Имрӯз ин духтари ӯзбекро на фақат дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки берун аз он низ мешиносанд.
Имрӯз ин духтари ӯзбекро на фақат дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки берун аз он низ мешиносанд. Худи вай аз хусуси лаҳзаҳои сурурбахше, ки 11-уми июни соли 2021 рух доданд, бо ифтихору ҳаяҷон нақл мекунад.
Маълум аст, ки 11-уми июни соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо ҳамроҳии роҳбари ин мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф оварда буд. Ин ҷо бояд зикр кард, ки Ш. Мирзиёев аввалин раҳбари Ӯзбекистон ба шумор меравад, ки ба ин шаҳри дилрабову бостонӣ сафар кард. Аз ҷумла ба Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (ин кох дар таърихи Тоҷикистони мустақил нақши махсус дорад, зеро айнан дар ҳамин ҷо моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сарвари давлат интихоб карда буданд) ташриф фармуда, дар ҷамъомад бо рӯшанфикрони вилояти Суғд суханронӣ намуд. Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон Ш. Мирзиёевро хайра мақдам гуфта, аз равобити беш аз пеш инкишофёбандаи ду кишвар бо камоли мамнуният ҳарф зад ва ҷилави суханро ба Президенти Ӯзбекистон дод. Президенти мо аз хусуси анъанаҳои деринаю неки алоқаҳои фарҳангию адабӣ, хусусан дар риштаи омӯзиши мероси илмии аҷдодон, зарурати офаридани филми муштараки бадеӣ дар бораи дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва муҳимияти аз тарафи ҷавонон давом додани ин робитаҳои ҳамкориҳо мулоҳизаҳои хеле ҷолиб баён кард. Ин пешниҳодот маҳсули мубодилаи афкори сарварони ду кишвар буд, ки аз ҷониби иштирокдорони мулоқот гарму ҷӯшон пазируфта шуд.
Дар ин тадбири таърихӣ аз номи ҷавонони вилоят баранда ва муҳаррири барномаи телевизионии ӯзбекии “Қадрият”-и Ширкати телевизион ва радиои вилояти Суғд Наврӯза Мамирова ба сухан баромад. Суханронии саршор аз ҳиссиёту ҳаяҷон ва таъсирбахш толори Қасри Арбобро гӯё ба ларза овард. Ӯ аз аз ҷумла гуфт:
– Аз таърихи 1 марти соли 2018 бо ташаббуси шумо – сарварони оқилу дурандеши ду давлат кушода шудани сарҳадҳо ба халқҳои тоҷику ӯзбек армуғони бузург шуд ва ин воқеа аз саҳифаҳои заррини таърихи ду халқ ҷой гирифт. Аз ин иқдом хурсандии мардуми ду кишвар ҳадду канор надошт. Онҳо бо ашки шодӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. Зеро ба дидори якдигар ташна буданд. Бовар дорам, ки минбаъд халқҳои моро ягон қувва ҷудо карда наметавонад. Мо имрӯз дӯстию рафоқати Ҷомию Навоиро давом медиҳем! То даме, ки нафас мегирем, ҳамчун фарзанди ду миллат барои пешравии кишварҳоямон, таҳкими дӯстӣ аз самими қалб хизмат мекунем!...
... Наврӯза дар охири суханаш намунаи шеъреро, ки бо услуби хоси адабиёти тоҷику ӯзбек –“ширу шакар” навишта шудааст, қироат намуд:
Тожигим ӯзбекка монанд, ӯзбегим тожикмисол,
Халқи ду бир эътиборан, дӯстлиги келтирди шон.
Тӯйи бир, одоти бирдир, аз қадим ҳам, эй рафиқ,
Ҳеҷ хато не, гар бигӯям қалби пайвандли замон.
Аллаҳои модарон як, бир эрур ёр-ёри ҳам,
Ин ду ҳамсоя аҷаб соз, ӯртада йӯқдир гумон.
Пешво Эмомалӣ Раҳмон шуда маҳбуби мо,
Шавкати ду халқ бошад эҳтироми Мирзиё!
Раҳбарони ду давлат, рӯшанфикрон ва меҳмонони сершумори толор аз ҷояшон бархеста, ба шарафи Наврӯза ва ин суханони самимӣ кафкӯбии бардавом карданд. Фикр мекунам, ҳамин лаҳзаи қариб 4 дақиқаина нуқтаи махсус ва фараҳбахши ин мулоқоти таърихӣ гардид. Аслан сухан кай муассир мебарояд? Вақте аз замири қалб бархезад, ҳамчун ифодаи эҳсосоту майлу хоҳиши ҳозирону атрофиён садо диҳад. Оре, суханони дар ҳузури ду Президент ба забоновардаи Наврӯза изҳори ниятҳои холиси мардумони бисёрмиллионнафараи ӯзбеку тоҷик, ифодаи эҳсосоти амиқи халқҳоямон буданд. Беҳуда намегӯянд: “Сухане дошта бош дилпазир”. Аз ин сабаб Президенти мо ӯро алоҳида табрик намуд ва ташаккур гуфт.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин лаҳза чандин рӯз ба объекти “муносибат” табдил ёфт. Ва албатта, аксарият тарҷумаи ҳоли ин духтари хушсуханро донистан мехостанд.
Чанд рӯз пеш мо суроғаи Наврӯза Мамироваро аз Хуҷанд дарёфта, бо ӯ аз тариқи шабакаи телеграми интернет ҳамсуҳбат шудем.
– Ҳангоми сухан гуфтан, пеши назарам аввал сиришки шодии инсонҳое, ки ҳангоми кушодани сарҳадҳо мерехт, падидор шуданд. Зеро ман ҳам мисли ҳазорон одамон солҳои зиёд ба дидори хешовандонам, ки дар Тошканд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон иқомат доранд, муштоқ шуда будам. Бинобар ин ҳар чӣ дар дил доштам, гуфтаму мондам, мегӯяд ӯ. – Аммо асло гумон надоштам, ки ин суханон боиси ин қадар сару садоҳо мешаванд. То ҳол ба ман занг мезананд, менависанд...
Дарвоқеъ, Наврӯза ҳоло намедонист, ки ӯро “сюрприз” интизор аст. Аз он мулоқот дере нагузашта, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба Наврӯза Мамирова ҳадяи қимматбаҳои Президенти Ӯзбекистон ва нишони сарисинагии “Ӯзбекистон белгиси”-ро аз номи Агентии ҷавонони Ӯзбекистон тантанавор супурд.
– Ин эътибор, ба ростӣ, ба ман болу пар бахшид. Ҳамон як суханронӣ ҳаёти маро, ҷаҳонбиниамро дигар кард. Гирифтани туҳфа аз номи Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҳаёти ман воқеаи фаромӯшнопазир аст. Ин эътибор ба ҳамаи ҷавонони Тоҷикистон дахл дорад. Ман ба ин инсони бузургу мардумпарвар арзи сипос менамоям. Дар бобати эҷод бошад, ният дорам ҳамкориро бо ҳамкасбони ӯзбекистонӣ идома дода, “пулҳои” телевизиониро ташкил намоям. Аз кормандони телевизиони Ӯзбекистон Дилдора Рустамоваро устоди маънавии худ медонам. Ба ӯ аз хурдсолӣ ҳавас мекардам ва ҳоло низ.
Бояд гуфт, ки тарҷумаи ҳоли Наврӯза хеле оддист. Соли 1996 дар рӯзи ҷашни Наврӯз дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) дар хонаводаи коргар Собирҷон ва муаллимаи забон ва адабиёти ӯзбек Вилоятхонум ба дунё омадааст. Пас аз хатми бомуваффақияти мактаб ба шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дохил шуд. Ба шавҳар баромад, ду фарзанд дорад. Ҳамсараш Зиёваддин Иноятов соҳибкори пешқадам аст. Ба бахти Наврӯза тобистони соли 2018, яъне баъди фароҳам омадани муносибатҳои неки байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ширкати телевизион ва радиои вилояти Суғд барномаи ӯзбекии “Қадрият” ташкил карда шуд ва Наврӯза – магистранти донишгоҳро ба ҳайси баранда ва журналисти он барнома ба кор қабул карданд.
Ӯ дар барномаи “Қадрият” аз қадр ёфтани мардуми ӯзбекзабони вилоят, эҷоди рӯшанфикрон, намояндагони илму фарҳанг, марказҳои миллии фарҳангӣ, аз рӯзгори инсонҳои оддӣ ҳикоя мекунад. “Қадрият” зуд соҳиби аудитория ва рейтинги хуб шуд. Нақшаҳои Наврӯза хеле зиёданд. Аз ҷумла, ба докторантура дохил шуданист. Мавзӯи кори илмиаш хеле муҳим: “Инъикоси муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар саҳифаҳои рӯзномаҳои ӯзбекии вилояти Суғд (дар мисоли нашрҳои “Суғд ҳақиқати” ва “Маънавият”).
– Осори адибони ӯзбек Ғафур Ғулом, Зулфия, Абдулла Орипов, Эркин Воҳидов, Амон Матчон, Муҳаммад Юсуф ва дигаронро мунтазам мутолиа мекунам, забон ва адабиёти тоҷикро амиқ омӯхта истодаам. Зеро беҳуда намегӯянд: “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ». Бинед, шоири маҳбуби мо Мирзо Турсунзода чӣ қадар оддӣ, вале пурмаъно гуфтаанд:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Мо, ҳангоме ки бо Наврӯза Мамирова суҳбат мекардем, – 24-уми июл дар воситаҳои ахбори оммавии мамлакат натиҷаҳои пурсиши ҷунбиши умумимиллии “Юксалиш” оид ба 15 ислоҳоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки боиси таҳавуллоти бузург шудаанд, эълон гардид. Маълум шуд, ки гурӯҳи коршиносони маҳаллию хориҷӣ барои шаҳрвандон ба роҳ монда шудани муносибатҳои мусолиматомез ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, кушода шудани сарҳадҳоро ба сифати ислоҳоти муҳимтарин арзёбӣ кардаанд. Вақте ин хабарро ба Наврӯза расонидам, ӯ гуфт: – бечунучаро “Ман ҳам дар ҳамин ақидаам”. Оре, ҳамаи мо чунин ақида дорем.
Шоқаҳҳор САЛИМОВ,
шореҳи сиёсӣ.