ҲАҶМИ САРМОЯИ КУРИЁ БА ӮЗБЕКИСТОН АЗ 7 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ГУЗАШТ

Мубодилаи иқтисодӣ ва фаъолияти сармоявӣ байни Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ вусъат ёфта, ҳамкорӣ ба зинаи нав баромад.

Ҳаҷми сармоягузорӣ аз Куриё ба Ӯзбекистон беш аз 7 миллиард долларро ташкил додааст. Дар мамлакати мо бо шарикони кореягӣ қариб ҳазор корхонаи муштарак ташкил карда шудааст.
Лоиҳаҳои амалишуда барои ҳарду кишвар баробар фоидаоваранд.
Ин дар Сенати Олий Маҷлис – ҳангоми мулоқот бо муовини якуми раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Куриё – Ӯзбекистон алоҳида таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси Сенат Т. Норбоева нахуст ба тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба Куриёи Ҷанубӣ ҳосил шуда буданд, таваҷҷуҳ кард.
Аз ҷумла, як қатор масъалаҳои дигар, аз қабили ҷорӣ намудани лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, таъсиси маҷмӯи коркарди партови сахти маишӣ дар заминаи партовгоҳҳо, роҳандозии фаъолияти ширкатҳои муштараки нақлиётию логистикӣ, дастгирии таҳсилоти занон муфассал баррасӣ шуданд. 
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва ҷалби ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Куриё ба Ӯзбекистон табодули афкор намуданд.
Ким Чанг Кеон қайд кард, ки тоҷирони Куриёи Ҷанубӣ ба сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон таваҷҷуҳ доранд. Таъкид гардид, ки дар кишвар барои рушди соҳибкории хурду миёна ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзии кишвар ба ҷуз Куриё ба Ҷопон ва Чин имкониятҳои  васеъ мавҷуд аст.
Дар ҷараёни муколамаи созанда ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ идома диҳанд.

Норгул АБДУРАИМОВА,
 мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: