Бо Малика ном фаррошзан, ки дар маҳаллаи Янги Чоштепаи ноҳияи Янгиҳаёт буду бош дорад, дер боз шиносам.
Ҳар саҳар ҳангоми ба кор рафтан бо ӯ вомехӯрам.
– Ба одамҳо ҳайронам, партовашонро ба ҷойҳои махсус ҷудошуда напартофта, ба даруни ҷӯю роҳравҳо мепартоянд, ҳама ҷоро пур аз коғазу ахлот мекунанд, ба қадри меҳнати кас намерасанд, – лаб ба шикоят мекушояд ҳамсуҳбатам. Воқеан, шикояти ӯ ҷон дорад. Нафароне ҳастанд, ки ба покию сариштагии атрофу муҳит риоя намекунанд, гӯё ки тозагии ҷойҳои ҷамоатӣ аз онҳо вобаста нест.
– Рӯзе ду ҷавон дар хараки сари роҳ нишаста суҳбат мекарданд. Ҳар ду аз коғазхалта писта шикаста, пӯчоқи онро ба замин мепартофтанд. Ба хизматам дилам сӯхт ва ба онҳо рӯ оварда гуфтам: «Писаронам, ин ҷоро ҳозир рӯфта будам, чаро пӯчоқро ба замин мепартоед?»
«Холаҷон, вазифаатон, маош мегиред», бепарвоёна гуфт яке аз онҳо. «Шарм намедоред, охир ман қатори модаратон ҳастам, шумоён бояд ба хурдсолон намуна шавед» гуфта, пӯчоқу коғазҳои партофтаи онҳоро рӯфта гирифтам. Ё ин ки гирду атрофи биноҳои серошёна аз партовҳо пур мешавад.
Рӯзе чашмам ба зани калонсоле афтид, ки аз айвони ошёнаи шашум партови худро ба поён ҳаво дод. Фарёд зада гуфтам, ки инсоф дорӣ ё не, аз синну солат шарм намедорӣ? Магар дасту поят шикастааст? Чунин ҳолатҳо хеле бисёр, – мегӯяд Малика.
Янги Чоштепа маҳаллаи нав аст. Биноҳо, кӯчаву роҳравҳо, майдони бозии бачаҳо, муассисаи томактабӣ, поликлиникаи оилавӣ, дуконҳои гирду атроф – ҳама бо сохти нави замонавӣ бунёд ёфтаанд. Дар ин рӯзҳои сарди зимистон, ки мардум аз набудани газу барқ, оби гарму хунук шикоят мекарданд, сокинони ин маҳалла маротибае ба чунин мушкилиҳо пеш наомадаанд. Аз ин рӯ, рафтори нописандонаи чунин шахсон ба ғамхории ҳукумат хиёнат нест магар?
Малика аз хурдӣ дар ин кор ба модараш кумак мерасонд. Аз сабаби душвории шароити оила, баъди хатми мактаби миёна таҳсилро идома надод. Падару модараш ӯро ба шавҳар доданд. Соҳиби се писару як духтар шуд. Аҳд кард, ки фарзандонашро хононда, соҳиби маълумот кунад. Орзуҳояш ҷомаи амал пӯшиданд. Анварҷон шифокор, Азимҷон дукондор, Аъзам ронанда.
– Хурд будам, бо ҷӯраҳо ҳангоми ба мактаб рафтану омадан ба модарам дучор мешудам, ки дар даст ҷорӯб кӯчаро мерӯбад ё ин ки дар даруни ҷӯ ҷунбуҷӯл дорад. Аз ин шарм медоштам, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Азимҷон. – Мана, ба воя расидем, соҳиби касбу кор шудем. Модарам ҳоло ба ин кор эҳтиёҷ надорад, аммо ӯ намехоҳад дар хона нишинад. Ҷӯйбори паси ҳавлиро ҳамеша тоза нигоҳ медорад.
– Фаррошӣ касби дӯстдоштаи ман аст, ҳама ҷоро тозаву озода бинам, дилам хотирҷамъ мешавад. Об ин ҳаёт аст, онро бояд софу тоза нигоҳ дошт. Замонҳое буданд, ки инсонҳо аз хушксолию ташнагӣ фавтидаанд, ҳоло ҳам кишварҳое ҳастанд, ки аз беобӣ азият мекашанд, – мегӯяд Маликаапа.
Субҳи содиқ чун ҳама аз пайи кор ва кашидани аробаи рӯзгор ба кӯча бароем, нигоҳамон аввало ба фаррошҳо меафтад, ки дар даст ҷорӯб роҳу шоҳроҳ, пайроҳаву кӯчаҳоро мерӯбанд. Ба таъбири шоири бузург Лоиқ Шералӣ «Бар пешвози рӯз роҳ тоза мекунанд». Покизагию тозакорӣ ва ҳоҷатбарори мардум будан дар ҳар ду дунё савоб аст. Туфайли кору пешаи хоксоронаи фаррошон гирду атрофи мо тозаю озода, сабзу хуррам, оби ҷӯйборҳо софу зулоланд. Мо бояд ба қадри меҳнати онҳо бирасем.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».