МАКТАБҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ – ИМКОНИЯТИ БУЗУРГ БАРОИ БАЧАҲО

Мактабҳои президентӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат дар минтақаҳои мухталифи кишвар бунёд шудаанд, аллакай сазовори бовариву эътирофи мардум, падару модарон, омӯзгорону хонандагон гардидаанд.

Дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани  қабул ба мактабҳои низоми Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ директори агентӣ Ҳилола УМАРОВА   ба мо нақл кард.
– Дар ислоҳоти густурдае, ки дар мамлакати мо амалӣ карда мешавад, дигаргуниҳои куллии мусбат дар соҳаи маориф мавқеи хоса доранд. Мактабҳои президентӣ, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар бо ташаббуси Президент соли 2019 таъсис дода шудаанд, мисоли равшани эътибори амалие мебошад, ки мувофиқи андозаҳои байналмилалӣ  ба таълими пурра гирифтани ҷавонон дода мешавад. Агар солҳои аввал ба ин мактабҳо 30 ҳазор нафар наврасон муроҷиат карда бошанд, соли гузашта шумораи онҳо 103 ҳазор нафарро ташкил дод. 14 апрели соли 2022 Фармони Президент «Дар бораи васеъ намудани шабакаи мактабҳои тахассусӣ дар назди Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ» ба имзо расид. Мувофиқи ҳуҷҷат дар низоми Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ созмон додани 193 мактаби махсус пешбинӣ шудааст.  Дар соли таҳсили 2022/2023 таъсиси 168 чунин мактаб ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли таҳсили 2022/2023 қабул ба мактабҳои Агентӣ аз рӯйи фанҳои дақиқ дар синфҳои 5-11, табиӣ дар синфҳои 7-11, дар солҳои минбаъдаи таҳсил дар синфҳои 5 ва 7 сурат мегирад. 
Қабули хонандагон ба мактабҳои Агентӣ дар асоси натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ аз фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, забонҳои хо-риҷӣ ва тафаккури мантиқӣ сурат мегирад.
Дар мавриди имтиёзҳо барои қабул ба мактабҳои низоми Агентӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ибтидоӣ, ки ғолиби марҳилаи сеюми (минтақавии) фанни асосӣ, олимпиадаҳои байналмилалӣ ё минтақавӣ гардидаанд, рӯйхаташон аз тарафи Агентӣ тасдиқ шудаанд, барои таҳсил ба мактабҳои Агентии дар минтақаи таҳсили онҳо воқеъгардида бе имтиҳонҳои қабул дар доираи параметрҳои умумии қабул қабул карда мешаванд.
Дар рафти таҳсил дар ҳамкорӣ бо Cambridge Asses-sment International Education таҷрибаи баҳодиҳии донишу малакаи донишҷӯён ва омӯзгорон аз фанҳои STEAM ва ба онҳо додани сертификатҳои байналмилалии AS ва A-LEVEL мутобиқи талаботи барномаҳои байналмилалӣ (International Advanced Levels) ба роҳ монда мешавад. 
Бояд гуфт, ки дар мактабҳои нави тахассусӣ дар баробари фанҳои дақиқ ва табиӣ, таърихи Ӯзбекистон низ амиқ таълим дода мешавад. Инчунин, ташкил намудани курсҳои иловагӣ оид ба интеллекти сунъӣ, робототехника, технологияи кишоварзӣ, нанотехнология, биотехнология, IELTS, TOEFL ва SAT ба нақша гирифта шудааст.
Дар мактабҳои нави махсусгардондашуда, ки дар вилоятҳо ташкил карда мешаванд, ҳамин талаботу шароит муҳайё карда мешаванд. Хонандагон ба мактабҳои махсус танҳо аз рӯйи ҷойи воқеи мактаби таълими ҳамагонӣ, ки дар он таҳсил мегиранд, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд қабул карда мешаванд.  
Дар соли хониши ҷорӣ барои синфи 5-уми ҳар як мактаби президентӣ 24 нафар ва дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 336 нафар талаба интихоб карда мешаванд. Онҳое, ки ба мактабҳои президентӣ дохил шудан мехоҳанд, бояд аз фанҳои математика ва табиӣ дар соли таҳсили 2021-2022 баҳои “аъло” дошта бошанд. Ҳуҷҷатҳо дар тартиби онлайн аз 1 то 20 июни соли ҷорӣ ба воситаи сайти аrizа.piima.uz қабул карда мешавад.
Мувофиқи бандҳои 11-28-уми қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон  аз 5 майи соли 2022 “Дар бораи тасдиқи Низом дар бораи мактаб-интернатҳои махсус ва мактабҳои махсусонидашуда дар низоми Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ” қабули хонандагон ба мактабҳои махсусонидашуда бинобар натиҷаҳои имтиҳонҳои қабул  аз фанҳои табиӣ ва дақиқ, забони англисӣ ва тафаккури мантиқӣ сурат мегирад. Шумораи талабагон дар ҳар як синф набояд аз 24 нафар зиёд бошад.
Дар 9 минтақа мактабҳои эҷодӣ ташкил карда шудаанд ва довталабон метавонанд ба мактаби дилхоҳи эҷодии интихобкардаашон ҳуҷҷат супоранд. Қабул аз 1 то 20 июни соли ҷорӣ ба тариқи онлайн сурат мегирад. 
Маълумотҳои шиноснома, рақами телефон, манзили почтаи электронӣ ва тасдиқи шиносоӣ бо офертаи номзадҳо ё волидони ӯ, дигар намояндагони қонунӣ талаб карда мешавад. 
Бояд гуфт, ки донишандӯзон имкон доранд, ки дар як вақт ба мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва тахассусӣ ҳуҷҷат супоранд. Ҳуҷҷатҳо ба ҳамаи мактабҳо бинобар манзили http://ariza.piima.uz/ тақдим карда мешаванд. Дар соли таҳсили 2022/2023 қабул ба тамоми мактабҳои эҷодии системаи Агентӣ дар синфи 7 сурат мегирад. Ҳамин тариқ, дар доираи квота ба мактабҳои эҷодии ба номи Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов,  Муҳаммад Ризо Огаҳӣ,  Ҳалима Худойбердиева,  Абдулло Қодирӣ, Муҳаммад Юсуф,  Ҳамид Олимҷон ва Зулфия, Иброим Юсупов 40 нафарӣ қабул карда мешаванд. Ба мактаби эҷодии Исҳоқхон Ибрат 20 нафар талаба қабул карда мешавад. Пас аз ба итмом расидани соли хониш, квотаҳои қабули мактабҳо вобаста ба шумораи хонандагон метавонанд тағйир ёбанд. 

Суҳбаторо
Назокат УСМОНОВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: