КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ — БАРОИ ПЕШГИРИИ ҲОДИСАҲОИ НАҚЛИЁТ

Маълум, ки ноҳияи Бойсун минтақаи кӯҳӣ ба ҳисоб мераваду шебу фарози роҳҳо барои ҳаракати автомобилҳо баъзан мушкилиҳо эҷод мекунад.

Маълум, ки ноҳияи Бойсун минтақаи кӯҳӣ ба ҳисоб мераваду шебу фарози роҳҳо барои ҳаракати автомобилҳо баъзан мушкилиҳо эҷод мекунад. Алалхусус, дар фасли зимистон, ки барфу яхбандӣ бисёр мешавад, хавфу хатар ҳам нисбатан меафзояд. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ кардани фалокатҳо ва ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ходимони ГБҲР (Гурӯҳи бехатарии ҳаракати роҳ)-и шӯъбаи корҳои дохилӣ шабу рӯз корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ бурда истодаанд.
Дар асоси нақшаи гурӯҳи корӣ дар соли ҷорӣ як қатор тадбирҳо амалӣ шуданд, ки ин барои пешгирӣ намудани хавфу хатар ва ҳодисаҳои нақлиётӣ мусоидат кард. Пеш аз ҳама ҳолати техникии воситаҳои нақлиётӣ, аз рӯи қоида ва меъёрҳо истифода бурдани онҳо пурра зери назорат гирифта шуд. Дар натиҷа нисбат ба соли гузашта ҳодисаҳои нақлиётӣ камтар содир гардид. Инак, гуфтаҳоямонро бо рақамҳо тақвият мебахшем:
Агар дар 11 моҳи соли 2019 29-то ҳодисаи нақлиётӣ содир ва 20 нафар ҳалок, 21 нафар ҳар хел ҷароҳати тан бардошта бошанд, дар 11 моҳи сипаришуда ҷамъ 21-то ҳодисаи нақлиётӣ (38,1 % ) содир шудааст, 11 нафар ҳалок гардида, 14 нафар ҷароҳати тан бардоштаанд.
Дар натиҷаи корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ ҳодисаҳои нақлиётие, ки бо иштироки кӯдакону наврасон содир шудааст, низ нишондодҳо мусбианд. Яъне, соли гузашта агар 4-то ҳодисаи нақлиётӣ содир шуда бошад, имсол 3-то, 2-нафар ҳалок шуда бошанд, имсол 1-нафар ва 2-нафар ҷароҳати тан бардоштаанд.
Ҳаминро алоҳида таъкид кардан ҷоиз аст, ки 90 фоизи ҳодисаҳои нақлиётие, ки содир шудаанд, дар натиҷаи аз тарафи ронандагон аз ҳад зиёд бо суръати баланд идора намудани воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла, 4 ноябри соли 2020 тахминан соати 22.40  дар гузаргоҳи автомобилии 1-ум километри 4 К 619, ки аз ҳудуди маҳаллаи “Мустақиллик”-и ноҳияи Бойсун мегузарад, Искандар Амонов ном шахс бе ҳуҷҷат бо автомобил (русуми ВАЗ-2106, рақами давлатиаш 75 Е 848 АА) аз маҳаллаи “Мустақиллик” ҷониби маркази ноҳия ҳаракат намуда, ба тарафи муқобили роҳ баромада, бо автомобили ронанда Элёр Норбоев (русуми ВАЗ-2103, рақами давлатиаш 75 J 649 DA), ки аз ҷониби муқобил ҳаракат карда меомад, бархӯрда ҳодисаи нақлиётӣ содир намуд. Дар натиҷа як нафар мусофири автомобили русуми ВАЗ-2106 Ҷонибек Норқобилови ноболиғ ба бемористон хобида дар шӯъбаи ҷонноккунӣ вафот мекунад.
12 ноябри соли 2020, соати 17.50 дақиқа дар роҳи автомобилии 1317км М-39, ки аз ҳудуди маҳаллаи “Шифобулоқ”-и ноҳия мегузарад, Абдухолиқ Раҳмонов, ки соли таваллудаш 1983 мебошад, бо автомобили русуми «Нексия», ки худ идора мекард дар роҳи Қумқӯрғон – Тошканд ба автомобили ронанда Ибодулло Бобомуродов (КамАЗ-53212, рақами давлатиаш 75 М 230 ҒА), ки ӯ низ ҳамон ҷониб ҳаракат мекард, ҳодисаи нақлиётӣ содир намуда, ба ақиби он бархӯрд мекунад ва дар натиҷа ронандаи «Нексия» А.Раҳмонов ва мусофири ӯ Шералӣ Рамазонов, ки соли таваллудаш 1974 мебошад, ҷароҳати тан гирифта, ба беморхонаи марказӣ хобонида мешаванд.
Барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нақлиёти роҳ дар ҳудуди ноҳия дар 7 намуд 2568-то нишонаҳои роҳ мавҷуд буда, 1712-тояш, яъне 66,6 фоизи он ба нишонҳои нави замонавии нургардони роҳ иваз карда шудаанд. 
Дар айни замон, ки обу ҳаво зуд тағйирпазир аст, барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нақлиёти роҳ дар маскани ХПР (Хизмати патрули роҳ) бо ҳар як нафар ронандаи воситаи нақлиётӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳкунанда бурда мешавад. Дар қад-қади роҳи М-39, ки аҳамияти байналхалқӣ дорад, аз 1315 км то 1345 км 120 тонна намак ва шӯрхок захира карда шудааст. Дар роҳҳои автомобилии 4 Р 104 ва 4 Р 105, ки аҳамияти давлатӣ доранд ва дар роҳҳои маҳаллӣ низ бар зидди барфу яхбандиҳо намак ва шӯрхок ба таври кофӣ захира карда шудааст. Ба ғайр аз ин, дар қисми ҳаракаткунандаи роҳи автомобилии М-39 барои аз барфу ях тоза намудани роҳҳо иборат аз ходимони корхонаи унитарии фоидабарии роҳ гурӯҳи навбатчигӣ ташкил карда шудааст.
Хуллас, дар ноҳия барои ҳаматарафа пешгирӣ намудани хавфу хатар ва ҳодисаи нақлиётӣ тамоми чораву тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Азиз ТОШПӮЛОДОВ, 
нозири калони 
ШКД-и ноҳияи Бойсун. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: