Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи барномаи сафари корӣ ба шаҳри Пекин дар қароргоҳи худ раиси ширкати «State Grid» Син Баоанро ба ҳузур пазируфт.
Корпоратсияи шабакаи барқии Чин ширкати пешбари ҷаҳонӣ дар соҳа буда, дар рейтинги Fortune Global 500 мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Дар татбиқи лоиҳаҳои азими сохтмон ва истифодабарии шабакаҳои интиқоли барқ, аз ҷумла дар кишварҳои хориҷӣ таҷрибаи бой дорад. Дороиҳо ба 800 миллиард доллар мерасад.
Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои ояндадор бо ин ширкати чинӣ, аз ҷумла бунёди хатҳои баландшиддати барқ ва таҷдиди иншооти зерсохторӣ, бо ҷорӣ намудани қарорҳои пешрафтаи муҳандисӣ ва технологияҳои баланд баррасӣ шуданд.
Ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос барои саноати энергетикии кишвари мо диққати махсус дода шуд.
Дар бораи қабули «харитаи роҳ» оид ба тезонидани лоиҳаҳои муштарак созиш ҳосил гардид.