Дар суҳбат бо ҷавонон, ки 27 декабри соли 2019 таҳти сарварии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, масъалаҳои иҷрои панҷ ташаббуси аз тарафи сарвари давлат пешбинишуда мавриди муҳокима қарор гирифта буд.
Дар чаҳорчӯбаи ҷамъомад имрӯзҳо дар саросари кишварамон вохӯриҳо ва мулоқотҳои ошкоро бо ҷавонон баргузор мегарданд. Чанде пеш дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Намангон вохӯрии ҳокими вилояти Намангон Хайрулло Бозоров бо ҷавонони вилоят баргузор шуд. Дар вохӯрӣ ҳокими вилоят гуфт, ки дар бунёдкориҳои васеъмиқёсе, ки имрӯзҳо дар ҳудуди вилоят амалӣ мегарданд, саҳми ҷавонон калон аст. Дар ин бобат аз тарафи ҳокимияти вилоят ба ҷавонон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
– Имрӯзҳо маҳз ба туфайли аз ҳисоби сармояи сармоягузорони хориҷӣ қад рост намудани корхонаҳои гуногуни муштарак ва хонаҳои истиқоматӣ вилоят ба майдони бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Барои ҳамин ҳам дар вилоят ба мутахассисони соҳибихтисос аз рӯйи сохтмон, архитектура ва дизайн талабот зиёд аст.
Пули шартномаи 100 нафар ҷавононе, ки аз рӯи ихтисосоҳои номбурда дар таълимгоҳҳои олӣ таҳсил мегиранд, аз ҳисоби буҷаи вилоят гузаронида мешавад. Инчунин, барои 10 нафар ҷавононе, ки дар таълимгоҳҳои олии хориҷӣ таҳсил мегиранд, низ чунин имтиёзҳо дода мешавад, – гуфт ҳокими вилоят.
Барои зиёд кардани шумори соҳибистеъдодони вилоят, ғолибони олимпиада ҳатто бо мошинҳои сабукрав мукофотонида мешаванд. Ҳамаи мактабҳои таълими умумии вилоят бо анҷомҳои мусиқӣ ва китобҳои иловагӣ таъмин карда хоҳад шуд. Барои ҷавонони боистеъдод озмун-азназаргузаронии «Оҳангҳои афсонаҳо» баргузор мегардад. Барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ «Маркази медиа» кушода мешавад.
– Ҷавонони вилоятамон ба ин ғамхориҳои сарвари давлат ва ҳокимияти вилоятамон ҷавоби амалӣ гардонда, дар ҳама соҳаҳо пешсафиро аз даст намедиҳанд, – гуфт раиси Шӯрои Иттифоқи ҷавонони вилояти Намангон Абдулазиз Муъминов.
Чунин вохӯриҳо бо ҳокимони вилоят, ноҳияҳо ва роҳбарони секторҳо идома доранд.
А. МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.