Шаҳри энергетикҳо
Рӯзи чорум дар доираи боздид аз Тоҷикистон мо — ҳайати Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ба шаҳри Норак омадем. Моро раиси шаҳр Дилшод Асозода ва муовини ӯ Зуҳро Ҳакимзода самимона, мувофиқи расми хуби тоҷикона ва савту суруду нону асал пешвоз гирифтанд.
Сипас сӯи Осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак роҳ пеш гирифтем. Ин осорхона соли 1979 таъсис ёфтааст.
Осорхона дар масоҳати 522,8 метри мураббаъ доман густурдааст. Дар он таваҷҷуҳи моро ҳуҷҷатҳои сохтмончиён, мусаввараҳои рассомон оид ба шаҳри Норак, НБО-и Норак ва Бойғозӣ, маводҳои бозёфтӣ ва бостоншиносӣ, сузаниҳо, кулолгарӣ, ки аз ганҷинаи фарҳанги мероси ниёгону бозёфтҳои нодир бозгӯӣ мекунанд, ҷалб намуд.
Ёдгориву аксҳои таърихӣ, либосҳои кориву тоскулоҳҳои коргарони неругоҳ, ки аз оғози корҳои сохтмонии НБО Норак то имрӯз нақл менамояд, ҳамчун хотираи таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Мувофиқи баъзе маъхазҳои таърихию адабӣ деҳкадаи Норак таърихи 2500-сола доштааст. Ҳамчун шаҳри энергетикҳо дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир шуда, масоҳати он 394,5 мураббаъ километрро ташкил медодааст.
— Айни ҳол дар шаҳрамон қариб 60 ҳазор нафар намояндагони миллатҳои гуногун кор ва зиндагӣ мекунанд. Дар шаҳр 39 деҳаю маҳалла, ташкилоту муассиса ва корхонаҳои зиёд мавҷуд аст. Қариб ҳар рӯз ба ин ҷо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ меҳмонон омада, пеш аз ҳама аз табиати зебову назаррабо ва Неругоҳи барқи обии Норак ва сарбанди он дидан мекунанд, — мегӯяд муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода. — Мардуми шаҳр аз қадим ҳунарҳои миллии кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, табақу қошуқтарошӣ, мӯзадӯзӣ ва аз чӯб тарошидани асбобҳои мусиқиро касб кардаанд ва то ҳанӯз ин ҳунарҳоро идома дода истодаанд.
Вақте Норак мегӯем, бузургтарин Неругоҳи барқиву обии “Норак” пеши назарамон падид меояд, ки дар Осиёи Миёна ҳамто надорад.
НБО Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони неругоҳ соли 1961оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар он 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд.
Диёри симоҳои бузург
Манзили навбатии мо ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ки дар дараи рӯди Кангурт ҷой гирифта, дар шимол бо ноҳияи Темурмалик, дар шарқ — бо ноҳияи Ёвон, дар ғарб — бо ноҳияи Ҷомӣ ва дар ҷануб — бо ноҳияи Норак ҳаммарз будааст, гардид. Мавзеи Данғара дар гузаштаву имрӯз баҳри ободию шукуфоии кишвар ва хидмати башарият симоҳои бузургу диловарони зиёдро ба майдон овардааст, ки намунаи олии он дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон таҷассум гардидааст. Дар ин ҷо низ моро бо расму русуми тоҷикона ва савту навои дилнишин пазироӣ намуданд.
Сараввал мо бо фаъолияти ҶММ «Ҷунтай Данғара Син Силу текстил» шинос шудем, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони чиноӣ созмон дода шудааст. Дар ин ҷо ашёи хоми ватанӣ – пахта парваришу рӯёндаву пурра коркард гардида, аз ресмон то матоъ ва дар қисмати ниҳоӣ либосҳои пахтагин омода карда мешудааст. Корхона беш аз 1000 нафарро бо кор таъмин намудааст.
Сипас аз синфхона, музей-гимназияи ҷумҳуриявии ноҳия, ки аз давраҳои мактабхонӣ, рӯзгори шарафмандонаи Президенти Тоҷикистон бозгӯӣ менамояд, дидан намудем.
Дар яке аз биноҳои дилкашу назаррабо — Қасри фарҳанги Данғара, ки аз ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла, гаҷкорӣ ва кандакорӣ, оинабандӣ бо маҳорати баланд оро дода шудааст, бароямон дар васфи дӯстии ду кишвари бародару дӯст филми ҳуҷҷатӣ ва барномаи ҳунарӣ намоиш дода шуд.
Сипас аз нигористон, толори рақси миллӣ, ҳуҷраи маҳфили рассомон, синфхонаи асбобҳои зарбӣ, толори омӯзиши асбобҳои мусиқӣ ва ҳуҷраи ороишии санъаткорон дидан кардем.
Шомгоҳон бо таассуроти баланд ва хушҳолӣ аз меҳмоннавозии мардуми ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе раҳсипор шудем.
Зиёрати зодгоҳи Одамушшуаро
Субҳи рӯзи панҷум мо сӯйи Панҷакент роҳ пеш гирифтем. Дар деҳаи Рукнобод — маркази ҷамоати деҳоти Ворӯ ҳайати моро муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ бо намояндагони созмони рӯзноманигорон дар вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, санъаткорони шаҳр бо нону намак ва шеъру мусиқӣ пазироӣ намуданд.
Бори охир ба шаҳри Панҷакент 30 сол муқаддам ҳангоми донишҷӯиям — соли 1982 омада будам. Ҳамон солҳо рӯзҳои шанбе баъди дарс барои аёдати духтари амакам, ки ба ин ҷо ба шавҳар баромада буд,, меомадам.
Бояд гуфт, ки Панҷакент баъди гузашти солҳо тағйироти зиёдеро паси сар карда, аз лиҳози ободонӣ назар ба он солҳо хеле зебову назаррабо шудааст. Манзараи бинову хиёбонҳои шаҳри бостонӣ, хусусан, дар замони истиқлоли ҷумҳурӣ дигаргун гаштааст.
Сипас ҳамроҳи ҳамкасбонамон раиси Иттифоқи журналистони вилояти Суғд Илҳом Ҷамолиён, сармуҳаррири рӯзномаи “Сагдийская правда” Исоқҷон Зокиров ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Панҷакент, журналисти варзида Бобо Солеҳзода роҳ сӯйи Панҷрӯд пеш гирифтем. Аз тамошои манзараҳои дилфиреби ду тарафи роҳ ва зарофату ҳазлу шухиҳои Бобо Солеҳзода ба деҳкадаи Панҷрӯд, ки аз Панҷакент 53 километр масофа доштааст, чӣ хел расиданамонро надониста мондем.
—Раҳораҳ дидем, ки деҳаҳои Тоҷикистон аз деҳаҳои мо фарқе надоштаанд. Пахта, ғалла, себ, зардолу... ҳамааш як хел. Танҳо моро сарҳадҳои рамзӣ ҷудо мекардаанду халос. Дар тӯли сафар ба он амин гардидам, ки тоҷикону ӯзбекҳо танҳо бо забонашон фарқ мекардаанд. Аммо ин тафовут ҳам ба якдилии халқҳои мо монеъ шуда наметавонистааст. Куҷое наравем, ҳама бо забони дилхоҳашон сухан мегуфтанд. Тоҷикон ӯзбекиро, ӯзбекҳо тоҷикиро бе ягон тарҷумон мефаҳмиданд. Агар дил наздик бошад тафовути забонӣ дӯстиро халалдор карда наметавонистааст, — мегӯяд Журналисти шоистаи Ӯзбекистон, сармуҳаррири рӯзномаи «ХХI аср» Норқобил Ҷалил.
Табиати зебову дилфиреби ин диёри куҳан ҳар як бинандаро мафтун мегардонад. Кас эҳсос мекунад, ки ин диёри куҳнабунёд Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барин симои барҷастаро маҳз бо чунин табиати мафтункунанда зодаву парваридааст.
Ба Панҷрӯд барои зиёрати қабри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ҳанӯз солҳои аввали донишҷӯиям дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамроҳи ҳамкурсонам соли 1982 омада будам. Он вақт даромадгоҳи он дарвозаи панҷарагини чӯянӣ дошт. Қабр бо мармари сафед рӯйпӯш шуда буд.
То ин рӯз орзу доштам, ки бори дигар ба Панҷрӯд омада, мақбараи нахустшоири номвари олами шеъри тоҷикӣ-форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат кунам. Шукри Худованд, ки ин орзуям ба туфайли сафарамон ба Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид.
Аз дарвоза ворид шуда, тавассути роҳрави зинадори мармарин ба ҷониби мақбара раҳсипор шудем, ки ду тарафи он гулу сабзазор буда, дар ҷониби чап боғи зебое ҷойгир шудааст, ки ба кас завқу шавқи хосса мебахшад.
Мақбара бо назардошт ва истифодаи анъанаҳои меъмории мақбараҳо тарҳрезӣ гардида, шакли ҳаштгӯшаи гунбазпӯшро дорад.
Дохили мақбара нисбат ба пешина хеле барҳаво гардида, гунбади бузург бо анъанаҳои классикӣ гаҷкорӣ ва болои ҳашт сутун устувор шудааст. Қабрро бо мармари кабуду сиёҳчатоб рӯйкаш намудаанд. Гунбад аз берун бо лавҳаҳои махсуси осмониранги баланд пӯшида шуда, нисбати гунбади мақбараи пешина калонтару бошаҳоматтар ба назар мерасад.
Дар сари қабри Одамушшуаро раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров ояте аз Қуръони маҷидро тиловат намуд.
Баъд вориди Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шудем. Ин ҷо ба мо дар бораи натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносӣ нақл намуданд. Ҳоло Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият доштааст. Маълум шуд, ки аз он ҳамарӯза баробари сокинони кишвар, сайёҳони зиёд низ дидан мекардаанд.
Сипас моро ба китобхонаи махсуси осорхона роҳбаладӣ намуданд, ки аксари китобҳои ин махзани маърифат аз ҳаёт ва фаъолияти Одамушуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бозгӯӣ менамоянд.
Боздид аз Саразми бостонӣ
Аз Панҷрӯд бо як олам таассурот сӯйи шаҳраки Саразми бостонӣ роҳ пеш гирифтем. Саразм ёдгории нодири даврони энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ буда, ин давра тақрибан ҳазораҳои чорум-сеюми то милод ва дар баъзе минтақаҳо то ҳазораи дуюми пеш аз милодро дарбар мегирад.
Ёдгории бостонии Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна – Зарафшон, дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр, 15 километр дуртар аз маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст.
Ин макони таърихӣ нимаи солҳои 70-уми асри гузашта аз ҷониби олим Абдулло Исҳоқов кашф шуда, феълан ба яке аз марказҳои муҳими ҳафриётии олами муосир табдил ёфтааст.
Соли 1976 сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Ашӯралӣ Тайлонов духтарчаи 8-солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона меравад. Дар осорхонаи ба номи Рӯдакӣ падар ҳамроҳи духтараш нигораҳоро тамошо мекунад. Ашӯралӣ Тайлонов пас аз дидани нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз деҳаи Ёрӣ ёфтшуда, изҳор медорад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин асбобро ёфтааст ва агар лозим бошад, онро ба осорхона туҳфа менамояд. Сипас, бостоншинос Абдулло Исҳоқов барои овардани табарча ба хонаи он мард меравад ва ҳамин тариқ моҳи сентябри соли 1976 Саразмро кашф мекунад.
Масоҳати умумии ёдгорӣ аз 130 гектар иборат мебошад.
Дар шаҳри бостонии Саразм ба мо аз номи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода муовини аввали раиси шаҳр Муҳаммадсодир Сафарзода туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро супурд.
Раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров барои пазироии самимонаи мизбонон арзи сипос намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки ба туфайли сиёсати оқилонаи роҳбарияти олии ду кишвари ҳамсоя муносибатҳои гуногунҷабҳаи мо тақвият меёбад ва ҳайатамон диду боздидҳояшонро аз Тоҷикистон, аз ҷумла, Панҷакент ба хонандагону тамошобинони Ӯзбекистон пешкаш мекунанд. Ин ҳамкориҳои судманд имкон медиҳад, ки журналистони Ӯзбекистону Тоҷикистон табодули таҷриба намоянд ва аз ҳаёту рӯзгор ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ бештар мавод таҳия намоянд. Бояд гуфт, ки ин сафарҳо робитаҳои дӯстии ду ҷумҳуриро боз ҳам мустаҳкам мекунанд.
Қарибии шом бо беҳтарин хотираҳо, дил саршори меҳру сафо аз пазироии бародаронаи ҳамкасбони тоҷикистониамон таҳти роҳбарии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода аз гузаргоҳи “Ҷартеппа” ба қаламрави Ӯзбекистон – Самарқанди куҳанбунёд гузаштем. Дар қалби мо, кулли мардуми дӯстнавозу ташнаи робитаҳои бародаронаи ду кишвари дӯсту ҳамсоя як орзу маъво дорад: Болои он пойдевори дӯстиву рафоқат, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо умеду нияти нек гузоштаанд, бунёд намудани қасри мустаҳкаму бегазанди дӯстӣ мебошад.
Шерпӯлод ВАКИЛОВ.