Президентҳои Ўзбекистон ва Индонезия масъалаҳои актуалии рӯзномаи дутарафаро муҳокима карданд

Дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағирёбии иқлим, ки дар Дубай баргузор мегардад, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Индонезия Ҷоко Видодо мулоқот кард.

Масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Индонезия баррасӣ шуданд.

Фаъолшавии мубодилаи мутақобила дар тамоми сатҳҳо ва динамикаи баланди рушди гардиши молии дуҷониба бо қаноатмандии хоса қайд карда шуд.

Манфиатдории тарафайн ба андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла тавассути қабули "харитаи роҳ" дар соҳаи иқтисод изҳор карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: