МУҲОҶИРОНИ КОРӢ БОЯД ДАР ДОИРАИ ҚОНУН МАШҒУЛИ КОР ШАВАНД

Чунин ба назар мерасад, ки баъди моҳи июн дар Русия муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ватанашон гуселонда мешаванд.

Чунин ба назар мерасад, ки баъди моҳи июн дар Русия муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ватанашон гуселонда мешаванд. Дар шумори умумии муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ 322 ҳазор шаҳрванди кишвари мо низ ҳастанд. Вазорати корҳои дохилии Русия эълом доштааст, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ то 15 июни соли равон қаламрави ин кишварро тарк кунанд, дар акси ҳол онҳо иҷборан ихроҷ карда мешаванд.
Ин масъала дар Иттиҳодияи байнипарлумонии ИДМ низ баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳар як мамлакат ба шаҳрвандони худ тавзеҳ диҳад, ки дар доираи қонун ба Русия омада, машғули кор шаванд. 
Ин иттилоъро Агентии муҳоҷирати кории Ӯзбекистон тасдиқ намудааст ва дар пайи он афтодааст, ки ин муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба рӯйхат гирифта шаванд ва барои дар доираи қонун идома додани кори худ ҳуҷҷатҳояшонро расмӣ намоянд. Ба таври расмӣ муаррифӣ шудани муҳоҷирони корӣ онҳоро аз ихроҷи ногаҳонӣ ва сабти ном дар шӯъбаҳои корҳои дохилии Русия раҳо мекунад.
Дар ин миён Агентии муҳоҷирати кории мамлакатамон аз тариқи шабакаи телеграми худ тавзеҳ додааст, ки Русия ба манзури он ки шаҳрвандони Ӯзбекистон ба мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд, талош дорад, ки онҳо ба ҳайси муҳоҷир мақоми қонуниро касб намоянд. Бино ба ин агентӣ моҳи апрели соли гузашта президенти Русия “Дар бораи чорабиниҳо оид ба пахши хавфи инфексияи коронавируси нав муайян намудани мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ дар Русия”  фармонеро содир намудааст.
Дар доираи ин фармон Вазорати корҳои дохилии ФР дар ҳамкорӣ бо корпусҳои дипломатии Ӯзбекистон муқими ин кишвар ба беш аз панҷоҳ ҳазор нафар муҳоҷири муваққатии кории мо мақоми қонунӣ эҳдо кардааст. Дар айни ҳол низ бар асоси ин қонун шаҳрвандони мо метавонанд то 15 июни соли равон ҳузури худро аз муваққатӣ ба мақоми қонунӣ табдил диҳанд. 
Чунин имконият мусоидат хоҳад кард, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони кории ӯзбекистонӣ дар Русия ба муҳоҷирони кории расмӣ табдил ёбанд. Барои ҳамин Вазорати корҳои дохилии Русия бо ҳамкории корпусҳои дипломатии Ӯзбекистон феҳрасти ҳудуди 300 ҳазор нафар шаҳрванди кишварамонро тартиб кардаанд. 
Тавре ки дастандаркорони Агентии муҳоҷирати кории Ӯзбекистон таъкид меварзанд, дар айни ҳол ин фармони Президенти Русия дар минтақаҳо ва маҳалҳои гуногуни соири шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон, ё ба истилоҳ маҳалла ба маҳалла ва хона ба хона шарҳу тафсир карда мешавад ва ба муҳоҷирони оянда роҳҳои қонунӣ намудани ҳузурашон дар Русия тавзеҳ мегардад. 
Маълум мешавад, ки ин корҳо низ самараи худро ба бор меоваранд. То кунун беш аз 200 ҳазор шаҳрвандони кишварамон аз ин қонун ва қоидаҳо огоҳ карда шудаанд. Ин раванд муваффақона идома пайдо кардааст. Он муҳоҷирони корӣ, ки аз Ӯзбекистон ба Русия барои кор рафтаанд ва ҳанӯз расман муаррифӣ нашудаанд, метавонанд ба идораҳои корҳои дохилии минтақаву шаҳри наздик раванд ва расман муроҷиат карда, ҳуқуқи қонуниашонро ба даст оваранд.
Муҳоҷирони корӣ бояд донанд, ки барои чунин муроҷиат ба онҳо ягон мушкилоти дигар рӯйи кор нахоҳад омад, зеро дар саросари Русия аз ин фармони раисиҷумҳур В.Путин огоҳ мебошанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: