Рӯзномаи Global Times: ӮЗБЕКИСТОН ДАР БАЙНИ 5 КИШВАРИ ПЕШҚАДАМИ БОЗИҲОИ ОСИЁӢ ДАР ХАНЧЖОУ

Рӯзномаи машҳури англисии ҶМЧ дар бораи низоми самарабахши тайёркунии варзишгарони касбӣ, мураббиён, кормандони тиббӣ ва ҳакамҳои Ӯзбекистон.

Дар саҳифаҳои рӯз-номаи машҳури ҳаррӯзаи Чин «Global Times» таҳти сарлавҳаи «Ӯзбекистон дар Бозиҳои осиёии воқеъ дар Ханчжоу, ба шарофати сиёсати варзиш дар кишвар ба сафи 5 кишвари аз ҷиҳати варзиш пешқадам дохил шуд» мақола интишор ёфт. 
Бозиҳои осиёии Ханчжоу аз ғалабаҳои дурахшон ва хотирмони варзишии иштирокдорон пур буд. Дар байни онҳо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон соҳиби 71 медал, аз ҷумла 22 медали тиллоӣ, 18 нуқрагӣ ва 31 биринҷӣ гардида, ба сафи 5 кишвар ва минтақаи пешқадами Осиё ворид гардид, қайд мекунад нашрия. 
Бинобар маълумоти «Global Times» солҳои охир Ӯзбекистон бо варзишгарони машҳури худ – шоҳмотбозон, муштзанон, дзюдочиён, вазнбардорон ва ғайра нуфузи мамлакатро дучандон намуд. Дар Бозиҳои осиёии Ханчжоу тамошогарон шоҳиди зуҳур кардани ситораҳои варзиши Ӯзбекистон дар соҳаҳои бокс, таэквандо, атлетикаи сабук, шамшербозӣ, қайиқронӣ ва ғайра гардиданд. 
«Мушоҳидон таъкид намуданд, ки ин натиҷаи рушди варзиш дар мамлакат мебошад. Дар Ӯзбекистон низоми самарабахши тайёркунии варзишгарони кас-бӣ, мураббиён, кормандони тиббӣ ва ҳакамҳо ташаккул ёфтааст, – зикр мегардад дар мақола. – Татбиқсозии ҳадафҳои мазкур ба тарғибу ташвиқи васеи тарзи ҳаёти солим ҳамаҷониба тарбия намудани ҷавонони пешқадам, рушди минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусоидат мекунанд». 
Чораҳо бобати пешбурди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 муайян шудаанд. Соли 2022 хароҷоти барои пешрафти варзиш  ҷудогардида дар Ӯзбекистон нисбати соли 2017-ум панҷ баробар афзуд, менависад рӯзнома.
Таъкид мегардад, ки дар мамлакат 118 иншооти бузурги варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, боз 110 иншоот таҷдид гардидаанд. Ба шарофати инфрасохтори варзишӣ Ӯзбекистон ҷойи баргузоркунии мусобиқаҳои бузурги байналхалқӣ, аз ҷумла чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё оид ба бокс, таэквандо, гӯштини озод, шамшербозӣ ва намудҳои дигари варзиш гардид. Ба гузаронидани Бозиҳои осиёии ҷавонон дар соли 2025-ум тайёрӣ дида мешавад. 
Дар кишвар тарзи солими ҳаёт дар байни ҷавонон васеъ тарғибу ташвиқ мегардад, машғулиятҳои оммавии варзишӣ гузаронида мешаванд. Варзишгарони ӯзбекистонӣ, ки дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла дар Бозиҳои осиёии Ханчжоу ба ғалабаҳои бузург муваффақ шуданд, иқтидори баланди варзишии Ӯзбекистонро намоиш медиҳанд. Натиҷаҳои дар Ханчжоу ба дастовардаи варзишгарон Ӯзбекистонро ба ҷомеаи варзишии ҷаҳон ҳамчун кишваре, ки дар он варзиш бо суръати баланд инкишоф меёбад, равшан муаррифӣ менамоянд, – хулоса мекунад Global Times.

АИ «Дунё»,
шаҳри ПЕКИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: