«ЧУН ШЕР БА ЗИДДИ ШЕР БОЯД РАЗМИД»

10 феврали ҳамин сол сарвари давлатамон ба Самарқанд ташриф оварда, баробари шиносоӣ бо корҳои бунёдкории вилоят, ба масъалаҳои рушди варзиш низ диққати махсус дод.

Бо ҳамин муносибат мо бо ҷонишини сардори Садорати сайёҳӣ ва варзиши вилояти Самарқанд Шуҳрат РӮЗИЕВ суҳбат оростем.

– Тобистони соли гузашта дар пойтахти Ҷопон – Токио Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор гардиданд. Дар мусобиқаҳо аз рӯи 17 намуди варзиш беш аз 70 нафар намояндагони мамлакатамон, аз ҷумла чанд нафар самарқандиён ҳам бомуваффақият иштирок карданд, – гуфт Шуҳрат  Ӯроқович. — Президент бо варзишгарон ва мураббиёне, ки дар ин Бозиҳо иштирок намуданд, вохӯрда, онҳоро бо комёбиҳои назаррас табрик гуфт ва аз ҷиҳати маънавию моддӣ рағбатнок сохт. 
– Олимпиада майдони ҳақиқии санҷиши мардонагиву матонат, талошҳои ҳалолу ҷиддӣ гардид, – иброз дошт сарвари давлат ҳангоми вохӯрӣ. — Мир Алишери Навоӣ дуруст фармудааст, ки “чун шер ба зидди шер бояд размид”.
Воқеан, варзишгарони мо бо рақибони машҳури ҷаҳон мардонавор талош карда, ба комёбиҳо соҳиб шуданд.
– Ҳоло дар Самарқанд чанд нафар бо варзиш машғуланд? 
– Аз рӯи маълумоте, ки дар даст дорем, алҳол дар вилояти мо 145 ҳазор нафар ҷавонон бо 50 намуди варзиш машғул мебошанд, ки дар байни онҳо чемпионҳои Осиё ва ҷаҳон низ ҳастанд. Соли гузашта 1168 нафар самарқандиён шарафи Ӯзбекистонро дар мусобиқаҳои гуногуни байналхалқӣ ҳимоя карданд.
– Аз расонаҳои ахбор маълум аст, ки сарвари давлат ва сипас Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба оммавӣ намудани варзиш ҷамъомади видеоселекторӣ гузаронидаанд.
– Моҳи декабри соли гузашта Сарвазир Абдулло Арипов дар чунин тадбир мо, самарқандиёнро зери тозиёнаи танқид гирифта буд. Собиқ директори коллеҷи варзиши захираҳои олимпии Тайлоқ аз вазифа сабукдӯш карда шуд, ба ҷойи ӯ иштирокчии олимпиадаи Пекин, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо, устоди байналхалқии варзиш Ӯткур Қурбонов раҳбар таъин гардид, ки аллакай ба ташаббусҳои нек даст задааст. Мо муаммоҳои марбут ба ин коллеҷро ҳал карда истодаем.
– Чанде пеш дар деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд шоҳиди бунёди «пайраҳаи саломатӣ» шудем.
– То имрӯз дар  атрофи шаҳри Самарқанд 110 километр пайроҳаҳо барои ҳаракати велосипед ва 125 километр «пайраҳаи саломатӣ» сохта шудаанд.
Мақсади асосии мо ба варзиш ҷалб кардани мардум аст.
Ҳоли ҳозир дар вилояти Самарқанд 5654-то иншооти варзишӣ амал мекунанд. Дар онҳо варзишгарон тайёрӣ мебинанд, то ки иштирокчиёни Олимпиадаи тобистонаи Париж шаванд. Хурсандиовар аст, ки 23 нафар бинобар 9 намуди варзиш аллакай ба рӯйхат гирифта шудаанд.
– Дар вилояти Самарқанд барои инкишоф додани варзиш ва беҳтар намудани тарзи ҳаёти солим чӣ гуна тадбирҳо андешида шудаанд?
– Аз панҷуми январ то панҷуми феврали соли равон барои фаъолнокии мардум тадбири «Барои ҳаёти солим ҳар рӯз 10 ҳазор қадам!»  баргузор шуд, ки дар он беш аз 120 ҳазор нафар шахсони синну солашон гуногун ширкат варзиданд.
Барои рағбатноксозии пиёдагардҳо 100 миллион сӯм маблағ ва 1000 адад велосипед ҷудо кардем.
– Шоҳмотро «гимнастикаи ақл» мегӯянд. Чӣ бояд кард, ки сафи гроссмейстерҳо дар Самарқанд боз ҳам зиёд гардад?
– Дар асоси қарори Президенти мамлакат доир ба чорабиниҳои минбаъд инкишоф додани шатранҷ дар як ҳазору дусад маҳаллаи вилоят мусобиқаҳои шоҳмот ташкил гардида, ғолибон бо мукофотҳои гуногун тақдир карда шуданд.
Ҳама хабар доранд, ки гроссмейстери ҷавони байналхалқӣ Нодирбек Абдусатторов дар пойтахти Полша – шаҳри Варшава чемпиони ҷаҳон Магнус Карлсонро дар шоҳмоти зудамал мағлуб сохт.
Фарзанди Самарқанд, писари гроссмейстери байналхалқӣ Тоҳир Воҳидов гроссмейстер Ҷаҳонгир Воҳидов дар мамлакатамон ҷойи дуюм, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, номи Самарқандро боз ҳам маълуму машҳур сохт.
Умедворам, ки дар оянда низ шатранҷбозони Самарқанд дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои нав соҳиб мешаванд. Мо барои ин тамоми имкониятҳои заруриро фароҳам овардаем ва боз баҳри пешбурди ин навъи варзиш саъй менамоем.
– Барои суҳбати кушод ташаккур.

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори  
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: