САДОҲО АЗ ЖАРФОИ ТАЪРИХ

(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
профессор.

САДОҲО АЗ ЖАРФОИ ТАЪРИХ 

(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)

(Эссе)

ПЕШГУФТОР

Бузургони фазлу адаб, илму ҳунар, сухану амал! Мо, фарзандони шумо дар садаи ХХI, садаи барои шумо мубҳаму норавшан рӯҳи муқаддас ва абадии шуморо пос медорем, қадр мекунем, ба он арҷ мегузорем. Агарчи ҷисман бо мо нестед, рӯҳи шумо бо мост, он моро ҷон мебахшад. Моро аз шунидани номи шумо, ба қавли Ҳаким Фирдавсӣ, сар ба Парвин мерасад, бо шумо ифтихор мекунем, номи шумо ба мо илҳоми созандагӣ мебахшад. Аммо насли имрӯз, насли асри ХХI ҳам ба насиҳату маслиҳати шумо ниёз дорад, то ки аз сарбастагии ақлонӣ, эҳсоси худпарастӣ, муносибати хашини пинҳонӣ ва ошкоро, мустақим ва ғайримустақими байниҳамдигариро пушти сар карда тавонад. Бе маслиҳати шумо мо дар гирдоби замони пурталотуми иттилоотиву рақамӣ, мушаксозию силоҳи ҳастаӣ, буҳрони шадиди экологӣ, харобии муҳити  зист ва ... сару пойи худро гум кунем. 
Баъзан дар ин ё он кунҷи олам идеяҳои фарсудашуда, бо тобишҳои фиребо ба мисли империалистӣ, миллатгароӣ, қавмгароӣ, экстремистӣ, пантуркистӣ, панэронӣ, евромарказӣ, панславянӣ, бунёдгароӣ, сепаратистӣ ва дигар намуди «пан»-ҳою, «изм»-ҳо аз нав эҳё шуда, мафкураи моро аз ҳамзистӣ, ҳампазироии бародаронаи қавмҳо, миллатҳо, этносҳо, динҳо, аз саодати зиндагӣ ва созандагӣ маҳрум мекунанд. Қавмгароӣ, маҳалгароии асримиёнагӣ дар сиёсат ва давлатдорӣ, бекорӣ ва муҳоҷирати корӣ ва сиёсӣ, то кунун домангири мост. Ба одамон на аз рӯйи ақлу фаросат, қобилияту истеъдод, ҳунару маҳорат, балки бинобар хушомадгӯӣ, тамаллуқкорӣ, чоплусӣ, маҳалгароӣ, ҳамҳизбӣ ва ҳаммаслакӣ баҳо медиҳанд.  
Шумо, бузургони мо, кӣ будани одам, чӣ будани феълу атвори ӯро бо пешомадҳояш амиқ дарк кардед. Мо наслҳои баъдина дар ин бора суханҳои ҷовидонаю пурмазмуну пурарзиши  шуморо ба коми фаромушхӣ надодаем. Аммо бисёр заъфу норасоиҳои ақлонӣ, хулқу одоби эҳсосотӣ дар рафтору кирдори худ дорем. Мо гардиши замон ва давронро наметавонем дар фаъолияту муносибатҳои худ ба назар бигирем; асли моҳияти худро чун миллат дарк кунем;  қувваи эҷодии худро барои хеш ва ҷомеа истифода бубарем; ҳастии моддӣ ва маънавиро  васл созем; ҳамчунин мо назокату шарофати забони форсиро аз даст додаем; ҳувияти худро ба таври бояду шояд ҳифз карда наметавонем; сиёсат ва идеологияро аз маънавият боло медонем; ба ҷудоӣ ва бегонашавӣ хӯ гирифтаем; бадбахтии қавмӣ ва ғами уммати дигаронро чун бадбахтии шахсии худ қабул намекунем; муваффақиятҳои ночизи худро дар назари аҳли олам барҷаста нишон медиҳем; китобхон нестем; бадбахтиҳо ва пасту баландиҳои таърихи худро аз лиҳози манфиатҳои гурӯҳи сохтакор шарҳ медиҳем; ҳамзистиро дар бисёр маврид ба бегонаситезӣ табдил медиҳем; фалсафа ва тафаккури фалсафиро, ки бузургони ақлу хирад ҷавҳари асосии фарҳанг ном бурдаанд, то ҳануз ташаккул надодаем; ба моҳияти танқид ва худтанқидкунӣ, ки ягона василаи поксозӣ ва  беғаразкунии тафаккур аст, сарфаҳм нарафтаем ва мунаққидонро душман меҳисобем; нақди бадеӣ надорем. Хулоса, дар оянда ба кадом офати маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, табиӣ ва экологӣ рӯ ба рӯ мешавем, наметавонем тасаввур кунем.
Бинобар ин ба рӯҳи мубораку поки шумо – Зардушт, Абумансури Дақиқӣ, Абубакри Розӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Абуалии Сино, Умари Хайём муроҷиат мекунем ва маслиҳат мепурсем, то барои бартараф кардани заъфу нотавонии инсоние, ки  номбар кардем, ба мо кумак кунед, моро ба роҳи ростӣ, худшиносӣ ва ахлоқи хуҷаста ҳидоят намоед. 

