Шукруллоҳ зода ва парвардаи деҳаи Гулободи ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё мебошад.
Аз хурдсолӣ шеър машқ мекунад. Ҳарчанд имконияти биноияш маҳдуд аст, дар вақти холӣ аз китоб сар набардошта, ба мутолиа дода мешавад. Дидаи дилаш бинотар аз дидаи дили онҳое, ки бо чашмони сар дунё дида, вале гоҳо зебоиҳои онро дарк карда наметавонанд, ба қадри саломатӣ намерасанд, ба телефонҳои мобилӣ шабу рӯз зеҳн монда, нури чашмро, ки ламъае аз нури Илоҳист, беҳуда сарф мекунанд.
Дар ботини зебоипарвари Шукруллоҳ гоҳо ҳисҳое ба ҷунбиш омада, вомедоранд қалам ва коғаз ба даст гирад, манзараҳои нотакрори пеши назари қалбаш рӯйдодаро ба дафтар кӯчонад. Намунаҳо аз чакидаҳои қаламиаш дар рӯзномаҳои «Бохтар», «Ховар», «Халқ ва ҳаёт», «Бекаҷон», нашрияи электронии «Сабзманиш»-и Бунёди ҷаҳонии сухангустарони Эрон ва ҳоказо ба табъ расидаанд. Шеърҳои дар маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» эълоннамудааш низ писанди дӯстдорони шеъру сухан шуданд.
Инак, Шукруллоҳ дар пайраҳаи эҷод ҷиддитар қадам ниҳод ва аввалин дафтари ашъорашро ба чоп омода намуд.
Нашриёти «Ёш авлод матбаа» маҷмӯъаро бо унвони «Товуси хаёл» аз чоп баровард, ки 72 саҳифаро фаро гирифтааст. Ба маҷмӯъа, ки таҳти назар ва пешгуфтори устоди Донишгоҳи давлатии ховаршиносии Тошканд Ҷаъфар Холмӯъминов рӯйи дунё шудааст, дотсенти Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон Наргис Шоалиева тақриз навиштааст.
Навъе дар аннотатсия қайд гардида, қаламиҳои шоири ҷавони тоҷик Шукруллоҳи Сироҷ хеле вақт инҷониб ба қалби дӯстдорони назм рӯшноӣ мебахшанд, аз сурудаҳои ӯ накҳати умед ба фардо, атри шукру сипос ба неъматҳои бешумори Парвардгор, шамими ишқу муҳаббат ба аҳли башар ва забони модариву хоки падарӣ ба машом мерасад.
Самимитарин шеърҳои Шукруллоҳ ба падар ва модар, ки дари калидҳои ҷаннат ба фарзанд мебошанд, бахшида шудаанд.
«Қасидаи забони модарӣ»-аш низ хеле таъсирбахш. Ғазали «Омӯзгор»-и шоири ҷавон бо ин гуна байтҳои ҷолиб оғоз меёбанд:
Сад сипос, эй номи покат пир ҳам
омӯзгор,
Эй мисоли қиблагоҳам шаҳсутуни рӯзгор.
Мо зи ту омӯхтем илму адаб,
шеъру сухан,
Эй ба боғи илму маънӣ боғбону боғдор!
Мо суханвари умедбахш Шукруллоҳро ба маҷмӯаи нахустин муборакбод мегӯем ва орзу менамоем аз шеър то шеър, аз дафтар то дафтар нумӯъ ва сарсабзии тоза ёбад, ба адабиёту шеърият, ба халқи илму адабпарвараш хидмати сазовор намояд.
Ш. МУҲАММАД.