Шаҳри Зарфшон, ки бо номи шаҳри Кончиҳо машҳур аст, рӯз аз рӯз шукӯҳи нав пайдо мекунад.
Биноҳои нав қомат афрохта, боғҳои истироҳатии пур аз фаввора бунёд мегарданд. Чанде пеш барои бачаҳои маъюб бинои нави муассисаи таълими томактабӣ ба истифода дода шуд. Бунёди биноҳои нав идома дорад. Ин ҷараён дар стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 ифодаи худро ёфтааст.
Дар айни ҳол бинои нави мактаб-интернати ихтисосонидашуда барои 504 нафар толибилм дар арафаи ба истифода супоридан аст. Бино аз ҳафт блок иборат буда, се ошёна дорад. Даҳ коттеҷ ба сифати хобгоҳ пурра таъмир гардида, майдончаи варзишӣ омодаи истифода аст.
Дар бунёди мактаб беш аз 140 нафар коргарони идораи сохтмони шаҳр фаъолият дошта, даҳ техникаи сохтмони мавриди истифода қарор дорад.
Бинои мактаб то оғози соли хониши нав ба истифода дода мешавад. Дар мактаб китобхона, синфхонаҳои компутерӣ, хонаҳо барои маҳфилҳои омӯзиши касбу ҳунар мавҷуд аст. Бинои нав дар ташаккули насли наврас хидмат мекунад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.