муайян менамояд. Дараҷаи саводи хонандаро дар давоми дарс мефаҳмад ва барои ислоҳ кардани ӯ ба кадом ҷиҳатҳо эътибор доданро барои худ муайян месозад. 
Дар ин усули баҳогузорӣ ба хонанда бинобар низоми 100 холӣ баҳо гузошта мешавад. Дар ин низом аз 86 то 100 хол баҳои 5, аз 65 то 85 баҳои 4,  аз 30 то 64 хол  баҳои 3 аст. 
Мувофиқи низоми мазкур ба дониши хонанда баҳои пурра дода мешавад. 
Корҳои амалӣ ва лоиҳавӣ ҷузвҳои муҳимтарини баҳогузорӣ буда, ин барои дар амал истифода бурда, мустаҳкам кардани дониши назариявии хонандагон кумак мерасонад. Дар натиҷа ҳангоми ташкил кардани дасрҳо ба қисми амалии онҳо эътибори бештар дода хоҳад шуд. 
– Барои оммавӣ кардани таҷрибаи низоми баҳогузорӣ, ба хусус, дар ҳазор мактаби ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани он чӣ гуна нақшаҳо пешбинӣ шудаанд? 
– Дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналхалқии таълим маводи махсуси баҳогузорӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Ба хусус, бобати намуна гирифтан аз супоришҳои маводи PISA тренингҳо гузаронида хоҳанд шуд. Ба таҳлил кардан ва такмил додани маводи баҳогузорӣ, зиёд кардани тахассуси касбии омӯзгорони фанҳои табиӣ ва фанни математика эътибор дода мешавад. Бо иштироки мутахассисони байналхалқӣ машварат-тренингҳо ташкил мегарданд, бо усули каскад таъмин кардани давомияти хонандагон ба нақша гирифта шудааст. 
Боз як ҷиҳати муҳими ислоҳоти соҳаи таълим мувофиқи таҷрибаи хориҷӣ офаридани барномаҳои хониш ва китобҳои дарсии муассисаҳои таълими уму-мӣ, такмил додани онҳо мебошад. Дар ин маврид инкишоф додани донишҳои амалии хонандагон, дар куҷо ва чӣ гуна истифода бурдани он муҳим дониста мешавад. Барои ин бошад, ҳангоми дарсҳо эътибор додан ба зиёд намудани қисми амалии барномаҳои таълимӣ айни муддао аст. 

Мусоҳиб 
Марҳабо МАДАМИНОВА,
хабарнигори ӮзА.          
    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: