Президенти Ӯзбекистон бо Пешвои олии динии Эрон оятуллоҳ Сайид Алии Ҳуманаӣ мулоқот кард

Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Пешвои олии динии Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Сайид Алии Ҳуманаӣ мулоқот кард.

Сарвари давлатамон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии самимонаи ҳайати Ӯзбекистон дар сарзамини Эрон изҳори сипос намуд.

Зимни суҳбати дӯстона ва ошкоро ҷонибҳо ба рушд ва таҳкими робитаҳои дуҷониба таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тадбирҳои ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Эрон пешбинишударо баррасӣ карданд.

Умумияти фарҳангию таърихии ду халқ, ки дар тӯли асрҳои зиёд ба даст омадааст, махсусан таъкид гардид.

Ҷонибҳо динамикаи рӯзафзуни робитаҳоро бо қаноатмандӣ қайд намуда, зарурати татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки ояндадорро таъкид намуданд.

Қадамҳои амалӣ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, инноватсия ва технологияҳои олӣ, сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, нақлиёту коммуникатсия, сайёҳӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ қайд карда шуданд.

Оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Мулоқот дар фазои гарму эътимодбахши муколамаи созанда гузашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: