Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Нарбоева бо Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ, имкониятҳои баробар ва гуногунрангии Белгия Мари-Коллин Лера мулоқот кард.
Асоси музокиротро густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Белгия, аз ҷумла фаъолсозии ҳамкориҳои мутақобила тавассути созмонҳои махсуси занон ташкил дод.
Ҷонибҳо оид ба табодули таҷриба дар ин самт ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа табодули назар карданд.
Мари-Коллин Лера ба ислоҳотҳое, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар самти ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон ва таъмини баробарии гендерӣ амалӣ карда мешаванд, баҳои баланд дод.
Раиси Сенат Мари-Коллин Лераро ба Форуми занони Осиё, ки имсол дар мамлакати мо баргузор мегардад, даъват намуд.