Президент Шавкат Мирзиёев 1 август бо муаррифии чораҳо бинобар афзун кардани захираҳо ва зиёд намудани миқдори кашфи конҳои фоиданок шинос гардид.
Дар кишвари мо ба шарофати эътибори баланд ба соҳаи геология ва ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ имконият барои кашфи захираҳои зеризаминӣ афзуд. Сармоягузорони хориҷӣ сармояи худро ба лоиҳаҳои кашф кардан ва коркарди сарватҳо равона мекунанд.
Аз ҷумла, тӯли шаш соли охир 15 лоиҳаи нави коркарди каолин дар ҳаҷми 148 миллион доллар ба роҳ монда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми истихроҷи маҳсулоти тайёр аз он тақрибан 2 баробар зиёд гардид, содирот ба 65 миллион доллар расид. Дар ҳамин давра ҳаҷми истеҳсоли ангишт 1,4 баробар афзуда, ба 5,4 миллион тонна баробар шуд.
Дар ҷараёни муаррифӣ бинобар нақшаҳои соҳаи геология, аз ҷумла бобати зиёд кардани захираҳои уран, каолин ва ангишт маълумот пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки соли равон истихроҷи 6,7 миллион тонна ангишт ба нақша гирифта шудааст.
33 лоиҳа ба маблағи 620 миллион доллар бинобар каолин татбиқ мегарданд. Аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулот бо арзиши баланди иловагӣ аз ин ашё пешбинӣ гардидааст, ки соли равон содирот то ба 81 миллион доллар ва дар соли 2030-юм ба 180 миллион доллар расонида шавад.
Ҳамчунин якҷо бо ширкатҳои хориҷӣ бобати зиёд кардани захираҳоли уран корҳои ҳафриётиву геологӣ идома меёбанд.
Роҳбари давлат ба шахсони масъул супориш дод, ки нишондиҳандаҳои минбаъда дар самтҳои мазкур зиёд карда шаванд. Бобати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, бо истифодаи самарабахш аз пойгоҳи мавҷудаи ашёи хом, технологияи нодир ва иқтидори кадрӣ вазифа гузошта шуд.
Бинобар тезондани корҳои ҳафриётии геологӣ, бо пешниҳоди 5 майдончаи пешомадноки ангиштсанг дар Сурхондарё, ҷорӣ намудани технологияҳои баландсифат ва ба навъҳо ҷудокунии ангиште, ки дар Ангрен истихроҷ карда мешавад, супоришҳо дода шуданд.
Зарурияти кофтукови конҳои нави каолин ва то 200 миллион тонна зиёд кардани захираи он, афзудани миқдори лоиҳаҳо бобати коркарди ин ашои хом таъкид гардид.
Чораҳо бинобар ҷалби сармоядорони хориҷӣ дар азхудкунии конҳои гидротермалӣ ва варақсангҳои сиёҳи уран муайян карда шуданд.
ӮзА.