СОЛИ ОЗМОИШҲОИ ҶИДДӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ ВАСЕЪ БАРОИ НАМОЯНДАГОНИ СОҲАҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА ХӮРОКВОРӢ

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 апрел бахшида ба масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ҷамъомади ведеоселекторӣ баргузор гардид.

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 апрел бахшида ба масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ҷамъомади ведеоселекторӣ баргузор гардид.

Дар шароити кунунии бӯҳрони ҷаҳонӣ ва пандемия кишоварзӣ барои таъмини шуғл ва даромади аҳолӣ, нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ имкониятҳои бештар дорад.

Тибқи иттилои коршиносони байналмилалӣ дар натиҷаи пандемия шумораи одамони гурусна дар ҷаҳон ду баробар афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 600 миллион нафар хоҳад расид.

Кишвари мо барои пурра таъмин намудани талаботи дохилӣ ва зиёд кардани содирот захираҳои калон дорад. Дар тӯли се соли охир ҳамаи масъалаҳои барои афзун гардондани ҳавасмандӣ бобати шағл варзидан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба ибораи дигар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии деҳқонон ва фермерҳо зарурӣ ҳаллу фасл карда шуданд. Акнун, роҳбарони масъул ва деҳқонон бояд барои ба даст овардани ҳосили бештар ва фоида ба тарзи нав кор кунанд.

Соли ҷорӣ барои намояндагони соҳаи кишоварзӣ ва хӯрокворӣ озмоиши ҷиддӣ хоҳад гардид ва ҳамзамон ба онҳо имконияти хуб фароҳам меорад. Новобаста аз чанд вақт давом кардани пандемия ва карантин, талаботи аҳолӣ ба ғизо коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ, вазифаи ду баробар афзун гардондани ҳаҷми тайёркунии маҳсулот дар соҳаи рӯёндани меваву сабзавот ва чорвопарварӣ гузошта мешавад.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар ин самт 55 ноҳияи ба рӯёндани меваву сабзавот ихтисосонидашуда, 86 кластер ва 125 кооператив бояд ҳамчун локомотив амал кунанд. Зарурати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб боғ ва токзор, аз ҷумла масофаи байни қаторҳо, 2-3 маротиба ҳосил гирифтан зикр гардид.

Вазорати кишоварзӣ, Агентии рушди боғдорӣ ва гармхонаҳо ва Агентии рушди токпарварӣ ва шаробпазӣ барои ташкили кишти сабзавот, маҳсулоти полезӣ ва дигар зироат масъул муайян шуданд.

Ба Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода шуд, ки ҳангоми риоя ба қоидаҳои карантин ҳаракати бемонеаи нақлиёти автомобилиро, ки ба соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсолот  сафарбар шудаанд, таъмин намояд.

Барои баланд бардоштани ҳаҷми тайёркунӣ бояд имсол 124 ҳазор гектар замини аз муомилот гирифташуда пурра азхуд карда шавад.

Дар айни замон дар 3 ҳазор гектари ноҳияҳои  Бахмал, 5 ҳазор гектари Кӯшработ, 2 ҳазор гектари аз муомилот баровардашудаи Бешариқ чоҳҳо канда шуда, ба бунёди боғу токзорҳо шурӯъ намуданд. Аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои ба ин монанд дар минтақаҳои дигар, азхудкунии заминҳои лалмӣ таъкид гардид.

Бо ин мақсадҳо аз ҷониби фондҳои Агентии рушди боғдорӣ ва гармхонаҳо ва Агентии рушди токпарварӣ ва шаробпазӣ 300 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Боғу токзорҳои нав ва гармхонаҳо ба аҳолӣ ба мӯҳлати то 7 сол бо давраи имтиёзноки 3-сола ба лизинг дода мешаванд.

Ғайр аз ин, фурӯши заминҳои азхудкардашуда бо ҳуқуқи иҷора ба мӯҳлати 5-10 сол, бо шарти тайёр намудани намуди муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ ба нақша гирифта шудааст. Маблағҳои аз ин ба дастомада барои азхудкунии заминҳои нав истифода мешаванд.

Дар маҷлис мушкилоти таъминот бо тухмӣ ва нуриҳои минералӣ  таҳлил карда шуд.

Ҳоло 25-30 фоизи тухмҳо аз хориҷ оварда шуда, қисми боқимондаро деҳқонон тайёр мекунанд.

Агар дар Чин аз зироатҳои лӯбиёгӣ 30-40 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шавад, пас дар Ӯзбекистон ин рақам аз 20 сентнерӣ зиёд нест ва дар баъзе минтақаҳо ҳатто 7-8 сентнериро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки дар шароити пандемия таваққуф дар таҳвили тухмиҳо қобили қабул нест.

Ҳар сол ба мамлакати мо тақрибан 300 ҳазор тонна картошка, аз ҷумла 10-15 ҳазор тонна тухмӣ ворид карда мешавад. Аз ин рӯ ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Бахмал, Зомин, Шаҳрисабз, Китоб, Янгиқӯрғон, Булунғур, Бӯстонлиқ ба тайёр кардани тухмии картошка махсусонида мешаванд.

Мушкилоти дигар ин аст, ки барои эҳтиёҷоти соҳаи меваю сабзавот 255 ҳазор тонна нурии фосфордор, 290 ҳазор тонна нурии нитроген заруранд. Илова бар ин, фурӯши нуриҳо тавассути биржаҳо барои деҳқонон як қатор мушкилот пеш меорад.

Ба ин муносибат ба ҷамъияти саҳҳомии «Узкимёсаноат» супориш дода шуд, ки дар 55 ноҳияи ба мевавусабзавотпарварӣ махсусонидашуда нуқтаҳои фурӯши нуриҳо ташкил кунад.

– То кишти зироат вақти кам монд. Агар мо ин корро дар тӯли даҳ рӯз ба анҷом нарасонем, пас дер хоҳад шуд. Маблағ набошад, кишт ҳам намешавад, –қайд кард сарвари давлатамон.

Бо дарназардошти ин  супориш дода шуд, ки барои тайёр кардан ва хариди меваю сабзавот системаи алоҳидаи маблағгузорӣ ҷорӣ карда шавад.

Дар нимаи дуюми моҳи апрел ҳосили помидор, бодиринг, кабудиро ҷамъ овардан мумкин, дар моҳи май бошад,  гелос ва зардолу пухта мерасад. 60-70 фоизи содирот ба ҳиссаи ин маҳсулот рост меояд.

Ба шахсони масъул супурда шуд, ки содироти меваю сабзавотро дар қисмати ноҳияҳо ва хоҷагиҳо дақиқ ҳисоб карда, дар муддати кӯтоҳ масъалаҳои ба ин вобастаро, ки метавонанд дар шароити пандемия пайдо шаванд, ҳаллу фасл кунанд.

Дар мамлакати мо ба рушди соҳаи чорводорӣ эътибори махсус дода мешавад. Оиди ба ин соҳа ихтисосонидани  Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканд қарор қабул шуда буд. Механизми беназири ҳавасмандгардонии соҳа ба роҳ монда шуд: ҷудо намудани субсидия ба миқдори то 2 миллион сӯм барои парвариши чорвои зотдор, 400 ҳазор сӯм барои гӯсфанду бузҳои зотӣ ҷорӣ карда шуд. Дар маҳалҳо маҷмӯъҳои замонавии чорводорӣ ба истифода дода мешаванд.

Президент қайд намуд, ки минбаъд дар баробари афзоиш додани истеҳсолот, бояд ҷойи маҳсулоти воридотиро сарпур гардонд.

Вазифаи афзун гардондани шумораи корхонаҳои истеҳсоли хӯроки чорво, кооперативҳои чорводории оилавӣ гузошта шуд. Дар ҳар як вилоят оид ба бурдоқикунӣ ва фурӯши саршумори ҷавонаи чорвои зотӣ хоҷагиҳо  ташкил карда мешаванд.

Мустаҳкам намудани базаи хӯроки чорво ва рушди кооператсия бо ҷалби аҳолӣ дар соҳаи паррандапарварӣ низ талаб карда мешавад.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки таҷрибаи парвариши паррандаҳо дар асоси  кооператсияи соҳибхонаҳо васеъ ҷорӣ карда мешавад. Ҳамзамон, фабрикаҳои паррандапарварӣ оилаҳоро бо чӯҷаҳои серӯза ва ғизо таъмин хоҳанд кард. Баъд аз чил рӯз кооператсия  ба таври мутамарказ гӯшти тайёрро харида мегирад.

Тавре ки маълум аст, барои моҳипарварӣ низ асосҳои зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Соли гузашта дар кишвар 200 ҳазор тонна моҳӣ тайёр карда шуд.

Моҳипарварии интенсивӣ танҳо дар 0,6 фоизи обанборҳои сунъии масоҳаташон 38 ҳазор гектар ташкил карда шудаанд. Гузашта аз ин, сатҳи маҳсулнокии онҳо паст боқӣ мемонад.

Дар маҷлис оиди соли равон то ба 350 ҳазор тонна расондани ҳаҷми моҳитайёркунӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи обанборҳои сунъӣ, рушди моҳипарварии интенсивӣ, ташкил кардани  хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва корхонаҳои азнавкоркард супориш дода шуданд.

Оид ба соҳаи занбӯриасалпарварӣ қайд гардид, ки имсол ҳосили асалро 5 маротиба зиёд карда, барои ин имкониятҳои хоҷагии ҷангал пурра ба кор даровард. Оид ташкили кластерҳои занбӯриасалпарварӣ дар асоси тақсимоти занбӯрҳои асал ба аҳолӣ бо хариди минбаъдаи маҳсулоти истеҳсолшуда вазифаҳо муайян шудаанд.

Яке аз захираҳои таъмини шуғли аҳолии деҳот дар шароити хона ин кирмакпарварӣ мебошад. Бо назардошти соли ҷорӣ парвариш карда шудани 382 ҳазор қуттӣ тухми кирмак, имконияти бо кор таъмин кардани камаш 750 ҳазон нафар фароҳам оварда мешавад.

Ба ассотсиатсияи «Ӯзбекипаксаноат» ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шуд, ки ин корро самаранок ташкил карда, оилаҳоеро, ки ҳосили баланд ба даст овардаанд, ҳавасманд кунанд.

– Дар натиҷаи ин чорабиниҳо мо ҳазорҳо шаҳрвандони худро бо ҷои кор таъмин намуда, даромадашонро зиёд мегардонем. Бозорҳо фаровон хоҳанд шуд. Ҳар як вазир, роҳбари сектор инро аз таҳти дил бояд дарк кунад ва ба саволи: нақши ман дар таъмини бехатарии озуқавории кишвар чӣ гуна аст? аз рӯи виҷдон ҷавоб диҳад – изҳор кард Президент.

Роҳбарони соҳаҳои кишоварзӣ, ҳокимони вилоятҳо оид ба масъалаҳои дар ҷамъомади видеоселекторӣ баррасишуда ҳисобот доданд. Фаъолияти шахсони масъул ва ҳокимони вилоятҳо, ки ба ҳудудҳо вобаста карда шудаанд, дар давраи пандемия аз нуқтаи назари танқидӣ баррасӣ гардиданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: