АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ МУСТАҲКАМ

Артиши миллии мо ба қисми ҷудонопазири ҷамъият, ба қувваи пешбари ояндаи кишвар табдил гардида, барои дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва хидматчиёни ҳарбӣ, мустаҳкамкунии мавқеи фаъоли ҳаёти онҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулнокии шаҳрвандон хидмат менамояд.

Ҳифзи Ватан новобаста ба синну сол, касб ва фаъолият вазифаи шарафноки ҳар як шаҳрванд мебошад.
Ҳар сол дар мамлакатамон 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан васеъ ҷашн гирифта мешавад. Чорабиниҳои арафаи ин иди умумхалқӣ меҳру муҳаббати насли наврасро нисбат ба Модар-Ватан афзуда, ба тарбияи онҳо дар рӯҳи садоқат ба Ватан, ғояҳои истиқлол хидмат мекунад.
Дар Донишкадаи ҳарбии ахбору технологияи комуникатсия ва алоқаи Вазорати мудофиа бо ҳамкории Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон таҳти шиори «Артиши миллии мо – сипари мустаҳками Ӯзбекистони Нав» чорабинии маданиву маърифатӣ баргузор гардид. 
Дар ҷамъомад намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, собиқадорони Қувваҳои Муссалаҳ, устодон ва курсантҳои донишкадаи мазкур иштирок карданд.
Ҷонишини раиси Иттиҳоди журналистон Холмурод Салимов таъкид намуд, ки солҳои охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани салоҳияти ҷанговаронаи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Сарвари давлат зиёда аз даҳ қарору фармон имзо шуд. Барои баланд бардоштани нуфузи хидмати ҳарбӣ масъалаҳои ҳимояи иҷтимоии аъзоёни оилаи хидматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорон ҳаллу фасл мешаванд.
– Артиши миллиамон сол аз сол такмил ёфта, дараҷаи тайёрии қӯшунҳои он ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати тактикӣ баланд мегардад. Имрӯз хидмат дар сафи артиши миллӣ орзуву омоли ҳар як ҷавонмарди Ватан мебошад, – гуфт роҳбари донишкада Ҳаким Муҳиддинов.
Дар ҷамъомад устоди донишкадаи мазкур, подполковник Зиёдулло Тоштоев доир ба хидмати ҳарбии худ дар даврони Шӯро, бартарияту афзалиятҳои хидмату фаъолияти ҳарбиёни имрӯза, ислоҳоте, ки солҳои охир таҳти сарварии Президент дар соҳа ва артиши миллӣ амалӣ мешавад, мақсаду моҳияти қарору фармонҳои сарвари кишвар вобаста ба Қувваҳои Муссалаҳ ҳарф зад.
Дар поёни чорабинӣ бо шароит ва имкониятҳои донишкада шинос шуданд ва мутасадиён ба саволҳои ходимони ВАО ҷавобҳои қаноатбахш доданд. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: