Бинобар даъвати Сарвазири Венгрия Виктор Орбан 19-20 августи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Будапешт ташрифи корӣ анҷом медиҳад.
Бинобар барномаи боздид роҳбари давлатамон бо Сарвазири Венгрия мулоқот анҷом медиҳад, ки зимни он масъалаҳои пешбурди барнома ва лоиҳаҳои ҳамкории амалии байни ду мамлакат баррасӣ мегарданд.
Президенти Ӯзбекистон инчунин ба сифати меҳмони ифтихорӣ дар чорабиниҳо бинобар ҷашни давлатии Венгрия — Рӯзи Иштвани муқаддас иштирок менамояд ва ҳамчунин аз мусобиқаи ниҳоии тохтани байни мардон дар чемпионати ҷаҳон оид ба атлетакаи сабук, ки дар Будапешт баргузор мегардад, боздид хоҳад намуд.
ӮзА.