Барои сарфаи об ба режими фавқулоддаи кор хоҳем гузашт

  • Барои сарфаи об ба режими фавқулоддаи кор хоҳем гузашт
  • Барои сарфаи об ба режими фавқулоддаи кор хоҳем гузашт
  • Барои сарфаи об ба режими фавқулоддаи кор хоҳем гузашт
  • Барои сарфаи об ба режими фавқулоддаи кор хоҳем гузашт

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 29 ноябр оид ба чораҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об ва коҳиш додани талафоти он ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Дар мамлакати мо 20 фоизи захираи об дар худи мо, боқимондааш дар территорияи давлатҳои ҳамсоя ташаккул меёбад. Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим манбаъҳои об сол то сол кам шуда истодаанд. Вазъияти идоракунии дарёҳои фаромарзӣ мушкил боқӣ мемонад. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 норасоии об дар кишвари мо метавонад ба 15 миллиард метри мукааб бирасад.

Аммо дар ин гуна шароит ҳам аз об ғайриоқилона истифода мебаранд. Дар мамлакати мо 90 фоизи ресурсҳои об барои хоҷагии қишлоқ сарф карда мешавад. Масалан, барои обёрӣ кардани 1 гектар пахтазор соле 10-11 ҳазор мукаабметр об сарф мешавад, ҳол он ки дар мамлакатҳое, ки иқлиму заминашон як хел аст, 2-3 баробар кам об сарф мешавад. Ва ҳамаи ин аз ҳисоби дуруст истифода бурдани об ва пешгирии талафи онҳо ба даст меояд.

Ҳар сол барои идоракунии об тақрибан як миллиард доллар сарф мешавад. Ин соҳа бинобар бузургии гирандагони маблағи буҷа пас аз маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ дар ҷои 4-ум қарор дорад. Аммо аз сабаби нодуруст пеш бурдани ҳисобу китоб ва нигоҳ доштани  равишҳои кӯҳна дар идоракунии захираҳои об, ин натиҷаи пешбинишударо намедиҳад.

Дар ҷамъомад мушкилот, ташаббус ва вазифаҳои нав дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сарвари давлат қайд кард, ки соли оянда давраи гузариш ба ҳолати фавқулоддаи кор барои сарфаи об хоҳад буд.

Дар ин сурат бетон кардани каналу захбурҳо вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Аз рӯи ҳисобу китоб, дар системаҳои обёрии табиӣ дар як сол ба ҳисоби миёна 14 миллиард мукаабметр ё 36 фоизи об бе фоидаи иқтисодӣ талаф мешавад. Талафоти аз ҳама бештар дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Намангон, Навоӣ, Хоразм ва Бухоро ба амал меоянд. Дар 175 ҳазор гектар заминҳои корам, ки дар охири каналҳо воқеъ гардидаанд, вазъияти бо об таъмин кардан хеле душвор аст.

Дар маҷмӯъ, иқтисодиёт дар натиҷаи талафи об ҳар сол 5 миллиард доллар даромадро аз даст медиҳад.

Ба ин муносибат дар хоҷагии об «Соли сермаҳсули бетонрезии канал» эълон карда шудааст. Вазифа гузошта шудааст, ки соли оянда 1500 километр, яъне назар ба имсола 4 баробар зиёд канал бетон карда шавад. Дар соли 2025 бояд на камтар аз 2 ҳазор километр каналҳо бетон карда шаванд.

Таъкид гардид, ки вақти беҳтарин барои ин моҳҳои аз ноябр то март аст. Бинобар ин мо бояд аз худи ҳозир ба сохтмони каналҳо бо лоиҳаҳои тайёр шурӯъ кунем. Ба ҳокимони вилоят ва ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар давоми як сол 3 ҳазору 500 километр шабакаҳои дохилии ирригатсионӣ бетонпӯш карда шаванд. Таъкид гардид, ки тавассути додани техникаи махсус ва масолеҳи сохтмонӣ ба кластерҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии ба ин манфиатдор хароҷотро ду баробар кам кардан мумкин аст.

Вазифаи дуюми муҳим ҷорӣ намудани технологияи сарфаи об мебошад.

Мамлакати мо 4,3 миллион гектар майдони обёришаванда дорад, ки дар 30 фоизи он технологияи сарфаи об ҷорӣ карда шудааст. Дар ин гуна кластер ва хоҷагиҳои фермерӣ 30-40 фоиз сарфаи об, 25-30 фоиз нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ ба даст оварда, инчунин афзоиши ҳосилнокӣ ба чашм мерасад.

Аммо дар вилояти Қашқадарё, ки арзиши об қимат аст, фақат 16 фоизи замин бо ин усул обёрӣ карда мешавад. Дар бобати лазерӣ ҳамвор кардани замин, ки ин тадбири оддитарини агротехникӣ буда, ба сарфаи об имконият медиҳад, ба қадри кифоя кор бурда намешавад. Дар вилоятҳои Қашқадарё, Самарқанд ва Тошканд чунин майдонҳо камтар аз 10 фоизро ташкил медиҳанд.

Яке аз сабабҳо мавҷуд набудани механизми муқарраршудаи баргардонидани як қисми қарз ба деҳқононе мебошад, ки технологияи сарфаи обро ҷорӣ кардаанд. Бинобар ин дар маҷлис системаи нави маблағгузорӣ муқаррар карда шуд. Барои кластерҳо ва хоҷагиҳое, ки мехоҳанд технологияҳои сарфакунандаи обро ҷорӣ кунанд, барои 5 сол бо давраи 2-солаи имтиёзнок, бо пардохти фоизҳо ба миқдори 14 фоизи солона хатти қарзӣ таъсис дода мешавад. Бо ин мақсад платформаи кушодаи электронӣ ба кор андохта мешавад, ки дар он раванди бастани шартномаҳо ҳам бо бонк ва ҳам бо таъминкунандагон онлайн сурат мегирад.

Ба мутахассисон оид ба ҷанбаҳои молиявӣ ва ташкилӣ дастуру супоришҳо дода шуд. Зарурати ҳамасола васеъ намудани майдонҳо бо технологияҳои сарфакунандаи об, омӯхтани таҷрибаи Туркия, Испания ва Чин дар ин самт таъкид гардид.

Дар давоми се соли оянда амалияи дотатсияи 15 фоизи арзиши техникаи хоҷагии қишлоқ ва 30 фоизи арзиши нивели лазерӣ давом мекунад. То соли 2026 дар тамоми майдонҳои кишт ҳамворкунии лазерӣ гузаронида мешавад. Пас аз соли 2026 андози замину об дар минтақаҳои бидуни нивелиш лазерӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш хоҳад ёфт.

 Вазифаи сеюми муҳим кам кардани хароҷоти обрасонӣ мебошад.

Ҳоло барои 1 мукаабметр обе, ки ба кластерҳо ва деҳқонон дода мешавад, ба ҳисоби миёна 212 сӯм сарф мешавад. Аммо дар Бухоро, Қашқадарё ва Намангон 2-3 баробар қимат аст.

Дар баробари ин 63 фоизи сарфи об ба стансияҳои насосӣ рост меояд. Аз ҷумла, барои обёрӣ соле 7 миллиард киловатт-соат қувваи электр сарф мешавад. Азбаски 80 дарсади насосҳои обкаш кӯҳна шудаанд, сарфи неруи барқ ​​зиёд аст.

Сарвари давлат қайд кард, ки роҳи дурусти кам кардани хароҷот ва баланд бардоштани самаранокӣ ин таҷдиди насосҳо ва ба шарикии хусусӣ гузаштани идоракунии онҳо мебошад.

Дар ин самт аллакай як қатор лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд. Вазифа гузошта шуд, ки ин корҳо суръат бахшанд ва бо ширкати созмонҳои молии байналмилалӣ 95 истгоҳи обкашӣ таҷдид ва барои 118 истгоҳи обкашӣ дар авоили соли оянда тендер эълон шавад.

Дар баробари ин ширкатҳои хориҷӣ ташаббуси ба ихтиёри худ гирифтани 268 насосро ба миён гузоштаанд.

Зикр гардид, ки умуман ба туфайли ин тадбирхо хароҷоти қувваи насосҳоро соли оянда 300 миллион киловатт-соат ва дар се соли оянда 1,5 миллиард киловатт-соат кам кардан мумкин аст.

Ба Вазорати захираҳои об дастур дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо созмонҳои молии байналмилалӣ барномаи сесолаи навсозии насосҳоро таҳия кунад. Барои дар саҳро ҷорӣ намудани идоракунии замонавӣ, пеш бурдани ҳисоби об дастурҳо дода шуданд.

Дар ҷамъомад маърӯзаи вазири хоҷагии об, ҳокимон ҷ ва дигар роҳбарон шунида шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: