«МЕРОСИ ПАДАР ХОҲӢ КАСБИ ПАДАР ОМӮЗ»

Муҳити оила ба фарзандон бетаъсир намемонад.

Басо омӯзгоронеро медонем, ки ба падари худ ҳавас намуда, ин пешаро интихоб кардаанд. Мо ҳоло як-як дар бораи чунин сулолаи омӯзгорон чанд  сухан гуфтанием.
Дар деҳаи Моҷарм омӯзгори шодравон Қирон Ханҷаровро дар вақти зиндагиаш одамон ҳамчун як тан аз омӯзгорони фидоӣ ва маърифатдӯст эҳтиром мекарданд. Дар оила якчанд нафар фарзандон аз пайи ӯ рафтанд. Ҳоло фарзандону наберагонаш дар деҳаи Моҷарм ва мактабҳои дигар омӯзгоранд. Ба насли наврас дарсу савод меомӯзонанд. 
Оилаи Шарифовҳоро дар деҳаи Порашт ҳамчун афроди маърифатнок ном мебаранд. Аз ин оила ҳам чанд тан омӯзгорӣ мекунанд. Ҳофизу Холмурод аз пайроҳаи падарашон қадам ниҳодаанд.
Аълочии таълими халқи ҷумҳурӣ Сарабек Йӯлдошев умре омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик буд.  Ҳоло даври пирӣ меронад. Писарону наберагон аз роҳи паймудаи ӯ ибрат гирифта, ин пешаи шарафнокро интихоб карда, ба худ мақбул донистанд. Дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳаи Ӯхм фаъолият доранд.
Баробари ин оилаи Махсадовҳоро ҳам метавон мисол овард. Омӯзгори фанҳои забону адабиёти тоҷик Тӯймурод Махсадов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мебошад. Ҳоло дар паҳлӯяш ду писараш – Хушнуду Эраҷ ва ҷиянаш Рамазон ҳам дар мактаб меҳнат мекунанд.
Шодравон Маъмур Маҳкамов ҳам омӯзгор буду донандаи каломи бадеъ. Имрӯзҳо «асои пир – ба ҷойи пир» – писаронаш Учқуну Қурбон дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 49 фаъолият пеш мебаранду касби омӯзгории падари худро идома медиҳанд.
«Мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз» гуфтаанд, ки ҳақ асту рост, зеро:
Муаллим устоди аввалин аст, 
Сафобахшанда дар рӯйи замин аст.
Диҳад илму адаб бар насли наврас,
Бузургии муаллим дар ҳамин аст.
Муаллим ин соҳиби пешаест, ки садҳо нафарро устодӣ бинмудааст. Солҳо дар чеҳрааш осор гузоштаасту дар қалби дардошною маърифатдӯсташ дард. Ба рӯяш ожанг дамидааст. Тори асабҳояш таранганд, чун тори рубоб. Ба мӯйҳояш аз  ноқобилии  шогирдон кайҳо сафедӣ давидааст. Бо вуҷуди ин ҳама ӯ касбашро хеле дӯст медорад.
Меҳр дар дили санг, устод,
Дилатон пур аз номусу нанг, устод.
Чу шогирдҳот қобил наоянд,
Ба рӯят медамад ожанг, устод.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: