ӮЗБЕКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШУКУФОИИ ВАТАН МАҲЗ ДАР ЗИММАИ ОНҲОСТ

Ба наздикӣ халқи мо дар воқеаи муҳими сиёсии таърихи Ӯзбекистон – интихоботи пешазмуҳлати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок кард, баъдан дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлис маросими мутантани ба вазифа шурӯъ кардани сарвари аз навинтихобшуда Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, ки мувофиқи анъанаву суннатҳои миллӣ ва дар пояи равандҳои демократӣ гузашт.

Нутқи Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев мазмуну муҳтавои амиқ дорад, дар он самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи шаҳрвандон муайян шудаанд. Боиси зикр мебошад, ки сарвари давлат ба ҷавонон эътибори махсус дод, зарурияти ҷалб кардан ва иштироки фаъоли онҳоро дар рушду шукуфоии кишвар таъкид сохт. 
Ҳоли ҳозир иқдом ба Эҳёи Сеюм барои такмил додани нафақат низоми таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, балки фароҳам овардани шароите, ки ба рушди муназзам ва дастгирии фаъолияти ҷисмониву маънавӣ, таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи солими ҳаёти ҷавонон мусоидат кунад, ҷанба ва самтҳои навро пеш мегузорад. 
Солҳои ҷавонӣ барои тамоми ҳаёти минбаъдаи инсон аҳамияти махсус доранд, маҳз онҳо аз бисёр ҷиҳат дар зиндагӣ ба чӣ гуна комёбиҳо ноил гардидани касро мушаххас месозанд. Дар суханронии худ бо раҳнамоӣ ва дархости комёбӣ ба онҳо роҳбари давлат таъкид намуд: – «Ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошед, бигузор бахту омад ҳамроҳи шумо бошанд!». 
Аз ин рӯ, ба зиммаи ҷавонон, ки бояд кори созандагии куҳансолонро идома диҳанд, иқтидори рақобатбардории миллиро бештар кунанд, шукуфоӣ ва пешрафти Ӯзбекистонро дар Эҳёи Сеюм таъмин намоянд, масъулияти бузург гузошта мешавад.     
Зеро ҷавонони Ӯзбекистони Нав ашхоси ҷамъияти нав буда, пойдории давлатдорӣ ва истиқлолияти кишвари худро куллан дарк кардаанд. 
Алҳол ҷавонони аз ҷиҳати иҷтимоӣ фаъол имконияти воқеӣ доранд, ки ба хидмати давлатӣ қабул шаванд ва зина ба зина пеш раванд, корхонаи худро кушода, инкишоф диҳанд, бо худомӯзӣ, илмомӯзӣ, варзиш, эҷодиёт ва бисёр дигар намудҳои фаъолият бомуваффақият машғул бошанд. Ба ин кор танҳо ҷавонони ватандӯст, босавод, боҳунар, аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, соҳибиқтидор ва дорои масъулияти иҷтимоиву шаҳрвандиву ба фаъолона пешбурди ислоҳот тавоно қодиранд, то ки Ӯзбекистони Нав бунёд ёбад. 
Бинобар ҳамин ҳам роҳбари давлат ба ҷавонон муроҷиат намуда, таъкид кард, ки ҳоло худи таърих, замони кунунӣ барои онҳо имкониятҳои бесобиқа фароҳам меоварад, ҷавонон бояд онро аз даст надиҳанд, имкониятеро, ки давлат ва халқ барояшон фароҳам овардаанд, қадр кунанд. 
Мо медонем, ки ҷавонон муҳаррики асосии фардо мебошанд. Роҳи ояндаи Ӯзбекистон ба дараҷаи пешрафт, имконият, вазифашиносӣ, сатҳи иштироки ҷавонон ба ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятии онҳо вобаста аст. Асоси ин оянда бошад, аз имрӯз гузошта мешавад.
Агар гӯем, ки барои беҳтар шудани сифати ҳамкории давлат ва ҷавонон саъю кӯшиши зиёд амалӣ шудаанд, аз рӯйи адолат аст. Ҷавонон ба тамоми соҳа ва самтҳои мамлакат ҷалб карда шудаанд. Бобати кор бо духтарону писарон созмонҳои махсус ташкил мегарданд, барои таълим ва ҳамаҷониба инкишоф ёфтани онҳо шароит фароҳам оварда мешавад. Ҳамаи ин саъю кӯшиш, бешубҳа, натиҷа хоҳанд дод. Зеро Ӯзбекистон кишвари ҷавонон аст ва масъулияти шукуфоии Ватан маҳз ба зиммаи онҳо гузошта мешавад. 

Олга ЛИТВИНОВА, 
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: