НАҚШИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ЭЪТИДОЛ ВА ҚАРОБАТИ МИНТАҚА

Ӯзбекистон кишвари дорои мероси ғановатманди таърихӣ ва мавқеи геосиёсии стратегӣ буда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад.

Дигаргуниҳое, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев бо такя ба сиёсати нави стратегии хориҷӣ, мавқеи фаъол дар ташаббусҳои минтақавию байналхалқӣ, ҳамчунин рушди робитаҳо ва қаробати иқтисодӣ ба вуқӯъ меоянд, барои пойдориву шукуфоии тамоми минтақа хидмат мекунанд. 
Роҳбари давлат аз соли 2016, аз замони ба вазифа оғоз намуданаш бобати трансформатсияи мамлакат қадамҳои далерона гузошта, саъю ҳаракат дорад, «Ӯзбекистони Нав»-еро бунёд кунад, ки ба равандҳои демократия, риоя гардидани ҳуқуқҳои инсон ва сиёсати бозаргонӣ такя хоҳад кард. Ин саъю кӯшишҳо ба ислоҳоти назарраси дохилӣ, аз ҷумла қабул гардидани Сарқонуни нав, қонун дар бораи озодии эътиқод, меъёрҳо оид ба таъқиботи ҷиноӣ барои зӯроварии оилавӣ, мустаҳкам шудани ҳифзи моликияти хусусӣ бо назардошти рушди иқтисодӣ ба беҳтар гардидани муносибатҳо бо шарикон ва иттифоқчиёни асосӣ, ба хусус бо Чин, Иёлоти Муттаҳида ва Русия мусоидат намуданд. 
Бобати ҳамкориҳои тарафайн бо ҳамсояҳо – Қазоқистон ва Туркманистон пешрафти назаррас ба даст омад, ки дар натиҷаи он муоҳидаҳо доир ба муносибатҳои тифоқӣ ва марзбандӣ, шартномаҳо дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расиданд. Робитаҳо ҳамчунин бо Тоҷикистон инкишоф меёбанд, бекор гардидани режими раводид ва сохтмони муштараки Неругоҳи барқии обӣ тасдиқи гуфтаҳои болоӣ мебошад. 
Баробари ин Ӯзбекистон худро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони давлатҳои туркӣ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ фаъолона намоиш медиҳад, ба таҳкими мулоқот ва ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла бо давлатҳои асосии ҷаҳон саъй менамояд. Қисмати муҳими сиёсати хориҷии мамлакат ҳамкорӣ бобати истифода бурдани захираҳои об ва энергетикӣ бо дарназардошти манфиатҳои минтақа ба шумор меравад. 
Дар ибтидои соли 2024 иқтисодиёти ҷумҳурӣ суръати умедбахши афзоиш ва тараққиётро намоиш медиҳад. Мувофиқи пешгӯйиҳо маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли равон 5,5-5,6 фоиз меафзояд. Ин нишондиҳанда ба ҳадафҳои стратегии Ӯзбекистон бобати баланд бардоштани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар нафар аҳолӣ то соли 2030-юм ба 4 ҳазор доллар мувофиқат менамояд ва аз ҷониби секторҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои хидматрасонӣ, саноат, сохтмон ва хоҷагии қишлоқ дастгирӣ карда мешавад. 
Ислоҳот дар сиёсати фискалӣ низ идома дорад, ки эътидоли иқтисодиро бар алайҳи таҳдидҳои ҷаҳонии иқтисодӣ таъмин менамояд, ин маънои онро дорад, ки чораҳои фаъоли ҳукумат бобати таъмин сохтани эътидоли иқтисодӣ самаранокии баланди худро собит намуданд. 
Ҳаҷми сармоягузорӣ, ки аз ҷониби сармояҳои хориҷӣ, маблағҳои корпоратив ва вомҳои бонкӣ рағбатнок карда мешаванд, хеле меафзояд. 
Боиси таъкид аст, ки Ӯзбекистон бори аввал бо мақсади молиявикунонии «сабз» облигатсияҳои байналхалқии худро дар ҳаҷми 1 миллиард доллар интишор намуд, ки шаҳодати ҳаллу фасл намудани мушкилоти экологӣ ва пешбурди технологияҳои сарфакунандаи энергетикӣ будани мамлакат мебошад. Ин ба сармоягузорӣ барои лоиҳаҳои устувори экологӣ имконият фароҳам овард. 
Баробари ин мамлакат ташаббусҳои муҳими минтақавии нақлиётиро бомуваффақият татбиқ менамояд, ки ба мустаҳкам шудани қаробати иқтисодӣ ва рушди савдо дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла татбиқ гардидани лоиҳаи Роҳи оҳани наздисарҳадии Афғонистон бо арзиши тақрибан 7 миллиард доллар мусоидат хоҳад кард. Ин кор, ки соли 2018-ум оғоз ёфта буд, сохтмони роҳи оҳани дарозиаш 573 километрро пешбинӣ менамояд, ки Ӯзбекистонро бо бандаргоҳҳои Покистон ва Эрон аз тариқи Афғонистон пайванд мекунад. Ин имкон медиҳад боррасонӣ хеле босуръат анҷом ёбад, ҳамчунин ба рушди иқтисодии минтақа таъсири мусбат мерасонад. Омӯзондани мутахассисони роҳи оҳани Афғонистон низ аз қисмҳои муҳими лоиҳа ба шумор меравад.
Ғайр аз ин, Ӯзбекистон ҷонибдори фаъолтар кардани татбиқсозии лоиҳаи хати роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон (CKU) мебошад, ки пас аз баррасиҳои бисёрсола ба кор оғоз менамояд. Лоиҳаи мазкур барои рушди савдои минтақа ва қаробати иқтисодии он аҳамияти бузург дорад. Хати роҳи оҳани CKU барои пайванд кардани Қошғари Чин бо шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон аз тариқи Қирғизистон пешбинӣ гардидааст, ки роҳёбиро ба бозорҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Осиёи Ғарбӣ, ҳамчунин Туркия ва Шарқи Наздик таъмин менамояд. Он мавқеи Ӯзбекистон ва Қирғизистонро ба сифати кишварҳои муҳими нақлиётӣ дар роҳи аз Чин ба Аврупо ва Шарқи Наздик мустаҳкам менамояд, ба бунёди шабакаи нави стратегии логистикӣ бинобар хатсайри ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» (BRI) мусоидат мекунад.
Кишвари мо дар ташаббусҳои мазкур мақоми пешоҳангиро намоиш дода, нақши худро ҳамчун кишвари муҳими минтақа, ки ба эътидол ва қаробати он мусоидат карда метавонад, мустаҳкам менамояд. 
Солҳои охир Ӯзбекистон фаъолнокии дипломатиро дар арсаи байналхалқӣ хеле беҳтар кард. Шавкат Мирзиёев ба сари давлат омада, ба саъю кӯшишҳо бобати танзими мушкилоти Афғонистон такони нав бахшид ва ҷомеаи ҷаҳониро ба саъю ҳаракатҳои ҳамҷиҳатона дар доираи СММ бобати муътадил намудани вазъияти кишвари мазкур даъват намуд. 
Ӯзбекистон ҳамчунин бисёр ташаббус ва лоиҳаҳои наздиминтақавиро пеш мегузорад ва татбиқ менамояд. Содатар кардани талаботи раводид, ки ба мустаҳкам шудани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мубодилаи фарҳангӣ бо дигар кишварҳои минтақа мусоидат менамоянд, ба хусус қадами муҳим ба шумор меравад. Афзудани селаи одамоне, ки дар байни Ӯзбекистон ва давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ равуо мекунанд, аз боло рафтани робитаҳои тарафайн дар минтақа шаҳодат медиҳанд.
Кори муштарак бо чунин идораҳои байналхалқиву минтақавӣ ва молиявӣ, аз ҷумла Бунёди байналхалқии асъор, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди осиёӣ, Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо, Бонки рушди исломӣ ва Бонки осиёии сармояҳои инфрасохторӣ ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуданд. 
Пешбурди робитаҳои тарафайни байниминтақавӣ афзалияти муҳими сиёсати хориҷии мамлакати мо маҳсуб меёбад. Дар соҳаи мазкур Конфронси байналхалқии «Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ: алоқаи тарафайни минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо», ки моҳи июли соли 2021 дар Тошканд ва Конфронси байналхалқӣ доир ба робитаи тарафайни байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2022 дар Самарқанд баргузор гардиданд, воқеаҳои назаррас шуданд. 
Умуман Ӯзбекистон бинобар таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди устувори Осиёи Марказӣ, ки дар ҷараёни ин анҷуманҳои бисёрҷанба садо доданд, беш аз 80 таклиф пешниҳод намуд. Як қатор конфронсҳои байналхалқӣ бо пешниҳоди Президенти Ӯзбекистон ташкил карда шуданд, ки аз иқтидори баланди дипломатияи Ӯзбекистон ва ҷолибияти ташаббусҳои амалии минтақавӣ ва байналхалқии Тошканд шаҳодат медиҳанд. 
Ба беҳтар намудани робитаҳои иқтисодӣ, рушди инфрасохтор ва сармояи инсонӣ, ҳамчунин мустаҳкам сохтани амнияти байналхалқӣ эътибори бештар додани Ӯзбекистон онро ҳамчун омили асосии пешбурди мамлакат ба сифати шарики қудратманд ва боэътидол дар минтақа ва ҷаҳон намоиш дод. Ин ба баланд гардидани нуфузи кишвар дар арсаи байналхалқӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҳамкорӣ ва пешрафт хидмат хоҳад кард.

Абдуазиз ХИДИРОВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: