САЛОҲИЯТИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ВА БЕРУНИИ КИШВАРАМОН МЕАФЗОЯД

  • САЛОҲИЯТИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ВА БЕРУНИИ КИШВАРАМОН МЕАФЗОЯД
  • САЛОҲИЯТИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ВА БЕРУНИИ КИШВАРАМОН МЕАФЗОЯД

Шумораи сайёҳони хориҷӣ, ки ба кишварамон омадаанд, то моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба соли 2021 се баробар афзоиш ёфтааст.

Аз аввали сол ҳаҷми содироти сайёҳӣ 926 миллион долларро ташкил дод. Сафари меҳмонон ба ҳисоби миёна 4-5 рӯзро ташкил дода, хароҷот то 305  доллар зиёд шуд. Шумораи сайёҳони дохилӣ нисбат ба соли гузашта 3,5 баробар афзуда, ба 7,5 миллион нафар расид. 

Ин маълумот дирӯз дар ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба чораҳои баланд бардоштани иқтидори сайёҳии дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев баргузор, шуд, қайд гардид. Дар он рушди ин соҳа дар кишвари мо мавриди таҳлил қарор гирифта, ба он таваҷҷуҳ дода шуд, ки имконоти дар минтақаҳо мавҷуд то чӣ андоза  истифода мешаванд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, аз аввали сол ба Самарқанд 2 миллиону 300 нафар сайёҳони маҳаллӣ омадаанд, ки дар байни вилоятҳои ҷумҳуриамон аз ҳама зиёд мебошад. Инчунин, шумораи сайёҳони хориҷӣ нисбат ба соли гузашта 3,5 баробар афзуда, ба 553 ҳазор нафар расидааст. Аз ҷумла, аз Русия 213 ҳазор, аз Тоҷикистон 125 ҳазор, аз Қазоқистон 72 ҳазор ва аз Туркия 17 ҳазор сайёҳон барои баҳрабардорӣ аз зебоиҳои Самарқанд омадаанд. 
– Имрӯз дар вилояти мо 488 воситаҳои ҷойгиркунии дорои 13 ҳазору 562 ҷой, аз ҷумла 151 меҳмонхона, 293 хонаҳои меҳмонӣ мавҷуд аст, – мегӯяд муовини ҳокими вилояти Самарқанд, сардори раёсати сайёҳӣ ва меъроси фарҳангӣ Рустам Қобилов. – Аз аввали соли ҷорӣ 32 адад, танҳо дар моҳи сентябр 13 меҳмонхонаи дорои 2 ҳазору 899 ҷой ба истифода супурда шуд. То охири сол боз 7 меҳмонхонаи дорои 840 ҷой ба истифода дода мешавад. Шумораи фирмаҳои сайёҳии мо ба 192 адад расид. Онҳо 144 автобуси сайёҳӣ ва 136 микроавтобус доранд, ки метавонанд ба сайёҳон хидмати замонавӣ расонанд. 
Сайёҳоне, ки ба Самарқанд меоянд, мехоҳанд, ки дар баробари шинос шудан бо обидаҳои таърихии якчандасра, меъроси ғании миллии халқамон, анъана ва арзишҳои он, аз табиати нотакрор ва таомҳои ба худ хоси кишварамон баҳраманд гарданд. Аз ин рӯ, дар солҳои минбаъда бо мақсади фароҳам овардани чунин имкониятҳо барои сайёҳон дар вилоят деҳаҳои сайёҳӣ ташкил карда шуданд. 
Аз ҷумла, дар ноҳияи Самарқанд маҳаллаи Конигил, дар Ургут Терсак, дар Нуробод Оқсой, дар Пайариқ Чоштеппа, дар Қаттақӯрғон Андоқсой ба деҳаҳои сайёҳӣ табдил дода шуданд. Дар шаҳри Самарқанд кӯчаи Орзу Маҳмудов мақоми кӯчаи гастрономӣ, кӯчаи Ислом Каримов ба кӯчаи савдои савғотиҳо ва шоппинг, кӯчаи Алишер Навоӣ мақоми кӯчаи фарҳангу осорхонаро гирифт. Шумораи музейҳо дар вилоят ба 13 адад расид. 
Дар арафаи нишасти сарони СҲШ дар Самарқанд «Осорхонаи дӯстии халқҳо» ва «Осорхонаи Роҳи абрешим» ба кор шурӯъ карданд. Корҳо оид ба ташкил кардани боз се осорхона идома доранд. 
Бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар Самарқанд барпо карда шудани Маркази байналмилалии сайёҳӣ  салоҳияти сайёҳии вилоятро якчанд баробар афзун гардонд. Ҳафтаи гузашта дар ин ҷо нишасти навбатии Созмони ҳамкории Шанхай дар савияи баланд гузашт. Ин маркази   серсоҳа 8 меҳмонхонаи замонавӣ, маркази конгресс, маҷмӯи «Шаҳри абадӣ», амфитеатр ва бисёр иншооти дигарро дар бар мегирад. Марказ метавонад соле ба 2 миллион сайёҳ хидмат расонад. Аз ин марказ то шаҳраки Конигил ва аз он ҷо то Регистон дар масофаи 8,4 километр хатсайри нави сайёҳӣ пайдо шуд. Дар ин самт 7 объекти мероси таърихию фарҳангӣ, 205 мағоза, 36 нуктаи хӯроки умумӣ ва хидматрасонӣ фаъолият доранд.
– Дирӯз сарвари давлатамон оид ба ҷалби сайёҳон ба ин маҷмӯъ, ки ба дарвозаи нави сайёҳии кишвар ва «коғази ташриф»-и Ӯзбекистони Нав табдил ёфтааст ва дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳо ва ширкатҳои хориҷӣ тарғиб кардани бренди «Самарқанд – дарвозаи сайёҳии Ӯзбекистони Нав»  дастуру супоришҳо дод, – гуфта суханашро давом дод Р. Қобилов. – Инчунин, вазифаи самарабахш истифода бурдан аз аэропорти байналхалқии навшудаи Самарқанд, афзун гардондани парвозҳои байналхалқӣ гузошта шуд. Дар айни ҳол ба воситаи ин фурудгоҳ 15 парвоз ба Маскав, 6 парвоз ба Истанбул, 5 парвоз ба Краснодар, 4 парвоз ба Сочӣ ва Алмаато, 2 парвоз ба Дубай ва дигар парвозҳо анҷом дода мешаванд. Интизор меравад, ки дар ин рӯзҳо парвоз ба Дубай боз афзоиш ёфта, парвозҳо ба Боку низ оғоз шаванд. 
Президент таъкид намуд, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба мувофиқа расида, зарурати роҳандозии ҳадди аққал 10 парвози байналмилалӣ аз Аврупо, Осиё, Амрико, кишварҳои Араб ва кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монда шавад. Инчунин, аз вилоятҳои водӣ, шаҳрҳои Нуқус, Урганҷ ва Тирмиз ҳар рӯз камаш 1 маротиба парвоз ба амал бароварда шавад. Дар асоси ин ва дигар вазифаҳо қарор шуд, ки маъракаи таблиғотии «Самарқанд – дарвозаи сайёҳии Ӯзбекистони Нав» гузаронда шавад. Дар ин бобат корҳо оғоз ёфтанд. 
Дар ҷамъомад ба Девони Вазирон супориш дода шуд, ки барномаи солонаи баргузории вохӯриву конфронси байналмилалӣ дар Самарқандро тасдиқ кунад. То охири сол дар маркази нави сайёҳӣ баргузории як  қатор конфронсу анҷуман ва озмунҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ба муносибати 27 сентябр – Рӯзи  байналмилалии сайёҳӣ форум, 8-9 октябр Ҷоми Осиё оид ба триатлон ва ҷашнвораи байналмилалии гастрономия, 24-27 октябр ҳафтаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Ӯзбекистон, форуми иқтисодӣ ва мулоқоти навбатии сарони кишварҳои туркизабон дар моҳи ноябр, ниммарафони Самарқанд ба назар гирифта шудааст.

Ғолиб ҲАСАНОВ,
мухбири  ӮзА. 
Суратгир: А. ИСРОИЛОВ (ӮзА).   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: