Маҷмӯи мазкур дар наздикии аэропорти байналхалқии Урганч дар зиёда аз 130 гектар майдон барпо мегардад.
Дар маркази шаҳрак ҳайкали Ал-Хоразмӣ қад меафрозад. Донишгоҳ ба номи аллома ва назди он мактаби ба бачагони боистеъдод ихтисосонидашуда сохта мешаванд.
Инчунин ин ҷо марказҳои илму фан, инноватсия ва маданият, технопарк, клиникаи тиббӣ, хиёбонҳо, 4 мактаб ва 6 боғчаи бачагона, маҷмӯҳои варзишӣ, ҷойи исти мошинҳо, биноҳои савдо ва маишӣ барпо карда мешаванд. Сохтани 133 бинои бисёрошёнаи дорои 5444 хонадон дар назар аст. Иншооти мазкур бо «технологияҳои боақл» таҷҳизонида мешаванд.
Алҳол зинаи аввали корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, 20 бинои 5 қабата қад афрохт. То охири сол боз 12 то бинои бисёрошёна сохта мешавад. Барои саривақт ва босифат барпо гардидани маҷмӯъ 35 ташкилоти бинокории пудратчӣ ҷалб шуда, ба он зиёда аз 2 ҳазор коргарон сафарбар гардидаанд. Рӯзҳои наздик дар атрофи ҳайкали Ал-Хоразмӣ шинондани ниҳолҳои ба иқлими ҳудуд мусоид дар назар аст.
Дар суратҳо: лавҳаҳо аз сохтмони шаҳраки Ал-Хоразмӣ.
Суратгир: Беҳзодбек САИДОВ (ӮзА).