Президенти Ӯзбекистон ва Президенти Федералии Олмон дурнамои равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд

  • Президенти Ӯзбекистон ва Президенти Федералии Олмон дурнамои равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд

29 сентябр мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федералии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор гардид.

Масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Олмон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои инноватсия ва технология, иқтисодиёти "сабз", энергияи муқобил, нақлиёт ва логистика, таълим ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Аҳамияти идомаи саъю кӯшиши муштарак ҷиҳати татбиқи тавофуқоти музокироти судманд, ки дар ҷараёни сафари сатҳи олӣ ба Олмон дар моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифта буд, таъкид шуд.

Президентҳо ҳамчунин доир ба рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор намуда, аз ҷумла аҳамияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои амалӣ дар формати «Осиёи Марказӣ – Олмон»-ро қайд карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: