ҲИММАТИ БАРОДАРОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

Барои бартараф сохтани фоҷиаи обанбори Сардоба нафақат мардуми вилоятҳои гуногуни Ӯзбекистон, балки кишварҳои ҳамсоя низ кӯмак мерасонанд.

Барои бартараф сохтани фоҷиаи обанбори Сардоба нафақат мардуми вилоятҳои гуногуни Ӯзбекистон, балки кишварҳои ҳамсоя низ кӯмак мерасонанд.
Ёрии навбатии инсонпарварӣ, ки аз 45 вагон масолеҳи бинокорӣ иборат буд, аз Тоҷикистони бародарӣ омада расид. Қатораро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии вазъиятҳои фавқулодда ва ҳимояи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустами Шоҳиён, муовини раиси ҳукумати вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва дигар вакилони ҳайати расмӣ то истгоҳи роҳи оҳани Гулистон оварданд.
Меҳмононро дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Гулистон бо сардории ҳокими вилояти Сирдарё Ғафурҷон Мирзоев, прокурори вилояти Сирдарё, сардори садорати гумруки вилоят, ҳокими шаҳри Гулистон ва дигарон пешвоз гирифтанд.
Аз вагонҳо 3 ҳазор тонна семент, 61 тоннаю 200 килограмм мех, 67 тонна ранг, 10 ҳазор дона шифер ва дигар намудҳои масолеҳи бинокорӣ ба анбори истгоҳи роҳи оҳани Гулистон фуроварда шуд. Рӯзҳои наздик бо истифода аз ин масолеҳ дар минтақаи офатзада боз чанд хона қад рост хоҳад кард.

Т. БОҚИЕВ, 
хабарнигори”Овози тоҷик”
дар вилояти Сирдарё.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: