«СОЛНОМА»-И ҲАКИМ ТИРМИЗӢ

Агар соли муш дарояд...

Агар соли муш дарояд...
Донишмандони Аҷам ва ҳакимони Ҳинд ҷаҳонро бо айшу ишрат ва ранҷу машаққат, роҳат ва фароғат, меҳнат ва кулфат, фитна ва фасод, беморӣ ва тансиҳатӣ, гармӣ ва хунукӣ, серӣ ва гуруснагӣ... бисёр дидаву бо назари ибрат муносибат карда, ақл ва дониши худро ба фикр кардан сарф намуда, аз тағйир ёфтани замона дар ғафлат намонда, шабу рӯз офтобу моҳ ва ситораҳоро назорат карда, ҳар яки онҳо чӣ хосият доранд  ва ба чӣ таъсир мерасонанд, таҷриба намуда, ҳар як солро ба ҷонваре нисбат додаанд ва аз таъсири онҳо чӣ зуҳур мешудааст, баён кардаанд:  муш, бақар (гов), паланг, харгӯш, наҳанг, мор, асп, гӯсфанд, ҳамдуна (маймун), мурғ, саг, хук.
Ба ин пораи шеърӣ мутаваҷҷеҳ бошед:
Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор.
В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаю мурғу сагу хук охири кор.
1. Агар соли муш дарояд, зимистони он сол хуб мешавад, аммо дар тобистон бисёр борон борад, ба ҳайвонҳо соли нек шавад, ба дарвешҳо, ғарибҳо ва мардумон хуб бошад. Дар тарафи Шарқ некиҳо ва дар Ғарб фитна бисёр шавад... Ба подшоҳону бекҳо ташвиш бисёр шавад. Ҳоли савдогарон некгардад, дар роҳ дуздон бисёр шаванд, савдогарҳо дар хатар бошанд. Дар баъзе ҷойҳо вабо ояд. Зимистон дароз шавад, дар охири сол хавф ояд, дар байни сол муш бисёр шавад ва ба ғалла зарар расад, дар ин сол аз дуздон ва роҳзанҳо мардум дар тарс бошанд. 
Фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, зирак, хушрӯй ва зебо, хушфеъл ва давлатманд гардад, агар дар байни сол таваллуд шавад, бадкирдор, ҳиллагар ва ҳасадхӯр бошад, агар дар охири сол таваллуд шавад, дурӯғгӯй  ва фиребгар бошад. 
2. Агар соли гов дарояд, дар баъзе ҷойҳо дарди сар ва беморӣ бисёр шавад, зимистон кӯтоҳ, валекин сахт ояд. Ба меваҳо андак офат расад. Дар ҷаҳон фитна бисёр шавад ва ба подшоҳон ташвиш оварад, дар охири сол арзонӣ шавад ва дар мардум тинҷию осудагӣ бошад. Ва ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, доно ва диндор, боандеша, аммо ба кори бегонагон бисёр машғул шавад. Дар байни сол таваллуд шавад, хубрӯй ва шодмон бошад. Дар охири сол таваллуд шавад, ғамнок ва парешонҳол гардад.
3. Агар соли паланг дарояд, дар байни подшоҳон фитна ва адоват бисёр бошад, ҷангу ҷадал ва хунрезӣ бисёр шавад, аз тарафи Ёрон зиддият бисёр шавад, ба чаҳорпоҳо ҳалокат бисёр расад. Дар кӯҳҳо даррандаҳо бисёр шаванд, ба дарёҳо ва заврақҳо зарар бошад ва мева кам шавад, дар охири сол некӣ бисёр мегардад. 
Фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, далер, баҳодур, мард, хубрӯй ва ҳамеша бодавлат ва бузург бошад. Ва ҳар фарзанде, ки дар байни сол таваллуд шавад, кушодарӯй, хушхулқ ва ҳимматбаланд гардад. Ва ҳар фарзанде, ки дар охири сол таваллуд шавад, бадмизоҷ, бадахлоқ, танбал, бемурувват ва бадфеъл бошад.
4. Агар соли харгӯш дарояд, дар ин сол неъмат ва мева бисёр шавад. Зимистон хушк гузарад, дар тобистон заминҷунбӣ ва шамол бошад, дар баъзе ҷойҳо марг расад, хусусан, ба даррандаҳо бисёр офат ояд.
Ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, шитобкор ва сабук, лекин молдор ва бой, бадфеъл ва бовафо бошад. Фарзанде, ки дар байни сол таваллуд шавад, хушхулқ ва хушфеъл бошад. Дар охири сол таваллуд шавад, сергап ва бевафо бошад. 
5. Соли наҳанг (моҳӣ) дарояд, дар ин сол фитна ва фасод бошад, дар байни мардум адоват ва бадӣ бисёр бошад. Ба ҳайвонҳо ҳалокат расад. Зимистон дароз бошад ва дар байни подшоҳон ҷангу ҷадал бисёр шавад... Дар кӯҳу саҳро даррандаҳо бисёр шаванд, ба киштиҳо зарар расад, ҳосили ангур кам шавад.
Ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, далер, ҷасуру нотарс ва хубрӯй, валекин ... бадфеъл бошад, ришу мӯяш тез сафед шавад. Агар дар байни сол таваллуд шавад, хуштабъ ва накӯкирдор бошад. Агар дар охири сол таваллуд шавад, бешарм ва беҳаё, тезкор ва чаққон бошад. 
6. Соли мор дарояд, хушксолӣ шавад, агар зимистон сахт ояд, дарахту токро хунук занад,  ғалла қимат шавад, байни мардум кинаю адоват бисёр шавад. Дар саҳро мор бисёр гардад.
Фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, дурандеш, камсухан, хушфеъл ва хушгуфтор бошад. Агар дар байни сол таваллуд шавад, бадкирдор, бадхулқ бошад. Агар дар охири сол таваллуд шавад, беҳаё ва бевафо бошад. 
7. Агар соли асп дарояд, дар байни подшоҳон ҷангу ҷидол... бисёр шавад.Тобистон ва зимистон миёна, яъне муътадил бошад. Мева ва дон бисёр гардад. Валекин ба ҳайвонҳо каме зарар расад. Зимистон дароз шавад, дарё ва киштиҳоро хуб бошад.
Фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, заҳматкаш бошад, вале донишманд ва боҳикмат гардад. Суханаш ба подшоҳон писанд ояд ва мард бошад. Агар дар байни сол таваллуд шавад, хушфеъл ва хушрафтор гардад. Дар охири сол таваллуд шавад, бадахлоқ, ғамнок, дағал гардад. 
8. Агар соли гӯсфанд дарояд, зимистон дароз ва сахт ояд. Ба дарёҳо, киштиҳо зарар бисёр бошад.  Дар байни мардум беморӣ бисёр шавад, дар байни подшоҳон фитнаю ошӯб сар занад, валекин тез ором шавад. Дар байни халқ хайру эҳсон бисёр гардад.
 Ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, дӯстрӯ, беозор, давлатманд ва бо меҳру бошафқат бошад. Дар охири сол таваллуд шавад, бадхулқ ва саркаш бошад. 
9. Агар соли маймун дарояд,  дар байни мардум ҳилаву найранг, ҳарзагӯӣ ва дуздӣ зиёд мешавад. Зулму ситам ва хиёнат ба амал меояд. Байни ҳайвонҳо: асп ва шутур офат зиёда шуда, зимистонаш кӯтоҳ, валекин сардӣ зиёд мешавад. Байни солхӯрдаҳо меҳру шафқат кам шуда, нисбати раият ситам зиёд шавад. 
Ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, бадрӯй шавад, лекин шоду хуррам ва хушу хандон ва хушфеъл  бошад. Агар фарзанд дар байни сол таваллуд шавад, ҳасадгӯй ва давлатманд гардад. Агар дар охири сол таваллуд шавад, бадфеъл, бевафо ва бевиқор мешавад. 
10. Агар соли мурғ дарояд,  дар ин сол хастагӣ зиёд шавад. Ҳосили зироат бисёр, меҳр-шафқат байни мардум зиёд шуда, вазъи ҳамли занон осон гардад. Аксарият духтар таваллуд шавад. Зимистонаш дароз ояд ва сардӣ камтар шавад. Байни подшоҳон сулҳу салоҳ ва адолат барқарор ва вазъи савдогар бисёр хуб гардад.   
Ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд  шавад, зебо, хушфеъл, зирак ва хоксор гардад. Агар фарзанд дар байни сол таваллуд шавад, бадхулқ ва мардумозор  бошад,  аммо агар дар охири сол таваллуд шавад,  саховатпеша, меҳмондӯст, нек ва ботааммул бошад. 
11. Агар соли саг дарояд, нарху наво қимат шавад, зимистонаш дароз ва сард шуда, дар баъзе мавзеъҳо вабо ва беморӣ паҳн гардад. Дар байни подшоҳон фитна ва мубориза бархезад. Байни мардум дуздӣ, золимӣ  ва авбошӣ авҷ гирад. 
Ҳар фарзанде, ки дар аввали ин сол таваллуд мешавад, бадфеъл, бадхӯ ва суханчин, ҳарис ва чашмгурусна бошад. Дар байни сол таваллуд шавад, зирак, доно ва ҷангҷӯй бошад. Агар фарзанд дар охири сол таваллуд шавад, далер, мард ва қаноатманд гардад.  
12. Агар соли хук дарояд, байни солхӯрдагон  беморӣ зиёд гардад. Миёни подшоҳон хилоф, фитна ва муҳорибаҳо зиёд шавад. Гандум қимат шуда, миёни одамон бодиянишинӣ, хавфу хатар, дуздиву роҳзаниву золимӣ зиёд гардад. Зимистонаш барвақт омада, дарозмуддат шавад. Ба гӯсфандон офат ояд. 
Ҳар фарзанде, ки дар аввали ин сол таваллуд шавад, худрой, худписанд ва худбин бошад. Агар дар байни сол таваллуд шавад фиребгар, дар охири сол таваллуд шавад, бадтабъ ва ҳарис, ноором бошад ва  ба сафар баромаданро зиёд дӯст дорад. 

Тарҷумаи Асрориддин САМИЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: