Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 феврал раиси правленияи бонки бузургтарини Венгрия «ОТР» Шандор Чаниро қабул намуд.
Зимни мулоқот бо қаноатмандӣ суръати мусбати ҳамкорӣ дар бахши бонку молия, аз он ҷумла дар доираи қарордоди татбиқгардида оид ба фурӯши саҳми давлатӣ дар «Ипотека бонк» ба гурӯҳи «ОТР» таъкид гардид.
Робҳари давлат аҳамияти баланд бардоштани сифати хидматрасонии бонкро бо роҳи рақамисозии онҳо, татбиқи маҳсулоти молиявии инноватсионӣ ва дастрас барои тиҷорати хурд ва оилавӣ, омӯзиши ходимон дар заминаи амалиёти беҳтарини аврупоӣ таъкид кард.
Инчунин масъалаҳои амиқсозии минбаъдаи ҳамкорӣ бо корхонаҳои пешрафтаи Венгрия дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, шаробпазӣ, обёрӣ, кимиё, дорусозӣ ва дигар соҳаҳои саноатӣ, аз он ҷумла дар заминаи минтақаи махсуси иқтисодие, ки дар вилояти Тошканд барои ширкатҳои Венгрия ба вуҷуд оварда мешавад, баррасӣ гардиданд.
Дар навбати худ Шандор Чанӣ азми тиҷорати Венгрияро дар бобати фаъолона вусъат додани иштироки худ дар бозори мамлакатамон собит намуд.
Дар поёни мулоқот раиси правленияи бонки «ОТР» ба пешвои Ӯзбекистон барои баҳои баланд ба фаъолияти ӯ ва супурдани мукофоти давлатӣ – ордени «Дӯстлик» миннатдории амиқ изҳор намуд.