ДАР ФЛОРЕНСИЯИ ИТАЛИЯ АВВАЛИН МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ ӮЗБЕКИСТОН КУШОДА ШУД

Он номи олими бузурги ӯзбек Мирзо Улуғбекро дорад

Дар рӯзномаи онлайнии ҳаррӯзаи итолёии «Giornale Diplomatico» дар бораи ифтитоҳи Маркази фарҳангии Ӯзбекистон мақола чоп шуд.

Таъкид мегардад, ки ин марказ дар Италия аввалин буда, дар паҳлӯи консулгарии фахрии Ӯзбекистон дар бинои нави «La Leopoldina» ҷойгир шудааст.
«Ба маркази фарҳангӣ номи олими бузурги ӯзбек, астроном Мирзо Улуғбек, ки дар асри XV зиндагӣ кардааст, гузошта шудааст. Дар маросими ифтитоҳ сафири Ӯзбекистон Отабек Акбаров, намояндагони Фонди ҷамъиятии «Ватандошлар», намояндаи собиқи ҳукумат Тисиана Нисини, вакилии мунисипалитети Флоренсия, мушовир Беттарини ширкат доштанд», – хабар медиҳад нашрия.
Қайд карда мешавад, ки ғояи кушодани марказ ба директор Камила Қирғизова ва консули фахрии Ӯзбекистон Леонардо Комучӣ тааллуқ дорад.
«Ин макони нави вохӯрӣ барои ҷомеаи афзояндаи ӯзбекҳо мегардад, ки ба муҳити маҳаллӣ комилан муттаҳид шудаанд. Инчунин сохтори навест, ки дар онҳо байни соҳибкорони ӯзбек ва итолиёӣ дар айни замон, вақте ки табодули мутақобилаи байни ду кишвар торафт пуршиддат мешавад, мулоқотҳо ташкил кардан мумкин аст», – гуфта мешавад дар мақола.
Таъкид мегардад, ки пас аз сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи июн ба Италия ва ба имзо расондани созишномаи махсус дар бораи шарикии стратегӣ байни ду кишвар ба ин давлат ҳам аз нигоҳи сайёҳӣ ва ҳам аз нигоҳи тиҷорат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.
Дар маросими ифтитоҳ консули фахрӣ Леонардо Комучӣ гуфт: «Ман махсусан шодам ва ифтихор дорам, ки Ӯзбекистон барои ифтитоҳи аввалин маркази фарҳангии худ дар Италия Флоренсияро интихоб кард, ки дар ин ҷо инчунин намоишгоҳҳои мавзӯӣ дар бораи кишвар ташкил мекунем. Аз номи кормандони дипломатии консулгарӣ ва пеш аз ҳама, аз ҷониби худ тамоми имкониятҳоро ба кор меандозем, то ки итолиёиҳо бо ин давлат – гавҳари Осиёи Марказӣ, таърихи ҳазорсола ва шаҳрҳои дилрабое чун Бухоро, ки онро «шариф» меноманд ва Самарқанди афсонавӣ аз наздик шинос шаванд. Мо соҳибкоронро барои сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон даъват мекунем. Инчунин  хоҳиш мекунем, ки барои гирифтани ҳама маълумоти зарурӣ ба консулгарӣ муроҷиат кунанд».

АИ «Дунё»,
шаҳри РИМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: