«ҲЕҶ ГАНҶЕ НЕСТ АЗ ФАРҲАНГ БЕҲ...»

Беш аз бист сол аст, ки бо матбуот сару кор дорам.

Мактаб ҳам бароям бегона нест.  Дар солҳои гуногун шароит тақозо намуд, ки дар паҳлӯи омӯзгорон кор кунам. Ҳамин як сол муқаддам бо пешниҳоди Маркази маънавияти ҳокимияти  ноҳияи Фориш ва даъвати маъмурияти мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46-ум он ҷо ҳамчун тарғибгари корҳои эҷодӣ-фарҳангӣ ба кор пардохтам. Дар давоми як сол мушарраф гардид, ки барнома ва вазифаҳое, ки оид ба маънавият аз ҷониби Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ пешниҳод мешаванд ва алалхусус барои барпо кардани Ӯзбекистони Нав равона карда шудаанд, иҷро намоем. Дар дили наврасону ҷавонон барои ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи фазилатҳои нек, эҳтироми волидайну устодон, донишомӯзӣ кӯшиш ба харҷ додем. Онҳо ба як қатор комёбӣ ва муваффақиятҳо ноил шуданд. Дар озмуну маҳфилҳои гуногуни ҳунарӣ ширкат варзиданд ва соҳиби ҷойҳои муносиб гардиданд.
Бо вуҷуди ин ҳама комёбиҳо камбудиву норасоиҳо низ на танҳо дар мактабҳои таҳсилашон ба забони тоҷикӣ, балки дар маҳалҳои тоҷикнишин арзи вуҷуд доранд, ки касро ба риққат меоварад. Як сол аст, ки ба мактабу маҳаллаҳо рӯзнома мебарам. Он аз ҳисоби буҷа ройгон дода шудааст. Аммо то ҳол нафареро дар мактабҳо надидаам, ки худ ба рӯзнома обуна шуда бошад. Ё худ китоби тоҷикӣ харида, ба китобхона тақдим намуда бо ин васила  ба қадре ғанӣ гардидани хазинаи маънавии мактаб ҳиммат зоҳир намуда бошад. Ҳамкории мактаб, маҳалла ва оила хуб роҳандозӣ нагардидааст.
Волидон ҳам аз ҳоли фарзандони худ хабар намегиранд. Ҷойи китобу китобхониро телефон ва андармонӣ бо он иваз намудааст. Одамони фарҳангдӯст ангуштшуморанд. Мебояд, ки баҳри инкишоф додани фарҳангу маънавият сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва билохира ёварони ҳоким бояд  мусоидат намоянд. Дар ин замина вақти он аст, ки аҳли зиё зуд-зуд ба маҳалҳои тоҷикнишин, мактабҳои таҳсилашон ба забони тоҷикӣ  сафарҳои эҷодӣ созмон диҳанд. Сӯҳбату мулоқотҳо сари мавзӯи маърифат, маънавият ва адабиёту фарҳанг бояд сурат бигирад.
Ба унвони садорату идораҳо номаҳои алоҳида баҳри дастгирӣ ва ташкил намудани кори обуна равона карда шавад. Дар он сурат бархе аз афроде, ки ин ганҷи пурқимат – фарҳангро ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳодаанд, бори дигар ба ёд меоваранд ва дубора рӯй бар он мениҳанд. Рӯдакии бузургвор хеле хуб фармуда:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, 
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Анорбой НАЗАРОВ.
Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: