Дар ВКХ бо сафири Исроил мулоқот баргузор шуд

5 октябри соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Алоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Исроил Зеҳавит Бен Ҳилел мулоқот кард.

Зимни суҳбат вазъият ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Исроил, инчунин ҳамкорӣ дар доираи СММ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Ҷадвали ва ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои муштараки дарпешистода, аз ҷумла, даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Исроил баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: