Барномаи шуғл оид ба вилояти Бухоро баррасӣ шуд

  • Барномаи шуғл оид ба вилояти Бухоро баррасӣ  шуд
  • Барномаи шуғл оид ба вилояти Бухоро баррасӣ  шуд
  • Барномаи шуғл оид ба вилояти Бухоро баррасӣ  шуд

Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба таъмини шуғл дар вилояти Бухоро шинос шуд.

Сарвари давлат зимни сафарҳои худ ба минтақаҳо ба масъалаи бекорӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, коҳиши сатҳи онро ҳамчун вазифаи асосии дар назди роҳбарон қарор додааст. Ҳоло дар тамоми минтақаҳо барномаҳои мақсадноки шуғли аҳолӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҳоло дар вилояти Бухоро зиёда аз 1 миллион нафар аҳолии қобили меҳнат мавҷуд буда, аз он 76 ҳазор нафарашон бекоранд. Ҳар сол қариб 37 ҳазор нафар ҷавонон ба бозори меҳнат дохил мешаванд. Бо дарназардошти ин, дар солҳои 2023-2025 дар вилояти Бухоро бекорӣ комилан барҳам дода мешавад.

Барои ин тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Масалан, дар Бухоро 11 кластерҳои пахта-нассоҷӣ ва ғаллакорӣ мавҷуд буда, онҳо нақша доранд, ки дар саноат ва кишоварзӣ 94 ҳазор, аз ҷумла аз ҳисоби рушди хонакорӣ 19 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис диҳанд.

Дар маҳаллаҳо ифтитоҳи 57 микромарказ дар соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, хонакорӣ, чорводорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, дар 98 маҳаллаи сатҳи бекориаш баланд ташкил намудани коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ дар назар аст.

Имконияти имсол ба муомилот баровардани 15 ҳазор гектар майдони кишт қайд карда шуд. Ин заминҳо барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонии нав ба тариқи озмуни кушодаи электронӣ ба аҳолӣ дода мешаванд.

Инчунин пешниҳодҳо оиди ба музояда гузоштани активҳои давлатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар заминаи онҳо пешниҳод гардиданд.

Таъкид гардид, ки дар маҷмӯъ дар натиҷаи ин тадбирҳо дар соли ҷорӣ 250 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, дар солҳои 2023-2025 вилояти Бухоро ба вилояте табдил меёбад, ки дар он шуғли аҳолии кишвар пурра таъмин мегардад.

Дар ҷараёни муаррифӣ ҳамчунин доир ба лоиҳаи якҷоя бо Ҳиндустон созмон додани кластери IT дар ноҳияи Қаракӯл маълумот дода шуд.

Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро маъкул донист ва супоришҳои иловагӣ дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: