Суперпадаршӯ

Се наварӯс – дугонаҳо бо ҳамдигар вохӯрданду зуд суҳбаташон шира баст.

Се наварӯс – дугонаҳо бо ҳамдигар вохӯрданду зуд суҳбаташон шира баст. Яке шавҳарашро таърифу тасниф кунад, дигаре хислатҳои ношоями модаршӯяшро ба забон меовард. Сеюмӣ бо даҳони воз суханҳои онҳоро шунида, хап менишаст.
Пас аз гуфтугӯйи тӯлонӣ он ду наварӯс ҳайрон шуда, аз дугонаашон пурсиданд:
– Барои чӣ шумо гап намезанед? Ё асрори оилавиатонро ошкоро кунед, чашм мерасад?
Ҷавонзан нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт:
– Ман нагӯяму шумо нашунавед, дугонаҳо. Дар оила шавҳар ва ё модаршӯ хӯҷаин бошанд, хуб будааст. Аммо дар оилаи мо падаршӯям ҳукмрон. Падаршӯ не, суперпадаршӯ! Баробари корҳои рӯзгор аз тамоми кирдору рафтори келинҳо бохабар. Мо чӣ гуна курта мепӯшем, барои чӣ либоси нав мехарем, худамонро чӣ хел орову торо медиҳем, ба ҳамааш хӯҷаинӣ мекунанд. 
– Наход? Он кас дар куҷо кор мекунанд? – ҳайратомез пурсиданд дугонаҳо.
– Бекор. 
– Ин хел гӯед?! Мардаки бекор оқибат хислати занона мегирад, дугонаҷон.
– Сабри ҷамил мехоҳем, ба шумо.

Роҳи наҷот

– «Ин хел не, мана ин хел», «э ақлатон дар куҷо?» «Ин тавр не, ана ин хел кардан даркор буд», «надонед, пурсед, модаратон ёд надода бошанд, ман ёд медиҳам» ва ба ҳамин монанд аз ҷоғу манаҳи модаршӯям безор шудам. Ба тӯй шуда омаданам аз панҷ сол гузашта бошад ҳам, то ҳол ба ман монанди наварӯсҳо кор меомӯзонанд, – ба хоҳараш шикоят кард ҷавонзан.
– Зиқ нашав, хоҳарҷон. Ҳамаи модаршӯйҳо ҳамин хел. Барои кӣ будани худро нишон додан чунин мекунанд. Модаршӯйи ман ҳам вақти ҷомашӯйӣ ҷони маро мехӯрад. «Сахт-сахт шӯйед», «оби гарм андозед», «мағзоба ба замин нарезад» барин гапҳояш ба ман азёд шудаанд. Лекин ман илоҷи корро ёфтам. Дар вақти либосшӯйӣ, тоза кардани ошхонаву хонаҳо ба гӯшҳоям пахта мемонаму корамро кардан мегирам. Намедонам, ки модаршӯям чиҳо мегӯянд. Аммо аз ҷимистии ман, ки сукут аломати ризост, хотирҷамъ мешавад, – гӯён ба хоҳараш роҳ нишон дод апаи ботаҷрибааш.

Сабақ

Ӯ ҳамеша бекор буд. Вале кисаҳояш пури пул. Аз ҳамин сабаб ҳамроҳи занаш ба хонаи хешу табору ҳамсояҳо меҳмонгардӣ мекард. Мехӯрду менӯшиду боз аз болои одамҳо механдид. Ҳамин тавр зиндагониашро мегузаронд. На парвои хонаву дар дошту на парвои фарзанд. Чунки пули фарзандон дар кисааш.
Аз ин рафтори ӯ фарзандонаш тааҷҷуб мекарданд. Ҳарчанд инро ба падарашон гӯянд, нафъе намебахшид.
Фарзандҳо азоби мусофирӣ мекашиданд. Вале якашон ду намешуд. Додову очаи бефаросат мехӯрданду мепӯшиданду хоб мекарданд ва ба сайру тамошо рафта, меҳнати бачаҳоро барбод дода мегаштанд. 
Оқибат фарзандҳо аз падару модар сабақ гирифтанд: худбинӣ омӯхтанд. Аз хориҷа на пулашон омад, на худашон.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: