Агар ба роҳи ҳаёти ибратпазири симоҳои бузург, инсонҳои машҳур назар андозем, мебинем, ки барои ба камол расидан ва соҳиби обрӯю эътибор гардидани онҳо модар ва ё рафиқи ҳаётиашон нақши муҳим бозидаанд.
Машкураая Иброҳимова завҷаи Қаҳрамони Ӯзбекистон, арбоби ҷамоатӣ, Артисти халқии СССР Зикир Муҳаммадҷонов мебошад.
Машкураая дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ, барои расидан ба муваффақиятҳои ҳунарпеша, дар тарбияи фарзандон ҳамеша кумакрасон ва такягоҳ буд. Зеро дар паси ҳар як инсони бузург, номдор ва дорои хислатҳои неки инсонӣ зани оқилаву ҷонфидо меистад.
Соли ҷорӣ Машкураая 100-умин баҳори умри хешро пешвоз гирифт. Ӯ барои дар рӯҳи инсондӯстию халқпарварӣ, садоқат ба Ватан, гиромидошти инсон тарбия намудани насли наврас ба нишони сарисинагии “Мӯътабар аёл” сазовор гардидааст.
– Бо Зикирака моҳи феврали соли 1941 издивоҷ кардем. Баъди 5-6 моҳи хонадоршавӣ ҷанги даҳшатнок сар шуд. Ҳамон вақт Зикирака дар заводи ҳарбии ба номи Чкалов челонгариро омӯхта, дар як шабонарӯз 18 соат кор карда, бо истеҳсоли зарфи сӯзишвории калонҳаҷм машғул буд. Барои сохтани он бояд 12 соат кор мекард. Аммо ӯ вақтро ду баробар кӯтоҳ карда, нақшаи корро барзиёд иҷро мекард. Ӯ ба назари роҳбарон намоён гашта, ҳамчун коргари фаъол шинохта мешавад. Сураташ дар тахтаи пешқадамон ҷой мегирад.
Машкураи наварӯс баҳри таъмини рӯзгор ва дастгирии шавҳар ба фабрикаи бофандагии Тошканд ба кор даромад. Дар қатори як гурӯҳ занону духтарон ба либосдӯзӣ барои фронт машғул шуд.
Оилаи ҷавон ҳамҷиҳат, аҳлу тифоқ, ба ғаму ташвиш ва норасоии зиндагӣ сабру қаноат карда зиндагӣ мекард. Аммо имтиҳони тақдир буд магар, онҳо солҳои тӯлонӣ фарзанддор нашуданд. Худи Машкура дар оилаи падар фарзанди ягона буд.
Соли 1943 падараш ҳангоми ба фронт рафтан бо ҳасрат гуфта буд: “Афсӯс, набераро надида ба ҷанг рафта истодаам. Акнун ӯро ба бағал мегирам ё не...” Падараш башорат карда будааст. Дере нагузашта аз ӯ хати сиёҳ омад...
Бефарзандӣ ба бахти оила соя меафканд, аммо зану шавҳар ноумед намешуданд. Машкура «дасторхони дарду ҳасраташро намекушод», баръакс бо муносибатҳои самимона ва меҳрубониҳои беандозаи худ ба шавҳараш такягоҳ мешуд, умед мебахшид.
Ва ниҳоят охири «шаби сияҳи онҳо сафед гардид». Офаридгор баъди ҳафт сол ба онҳо писар дод. Пайи ҳам боз писар ва баъд духтарчае ба дунё омад. Аммо он дахтарча, ки Фирӯза номидаанд, дар панҷсолагӣ вафот кард, ки то ҳол дар дили Машкураая ин доғ мондааст.
Ҳамин тариқ, хонаводаи Муҳаммадҷоновҳо панҷ писарро ба воя расонд. Зикир Муҳаммадҷонов бошад, чӣ дар кино ва чӣ дар саҳнаи театр дар давоми беш аз 70 сол зиёда аз 300 нақшро офарид, ки аз қалби тамошобинон ҷойи муносиб гирифтааст. Барои актёре, ки дар рушду равнақи санъати театру кино чунин корҳои бузургро анҷом диҳад, бояд аз ташвишҳои рӯзгор холӣ бошад. Машкурааяи зукко аз шумори заноне буд, ки иқтидори беандозаи шавҳарашро пай мебурд ва аз ин сабаб ҳамаи вазниниҳои зиндагиро ба ӯҳда гирифт, шавҳарашро аз «майда-чуйда»-и рӯзгор озод кард.
Зикир Муҳаммадҷонов ҳамеша бо тану бари тозаву озода, сипову ороста мегашт. Ба кор сари вақт меомад, ки дар ин бобат хидматҳои Машкураая бениҳоя буд. Пайваста таълиму тарбияи панҷ нафар писар, ки ин низ заҳмати бисёрро талаб мекард, ба зиммаи ин зани донову тавоно буд.
Онҳо дар давоми 72 сол аҳлу тифоқ зиндагӣ карданд.
– Модар будан унвони олӣ, – мегӯяд писари момо, доктори фанҳои ҳуқуқ Амонулло Муҳаммадҷонов. – Модар тимсоли вафо, садоқат, муҳаббат ва офарандаи насл аст. Бачагиамро ба хотир меорам. Модарам гоҳ дар сари оташдон, гоҳ дар назди танӯр барои мо ғизо омода мекард, дар даст сӯзану ришта либос медӯхт, даридаҳоро дарбеҳ мекард. Дар ҳавлӣ зиндагӣ мекардем. Вақти холӣ надоштем. Баъди дарс дар замини рӯйи ҳавлӣ бо кишту кор, каландзанию алафдаравӣ, бузу гӯсфанд, мурғпарварӣ машғул мешудем. Модарам дӯзандаи моҳир буд. Либосҳоямонро худаш ме-дӯхт. Дар оила, ки духтар набуд, дар ҷомашӯиву хонарӯбӣ ва дигар корҳо кӯмакрасони модарам будем.
Вақте бо бародарам дар Маскав мехондем, модарам нону кулча ва фатирҳои равғанӣ мефиристод. Онҳоро ба чашм молида, бо як меҳри беандоза тановул мекардем.
Шоир фармудааст:
Ҳар дуоят чун калиди
қуфли матлаб будааст,
Кори ту, рафтори ту ноёб
мактаб будааст.
Бӯсаат аз қути ҷону дил
лаболаб будааст,
Будаӣ худ раҳнамою
даркушое, модарам,
Дастгирам будаӣ дар ҳар
куҷое, модарам...
С. БЕКНАЗАРОВА,
Н.НОДИРОВА,
хабарнигорони “Овози тоҷик”.