ПУРСИШ ВА ПОСУХ АЗ ЗАРДУШТИ БУЗУРГ 
(а.VII-VI то милод)

Бузургтарин фарҳангии тоисломии мулки Аҷам ва умуман ақвоми эронӣ. Мо, бошандагони асри ХХI, чи дар кишварҳои Машриқ ва чи дар Мағриб ба шумо эҳтиром дорем. Таълимоти шумо роҷеъ ба одаму олам, табиату анвои он, зиддияти беинтиҳои байни хайру шар, истифодаи оқилона аз лаззоти зиндагӣ, гиромӣ доштани ҳар як лаҳзаи ҳаёт, ростгӯию ростқавлӣ, равандҳои пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек дар асри ХХI ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва мазмуни асосии зиндагии одамӣ талқин мешаванд. Аксар пажуҳишгарони тамаддуни муосири Аврупо шуморо поягузори фарҳанги аврупоӣ маънидод мекунанд ва ба шумо чун асосгузори таълимоти дуалистӣ эҳтиром мегузоранд. 
Ба ин хотир оҳангсозони бузурги Австрия Амадей Мотсарт (1756 - 1791) –  операи «Найи сеҳрнок», Фаронса Жан-Филипп Рамо (1683-1764) – операи «Зардушт», Олмон Рихард Штраус (1864-1919) – симфонияи «Чунин гуфт Заратуштра», файласуфи номии немис Фридрих Нитше (1844 - 1900) асари машҳури худ «Чунин гуфт Зардушт», рассоми барҷастаи итолиёӣ  Рафаэл (1483-1520) акси шуморо офаридаанд. 
Аммо мо – даъвогарон, ворисони афкор ва эҷодиёти умумибашариатон ба поси хотири шумо то кунун ягон кори ҷиддӣ ва чашмрасро анҷом надодаем. Баръакс, таълимоти шуморо сиёҳ мекунем, шуморо нисбати дигар пайғамбарон паст мезанем, пайравони шуморо, ки дар замони мо ангуштшуморанд, таъқибу тавҳин мекунем, баъзеи онҳоро барои ифшои афкорашон ба маҳбас меандозем.
Аммо моро ҳоло на таърихи зиндагӣ ва таълимоти шумо, балки равшан кардани як мушкили барои зиндагии кунунӣ муҳим, ки аз умқи таълимоти шумо сарчашма мегирад, яъне масъалаи ҳифзи муҳити зист, ки ба забони муосири илмии мо экология ном дорад, ба ташвиш овардааст. Чаро мардуми асри мутамаддини кунунӣ, бо вуҷуди рушди беназири илму техникаву технология  ба табиат, ба муҳити зисти худ бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд, аз сарватҳои табиат сарфакорона истифода намебаранд? Чаро барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ ба ҷангу хунрезӣ даст мезананд?
Ман аз  жарфои асрҳо, ба шумо – фарзандони асри ХХI, ки асри рақамӣ, иттилоотӣ, технологӣ, компутерӣ, мушакӣ ном гирифтааст, гуфтаниям, ки пешрафтҳои илмию фарҳангӣ, моддию иқтисодии шумо, барои мо – аҷдоди гузаштаи шумо афсона метобад. Аммо бояд гӯям, ки фирефта нашавед. Ҳар як кашфиёт, хубӣ ва бадӣ, яъне моҳияти Аҳурамаздоиву Аҳримании худро дорад. Муҳим он  аст, ки худро ба табиат муқобил нагузоред, нисбати он  бегонагӣ ихтиёр накунед, зеро ин пайомадҳои ғайримунтазираву номатлуб ба бор хоҳад овард. Хонаи Худоро аз дашту саҳроҳои беоб накобед. Тамоми курраи Замин, саросари дунёро хонаи худ донед. Куҷо наравед, ба Машриқ, ё Мағриб, ба шимол, ё ҷануб, дари хонаи Худо барои шумо боз асту бо меҳри бузурги эзадӣ истиқбол мешавед. Офтобро барои гарм кардани хонаи шумо офаридаанд. «Оташи хубранг» шуморо аз сардӣ, торикӣ, бенавоӣ ҳифозат мекунад. Фақат бо оташ «бозӣ» накунед, онро мисли Прометей – Худои асотирии юнониёни қадим, «надуздед», муқаддас шуморед ва эҳтиром кунед.
Ҳар кас, ки ҳамбастагии зичи инсон ва табиатро нодида гирад, фаромӯш кунад, ё нисбати табиат бемасъулиятӣ зоҳир кунад, ба ҷойи пешрафт ба халои гӯшношунид дучор мегардад. Дар натиҷаи хароб шудани мувозинати эзадӣ дар табиат хушксолӣ, обхезӣ, сӯхтор, зилзила, туфон ва бемориҳои гуногун, ба мисли КОВИД – 19 ва ғайра ба вуқӯъ меоянд. Табиат модари тамоми ҷонзоти олам аст ва бояд чун модар муқаддас дониста шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: