БА НАХУСТҚАҲРАМОНИ БОКСАМОН САЛОМАТӢ ХОҲОНЕМ

Маълум, ки дар чемпионати ҷаҳон оиди бокс байни мардон, ки нимаи аввали моҳи май дар пойтахти ҷумҳуриамон баргузор гардид, муштзанҳои ӯзбекистонӣ ба комёбиҳои калон ноил шуданд.

Ҷамъ 9 медал (5 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) насиби онҳо шуд. Бинобар нишондодҳои умумии ҷамоавӣ  Ӯзбекистон ҷои аввалро ишғол кард. Онҳое, ки дар бозигоҳи «Ҳумо» набуданд, задухӯрдҳои беҳтарин муштзанҳои дунёро аз тариқи телевизион тамошо карданд. Қалби миллионҳо тамошобинонамон аз ҳаяҷони суруромез лабрез гашт. 
Яке аз собиқадорони бокси мо Руфат Рисқиев, ки ӯро «Паланги Ӯзбекистон» низ номанд,  он рӯзҳо дар беморхона буд. Бо вуҷуди вазнинии ҳол мамнун буд аз муваффақият ва натиҷаҳои хуби боксёронамон. Шояд мӯйсафед (ҳоло 74-сола аст) фикр мекард, ки як вақтҳо ман ҳам чемпиони ҷаҳон шуда будам, дар ин дақиқаҳо, ки пир шуда ва саломатӣ бой додаам, ба хотири касе мерасида бошам?  Ногоҳ дар кушода ва иҷозат пурсида чанд нафар вориди палата шуданд. Яке аз онҳо президенти Ассотсиатсияи байналхалқии бокс (IBA) Умар Кремлев. Ҳолпурсиҳои гарм. Чашми бемор, ки ин «меҳрубони»-ро нигарон набуд, барқ зад. Хориаш ҳам омад, ки барои ҳурмати олиқадроне, ки ба аёдаташ омадаанд, ҳатто аз ҷо хеста наметавонад.
Умар Кремлев ба Руфат Рисқиев тасмаи чемпионӣ ва мукофоти «Ирода ба ғалаба»-ро супурд, ҳамчунин гуфт Шумо то охири умр нафақагири мо. Сари ветерани бокси мо, ки дар солхӯрдагиву беморӣ мушкилоти моддӣ мекашид, ба осмон расид.
Руфат Рисқиев инсонест басо фурӯтан. Тақрибан 20 сол қабл дар қабулхонаи яке аз идораҳо, вақте паҳлуи ҳам нишаста, фаро расидани навбати худро интизорӣ мекашидем, инро амиқ идрок карда будам. Бо сарулибоси одӣ як рустоии нав шаҳришуда ба назар менамуд. Наход ин шахс ҳамон боксёри дараҷаи ҷаҳонӣ, ки шарафи спорти шӯравиро ба дараҷаи баланд бардошта буд? 
Вақте Рисқиев дар рингҳои Гавана (1974) ва Монреал (1976) бозиҳои аҷиб нишон медод, мо бача будем. Гавана ба қалби кӯчакамон олам-олам ҳаяҷону ифтихор бахшид. Нахустин қаҳрамони ҷаҳон оиди бокс аз Ӯзбекистон! Дар забони хурду калон номи Руфат Рисқиев... Шубҳае надоштем дар Бозиҳои тобистонаи олимпии XXI низ, ки ду сол баъд дар Канада рӯйи кор омаданд, Руфати мо чемпион мешавад. Вай рақибонаш аз Финландия, Булғория, Полша ва Кубаро мағлуб намуд. Аз намояндагони шӯравӣ ягона касе буд, ки ба финал баромад. Рақибаш Майл Спинкс аз ИМА. Омад ба рӯйи муштзани амрикоӣ ханда зад. Ба Рисқиев медали нуқраи олимпиро супурданд. Ҷои дувум натиҷаи бад нест, вале дунё ба назари боксёри мо торик буду сахт изтироб мекашид. Тасаллие дилашро намебардошт. Мегуфт бас, бокс – бас, дигар ба ринг намебароям. Ба гуфтаи худ устувор монд, боксро тарк кард...
Хостам дар назди чемпиони ҷаҳон аз фурсат истифода карда...  
Лекин лозим нашумурдам. Гуфтам ягон фурсати дигар, Худо, ки боз ба дидор расонд, саволҳо медиҳам. Мегӯям, ки баъди воқеаи Монреал мои он вақт бача низ сахт мутаассир будем. Бозии финал ҳалол нашуда буд ба назарамон. Бояд Шумо қаҳрамон мешудед...
Руфат Рисқиев соли 1949 дар шаҳраки Оққӯрғони вилояти Тошканд таваллуд ёфтааст. Падараш Асад Рисқиев дар деҳот духтурӣ мекард. Бародараш Алишер таҳти тренерии Сидней Ҷаксон ном варзишгари дар асл амрикоӣ ба бокс машғул мешуд. Алишер Руфатро низ ҳамроҳ ба маҳфили бокс мебурд, машқ мекунонд. Хост додарро низ ба мураббии худ супорад. Сидней Руфатро бо чеҳраи кушод қабул кард. Турниккашӣ ва ба масофаи дуру наздик чӣ тавр давиданашро санҷид. Гуфт  маҳоратат бад нест, лекин бояд бештар машқ кунӣ. Ҳамин тавр, Руфат чанд моҳро бо давидану турниккашӣ гузаронд. Аз тренер напурсид, ки ба ин ҷо барои омӯхтани бокс омадаам, вале ба чӣ кор машғулам? Ниҳоят мураббӣ гуфт акнун туро ба ринг роҳ диҳем мешавад. Он вақт Руфат 12-сола буд. Аз бародари худ Алишер, айни замон, асрори муштзанӣ меомӯхт, ки вай дар ин бобат хеле таҷрибанок буд ва сонитар ба дараҷаи чемпиони республика расид.
Зиндагии бародарони муштзан, ки ҳанӯз ҷавон буданд, акнун дар пойтахт мегузашт. Бо саъйи Алишер додараш Руфат ба сексияи бокси «Буревестник» қабул гашт. Акнун ба вай Борис Гранаткин тренерӣ мекард. Устоду шогирд басо қарин буданд. 
Дар 15-солагии Руфат падараш аз олам гузашт. Хонадон ба мушкилот дучор омад. Б. Гранаткин, ки инсони хуб буд, дар ҳар кор шогирдашро пуштбонӣ менамуд. Руфат ӯро ба ҷои падар мешумурд.
Соли 1966 дар шаҳри Лвов чемпионати мамлакат оид ба бокс байни ҷавонон баргузор гардид. Руфат дар он чемпион шуд. Соли 1970 дар Югославия турнири байналхалқӣ рӯйи кор омад. Руфат медали тиллоиро ба даст овард.
Дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Куба баргузор шуд, аз 45 мамлакат 263 муштзан баҳри чемпионӣ мубориза бурданд. Қаҳрамонӣ, навъе дар боло ишора рафт, ба боксёри мо (дар вазни то 75 килограмм) насиб кард. Руфат Рисқиев моҳи августи соли 1974 аз Гавана бо рӯйи сурх ба ватан баргашт. Унвони фахрӣ доданд: «Ходими хидматнишондодаи варзиши СССР». Ҳамчунин имтиёзи бе навбат харидани автомобили «Волга»-ро молик гашт. Он вақтҳо чӣ қадар касон ин гуна имкониятро зор буданд, солҳои дароз навбатро мунтазир мемонданд. Касоне буданд, ки баробари чемпионӣ бинобар соҳиби «Волга» шуданаш ҳам Руфатро муборакбод намоянд. Вале Руфат «Волга»-ро ҳатто орзу намекард. Пул надошт...
Филмофарони маҳаллӣ бо унвони «Ринг даъват мекунад» бахшида ба фаъолият, роҳи тайкардааш филми ҳуҷҷатӣ офариданд. Нақши асосиро худи қаҳрамони ҷаҳон бозид. Бачаяке аз маҳалла то рингҳои бонуфузи дунё... 
Картина дар ҷашнвораи филмҳо оид ба варзиш, ки соли 1980 дар шаҳри Фрунзе баргузор гардид, ҷои дувумро гирифт. Мукофоти «Беҳтарин нақши мардона» ба Руфат Рисқиев супурда шуд.
Баъдтар дар чанд картинаи дигар низ қаҳрамони лавҳаи мо нақшҳои хурду калон бозид. Вале фаъолияташ дар синамо чандон дер давом накард.
Ассотсиатсияи бокси ҷаҳонӣ соли 1997 ба Ӯзбекистон оиди узвият ба ин созмон сертификат тақдим намуд. Руфат Рисқиев ба ин ассотсиятсия аз наздик ҳамкорӣ ва муддате ба бокси касбӣ дар Осиёи Марказӣ доварӣ кард. Вале сонитар нохубии саломатӣ водошт ба бокси касбӣ низ хайрухуш кунад.
Ёдам ҳаст, соли 1976 дар арафаи Бозиҳои олимпии ХХI яке аз маҷаллаҳо бо Рисқиев суҳбат ташкил ва бо унвони «Монреалро дӯст дошта мондан хоҳам» маводе ба табъ расонд. Вале боксёри мо, бо вуҷуди он ки натиҷааш бад набуд, чаро бо ин қадар афтодадилӣ аз Монреал баргашт ва новақт боксро тарк намуд? Чунки дар бозии финалӣ, назар ба мушоҳидаи баъзеҳо, довар ноҳақӣ кард. Рақиб, ки қадпасттар буд, ба пасти шиками Р. Рисқиев чанд мушт зад, ки ин хилофи қоида. Боксёри мо  маҷбур гашт бо даст ишора созад ба довар, фаҳмонад, ки қоида вайрон мешавад. Вале ӯ инро дигар хел фаҳмид, гумон кард Р. Рисқиев дигар ҳоли идома додани бозиро надорад. Ва дар раунди савум бозиро боздошт. Спинксро ғолиб эълон намуд. Инро ғояти ноадолатӣ пиндошта, Руфат сахт алам ва азияти рӯҳӣ кашид. Ҳанӯз як гӯшаи дилаш маҷрӯҳ.
Дар солҳои истиқлолият Руфат Рисқиев бо ордени «Эл-юрт ҳурмати» тақдир шуд. Аз он ки халқ нахустқаҳрамон ва афсонаи бокси худро ҳурмат мекунад, мамнун ва аз тақдири худ ризост. Ҳамсараш Маъмура ва писаронаш Қудратхоҷаву Саидакрам, духтараш Гулихон дар хидмати вай камарбастаанд.  Бо вуҷуди он ки солҳои дароз  шиканҷаи моддӣ кашид, шикастадил нагашт. Хоссатан рӯҳан дастгирисозии бачаҳое, ки боксёр шуданианд ва дуояш мегиранд, ба вай қувват мебахшад. 
Солҳо инҷониб алайҳи беморӣ мубориза мебарад. Аввал ҷарроҳии чашм ва соли 2016 ҷарроҳии вазнини пойро аз сар гузаронд.         
Ба қаҳрамони худ дар навбати аввал саломатӣ металабем.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: