ҚУФЛКУШОИ ҲАМА ДАРҲОСТ ИЛМ

Бо мақсади минбаъд бештар кардани фарогирии ҷавонон ба мактабҳои олӣ ва пурзӯр намудани рақобати солими байни муассисаҳои таълими олӣ, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудаанд, дар матбуот Қарори сарвари кишварамон «Дар бораи параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба қабул барои таҳсил ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2021-2022» эълон гардид.

Бо мақсади минбаъд бештар кардани фарогирии ҷавонон ба мактабҳои олӣ ва пурзӯр намудани рақобати солими байни муассисаҳои таълими олӣ, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудаанд, дар матбуот Қарори сарвари кишварамон «Дар бораи параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба қабул барои таҳсил ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2021-2022» эълон гардид. Мо ба ҳамин муносибат бо доктори илмҳои физикаю математика, ҷонишини раиси комиссияи қабул, проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ Аҳмадҷон СОЛЕЕВ суҳбат кардем.
– Хушбахтона, имсол ҳам аз 20-уми июн бақайдгирии довталабон тавассути маркази хидматҳои давлатӣ ва портали ягона, яъне онлайн ҷараён гирифт, ки ба тирбанд шудани мардум дар шуъбаи комиссияи қабули донишгоҳ хотима гузошт, – гуфт Аҳмадҷон Солеевич. – Бояд таъкид намуд, ки имсол нуфузи донишгоҳи мо боз ҳам афзуд. Дар назди он шуъбаи донишкадаҳои омӯзгории Ӯзбекистону Финландия таъсис ёфтанд, ки вазифаи онҳо тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аст. Дар шуъбаҳои рӯзона, шабона ва ғоибонаи он беш аз 1200 нафар таҳсил мегиранд. Инчунин, дар назди ДДС  Донишкадаи педагогика ва тадбиркории Деҳнави вилояти Сурхондарёро ташкил кардем, ки 300 нафар сабақ мегиранд. Дар ноҳияҳои Ургут, Каттақӯрғон ва Самарқанд низ шуъбаҳо кушодем, ки имсол ҷавонони маҳаллӣ дохил мешаванд. 
– Аҳмадҷон Солеевич, санҷиши дониши довталабон чӣ хел сурат мегирад?
– Имтиҳонҳои тестӣ аз ду фанни самти таҳсили бакалавриат, ки довталаб интихоб намудааст,  гузаронида мешавад. Аллакай дар чанд ҷойи Самарқанд манзилҳои муносиби кушода ва пӯшида интихоб гардида, дар он ҷойҳо камераҳои назоратии ошкоро ва пинҳонӣ гузошта шуданд, ки бояд пеши ҳар гуна фиребгариро дар ҷараёни имтиҳон бигиранд. Ба довталабон ҳуқуқи иштирок дар озмуни то панҷ самти таҳсилоти бакалавриат бо блоки якхела ва пайдарпайии фанҳое, ки санҷишҳои тестӣ гузаронида мешаванд, дода мешавад. Занону духтароне, ки тавсияномаи Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро доранд, нишондиҳандаҳои чорфоизаи қабул дар асоси гранти давлатиро хоҳанд гирифт.
– Боз кадом довталабон аз имтиёзҳои қабул истифода бурда метавонанд?
– Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ дар ҷумҳурият ва дар арсаи байналхалқӣ. Чемпионҳои Ӯзбекистон оид ба  шоҳмот ҳақ доранд ба факултаи дилхоҳи худ бидуни имтиҳон дохил шаванд. Чемпионҳо аз намудҳои дигари варзиш бо тарзи суҳбат ба факултаи тарбияи ҷисмонӣ қабул мешаванд. Бинобар ҳамин ба насли наврас маслиҳат медодам, ки бештар бо варзиш машғул шаванд. 
– Аҷиб аст, худи шумо бо кадом намуди варзиш шуғл меварзед?
– Агар солҳои мактабхонӣ аз паси тӯб давида бошам, ҳоло шоҳмот ва тенниси рӯйи миз ҷону дилам аст. Рӯзҳои истироҳат ба сайру саёҳати кӯҳсор баромада, ҳар рӯз 5-6 ҳазор қадам пиёда мегардам. Сигоркаширо бад мебинам, таассуфовар аст, ки баъзе наврасон ба калонсолон тақлидомез сигор мекашанд. Албатта, чунин ҳол аз бепарвоии волидайн аст. 
– Фаҳмо, акнун боз ба масъалаи мактаби олӣ баргардем. Соли гузашта доир ба ҷараёни кӯчондан ва барқароркунӣ ба таҳсил бисёр гапу калочаҳо шуда буд...
– Дуруст. Воқеан, дар қаламрави Ӯзбекистон 34 ҳазор нафар, аз он ҷумла ба донишгоҳи мо, беш аз се ҳазор нафар толибилмони мактабҳои олии хориҷӣ бо муаммои кӯчонидан муроҷиат карданд. Тафтиш ва санҷишҳо нишон доданд, ки аксарият бо ҳуҷҷатҳои сохта номи «донишҷӯй»-ро гирифтаанд. Масалан, чанд нафар довталабони самарқандӣ гӯё ба шуъбаи рӯзонаи мактабҳои олии шаҳри Панҷакенти ҷумҳурии ҳамсоя дохил гардидаанд, вале дар шиносномаашон танҳо як маротиба сарҳади ду кишварро убур карданашон қайд шудааст. Идораҳои дахлдор ҳаннотии чунин ба ном донишҷӯёнро фош сохтанд. Имсол низ ҷараёни пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои кӯчондан ва барқароркунӣ ба таҳсил қатъӣ санҷида мешаванд. Комиссияи махсус аз се фанни асосии донишҷӯ имтиҳони тестӣ гузаронида, ба дониши онҳо баҳои холисона хоҳад дод. Шахсоне, ки аз озмоиш нагузаштанд, дар асоси шартномаи пулакӣ ба хондан қабул мешаванд.
– Аз бисёр гӯшаю канори ҷумҳурият довталабони тоҷикзабон ва наздикони онҳо ба идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» занг зада ё тавассути мактуб мепурсанд, ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд чанд гурӯҳи тоҷикӣ ҳаст ва ҷараёни қабул чӣ гуна аст?
– Ба маълумоти шумо мерасонам, ки тавассути интернет метавон ба ҳама гуна маълумот соҳиб шуд. Аммо ҷавоб медиҳам, ки дар донишгоҳи мо 11 гурӯҳи тоҷикӣ ҳаст. Ба факултаи филологияи тоҷик 40, ба математика ва информатика 17, ба физика 15,  ба кимё 15, ба биология 15, ба таърих 16, ба таълими ибтидоӣ 18, ба технологияи таълим 15 нафар довталабони хатмкардаи мактабҳои тоҷикӣ қабул мешаванд. Онҳо санҷиши тестӣ месупоранд.
– Чаро дар дигар мактабҳои олии Самарқанд, масалан тиббиёт, кишоварзӣ, меъморӣ, савдо, забонҳои хориҷӣ гурӯҳҳои тоҷикӣ нестанд?
– Ба ин пурсиши шумо ман ваколати ҷавоб додан надорам…
– Шунидем, ки китоби сеҷилдаи дарсии шумо аз чоп баромадааст ва аз рӯйи он донишҷӯёни мактабҳои олӣ сабақ мегиранд...
– Барои худситоӣ не, дар омади гап таъкид кардан ҷоиз аст, ки камина аллакай қариб даҳ номгӯй китобҳои дарсӣ оид ба математика навиштаам. Сарвари давлатамон 7 майи соли 2020 қарореро «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани сифати таълим ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи математика» имзо карда буд, ки дар он як қатор вазифаҳои вобаста ба сатҳи баланд бардоштани илм ва таълимоти математика қайд шудааст. «Ҳадафи мо дар рушди ин соҳа фароҳам овардани муҳити рақобат, тайёр кардани кадрҳои хуб мебошад», – гуфт Президент Шавкат Мирзиёев.
Бояд таъкид намуд, ки сарвари давлатамон дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ба рушди математика аҳамияти махсус дод, ки мо, мутахассисони соҳаро хурсанд кард ва рӯҳи тоза бахшид.
Шумо медонед, ки мувофиқи нақша ва дастурҳои таълимӣ омӯзиши математика аз давраи ба дабистон қадам ниҳодан оғоз мегирад ва минбаъд дар зинаҳои дигари таълим идома меёбад. Аз якуми январи соли равон ҳукумат барои математикҳои ҷавон сертификати миллиро ҷорӣ намуд, ки Маркази давлатии тест бо саволҳои муайян дараҷаи дониши хатмкунандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ва тахассусиро месанҷад. Дар асоси қарори мазкур ва дар ҳамкорӣ бо садорати таълими халқи вилоят, ки сарвараш Зебунисо Шодиева аст, чанд мактаб аз санҷиш гузаронида шуданд. Мутаассифона, натиҷа мувофиқи талаби замон нест. 
– Аҳмадҷон Солеевич, шумо устоди устодон, бобои дуогӯй, машъалафрӯзи илму маърифат ҳастед, ба насли наврас ва ҷавонони мо чӣ маслиҳату тавсияҳо медиҳед?
– Биёед, хубтараш аз Паёми дурандешонаи сарвари давлатамон ба Олий Маҷлис иқтибос оварам: «Мо дар назди худ як ҳадафи бузург – ташаккул додани заминаи эҳёи нав дар кишварамонро гузоштем ва бо ин мақсад бояд барои тарбияи Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобурҳои нав муҳит ва шароит фароҳам оварем. Дар ин раванди таърихӣ муҳимтарин омил, ҷузъи ҷудонашавандаи ғояи миллии мо рушди таълиму тарбия, илм ва навоварӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошанд. Танҳо дар он сурат фарзандони мо он нерӯи воқеӣ хоҳанд шуд, ки орзуи деринаи мардуми моро амалӣ карда метавонанд».
Ин аст, дархости ман. Аз имконият истифода бурда, ба довталабон комёбиҳо таманно дорам. Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд чанд байти пандомезро аз шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ азбар карда будам:
Тоҷи сари ҷумла 
ҳунарҳост илм, 
Қуфлкушои ҳама 
дарҳост илм.
Дар талаби илм камар 
чуст кун,
Даст зи ашғоли дигар 
суст кун!

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: