Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо пешоҳангони тиҷорати Олмон иштирок кард

  • Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо пешоҳангони тиҷорати Олмон иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо пешоҳангони тиҷорати Олмон иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо пешоҳангони тиҷорати Олмон иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо пешоҳангони тиҷорати Олмон иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо пешоҳангони тиҷорати Олмон иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо пешоҳангони тиҷорати Олмон иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо пешоҳангони тиҷорати Олмон иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо пешоҳангони тиҷорати Олмон иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо пешоҳангони тиҷорати Олмон иштирок кард

29 сентябр мувофиқи барномаи корӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар кори Анҷумани иқтисодӣ, ки дар шаҳри Берлин таҳти сарпарастии Кумитаи шарқии иқтисодиёти немис созмон ёфт, иштирок намуд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Маслиҳати Халқи Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов иштирок доштанд.

Аз ҷониби Олмон Вазири федералӣ оид ба супоришҳои махсус, роҳбари Идораи Канслери федералӣ Волфганг Шмидт, котиби давлатии Вазорати федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Удо Филипп, раиси Кумитаи шарқии иқтисодиёти немис Клаас-Мюлхойзер ширкат ҷустанд.

Ғайр аз ин дар кори анҷуман роҳбарони ширкат ва бонкҳои машҳури Олмон, аз ҷумла  CLAAS, Siemens Energy, Knauf,  Linde, Papenburg, BayWa, WILO, IPEX-Bank, Commerzbank, AKA, Mangold Consulting, Deutsche Bahn, DB E.C.O., Euler Hermes, Ernst Klett, SMS Group, Dtutsche Bank, Evonik Industries, John Deere, BASF, Airbus ва ғайра иштирок карданд.

Роҳбари Ӯзбекистон бо қаноатмандии бузург таъкид кард, ки чорабинии кунунӣ шаҳодати афзудани рағбати тиҷорати немис ба вусъат додани фаъолият дар бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Пешомади ҳамкориҳои сармоявӣ, инноватсионӣ ва технологӣ, татбиқсозии лоиҳаҳои кооператсионӣ дар соҳаҳои технологияи олӣ, ҳамчунин дар ҷанбаи энергетикаи «сабз», коркарди амиқи захираҳои ашёи хом, логистика ва нақлиёт, тайёркунии кадрҳо зикр гардиданд.

– Мо якҷо бинобар бозсозии соҳаҳои асосии иқтисодиёти мамлакат кор мекунем, силсилаи самарабахши арзиши иловагӣ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави кориро фароҳам меоварем. Мо аз созмон ёфтани майдончаҳои нав ва майдонҳои доимӣ барои мулоқоти ошкоро манфиатдорем, – қайд кард Президенти мамлакати мо.

Рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявии ӯзбекистониву олмонӣ тайи солҳои охир бо қаноатмандӣ таъкид шуд. Миқдори лоиҳа ва корхонаҳои муштарак ду баробар зиёд гардид.

– Ҳамаи шумо, воқеан, барои пешрафти муносибатҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву олмонӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳед, лоиҳаҳои шумо бошанд, намунаи ҳамкории бомуваффақияти дарозмуҳлат ба шумор мераванд. Ман ба ин баҳои баланд медиҳам, – зикр намуд роҳбари давлати мо.

Сарвари кишварамон ба афзалиятҳои минбаъд вусъат додани ҳамкориҳо бо ширкатҳои олмонӣ таваққуф намуда, як қатор самтҳои пешомаднокро мушаххас кард.

Пеш аз ҳама, ин рушди кооператсия ва вусъат додани иштироки ширкатҳои олмонӣ дар Ӯзбекистон мебошад. Роҳбари давлати мо мавҷуд будани имкониятҳои зиёдро барои истеҳсоли маҳсулоти харидоргири саноатӣ қайд намуд.

Ба мақсади дастгирӣ кардани лоиҳаҳои минтақавӣ Президенти кишвари мо таклиф кард, ки дар Ӯзбекистон Намоишгоҳи Осиёимарказии технологияҳои олии саноатии истеҳсолгарони машҳури олмонӣ гузаронида шавад.

Дар ин бобат вай самти муҳими шарикиро энергетикаи «сабз» номид. Роҳбари Ӯзбекистон таҷрибаи бомуваффақият ва лоиҳаҳои пешомадноки кооператсиониро бо ҳамкорони олмонӣ дар соҳаи рушди энергетикаи муқобил қайд кард.

Таклиф шуд, ки дар сатҳи минтақавӣ Барномаи ҳамкорӣ бо марказҳои муҳандисиву лоиҳавии олмонӣ ва холдингҳои саноатӣ оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои иқтисодиёти «сабз» коркард ва қабул карда шавад.

Президент муҳимияти лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи захираҳои норасои ашёи хом бо ҷорӣ намудани қарорҳои пешқадами технологӣ бинобар коркарди онҳо ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти саноатӣ ба миён гузошт.

Ба масъалаҳои амнияти хӯрокворӣ эътибори махсус дода шуд.

– Осиёи Марказӣ барои пурра таъмин сохтани талаботи дохилӣ ва ташкил намудани содироти молҳои босифати озуқаворӣ ба кишварҳои Аврупо тамоми имкониятҳои заруриро дорад, – таъкид кард роҳбари давлати мо.

Аз ин ҷиҳат ба ҷалби технологияҳои сарфакунандаи энергия ва рақамии ширкатҳои олмонӣ дар сектори аграрӣ ва хоҷагии об омода будани кишвари мо изҳор гардид.

Баргузор кардани чорабиниҳои муштараки минтақавӣ дар соҳаи хӯрокворӣ пешниҳод шуд.

Президент ҳамчунин ба ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика таваққуф намуд. Муҳимияти рушди хатсайрҳои самарабахше, ки Осиёи Марказиро бо Аврупо мепайванданд, таъкид гардид. Барои дастгирии коршиносии лоиҳаҳои нақлиётӣ пешниҳод шуд, ки мутахассисони ташкилот ва ширкатҳои машҳури олмонӣ ҷалб карда шаванд.

Дастгирӣ намудани ташаббусҳо бинобар тайёр кардани мутахассисони баландмалака самти муҳими рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву олмонӣ дониста шуд.

Дар анҷом роҳбари давлати мо омодагии худро барои ҳамаҷониба дастгирӣ кардану идома додани ташаббусҳои соҳибкорӣ ва лоиҳаҳои муштараки сармоявӣ дар Ӯзбекистон тасдиқ намуда, қайд кард, ки Осиёи Марказӣ минтақаи имкониятҳои бузург барои намояндагони тиҷорати Олмон мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: