ЗАНГИ АВВАЛ — ДАЪВАТ БА ДОНИШ

Чун ҳамасола пас аз ҷашни аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз – Истиқлолияти давлатии мамлакат 5 сентябр дар тамоми мактабҳои таълими ҳамагониву миёнаи махсус ва олии кишвар соли хониши нави 2022-2023 оғоз ёфт.

Он рӯз хонандагон ва донишҷӯён боз ба дидори ҳамдигар расиданд ва бо мақсадҳои нек дастҷамъона соли нави хонишро оғоз карданд.
Хурсандии наврасоне, ки қадами аввалини худро ба синфи 1-ум гузоштанд, ҳадду канор надошт. Чунин хурсандиро дар саҳни мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 34-уми деҳаи тоҷикнишини Сентоби ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё низ мушоҳида кардан мумкин буд. Дар ҳавлии мактаб хонандагон ва омӯзгорони дабистон ҷамъ омаданд. Пас аз суханронӣ ва табрикоти омӯзгорону  роҳбарияти мактаб аз ҷониби хонандагони синфи 1-ум «занги аввал» садо дод. Истиқлолият, сулҳ, осоишу оромӣ, Ватан ва ватандӯстӣ аз мавзӯъҳои асосии дарси аввал буд.
– Дар соли нави хониш 47 нафар хонанда ба синфи 1-ум қабул гардид. Ба онҳо аз ҷониби шӯъбаи таълими халқи ноҳия тӯҳфаи Президент супорида шуд. Дарвоқеъ, солӣ ҷорӣ аз 43 нафар довталабони мактаб 14 нафар хонанда ба донишкадаҳои мамлакат дохил шуданд, – гуфт директори мактаб Ҳамзахол Юлдошев. – Соли хониши 2022-2023 дар мактаби мо ҷамъ 490 нафар хонанда таҳсил мегиранд, ба онҳо 75 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Фикр мекунам, соли хониши ҷорӣ низ мувофиқи нақша идома хоҳад кард.
Дар замони тараққиёти илму техника мувофиқи барномаҳои такмилёфтаи хониш ба насли наврас таълиму тарбия додан, тайёр намудани кадрҳои соҳибмалака аз вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин дар ҷумҳурӣ дар ҷараёни таълиму тарбия ба татбиқ намудани материалҳои мултимедӣ ва технологияи навтарини ахбор, нав кардани мазмуни таълим ва барномаҳои хониш, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон  ва ғайра эътибори алоҳида дода мешавад. Дар ин бобат қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таълим» ва «Дар бораи Барномаи миллии тайёр кардани кадрҳо» нақши алоҳида мебозанд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 
Вилояти СИРДАРЁ. 
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: