МУАЛЛИМ – МУҲАНДИСИ РӮҲИ ОДАМИЗОД

Бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ дар Маркази матбуоти миллӣ таҳти мавзӯи «Ҷараёни қабул барои соли хониши 2023-2024 дар ДДОТ» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Таъкид гардид, ки имрӯз дар донишгоҳ 1200 нафар педагог, аз ҷумла, 55 нафар доктори фан ва наздик ба 400 нафар номзади илм ба ҷавонон таълиму тарбия дода истодаанд. 13 факултет ва 52 кафедра мавҷуд буда, дар факултети педагогикаи махсус ва таълими инклюзивӣ се самти таълим фаъолият бурда истодааст.  Дар ин самт 4 кафедра мавҷуд буда, 54 нафар омӯзгор-профессорон ба 1260 нафар донишҷӯ дарс медиҳанд. 
Факултети забонҳо, таълими томактабӣ, мусиқӣ, физика-математика, таълими касбӣ, таълими ҳарбӣ, таърих, фанҳои табиӣ, таълими ибтидоӣ, забонҳои хориҷӣ амал мекунанд.
Дар факултаи таълими касбӣ 4 кафедра мавҷуд буда, дар инҳо наздик 800 нафар талаба таҳсил мегиранд. Факултети забонҳои хориҷӣ 1 223 нафар талабаро фаро гирифта, дар он 4 кафедра фаъолият мебарад.
– Солҳои охир сохтори соҳаи таълим аз нав бунёд гардид. Бо ташаббуси роҳбари давлат дар чаҳорчӯбаи Барномаи давлатии «Эътибор ба инсон ва таълими босифат» ба самти сифати таълими халқ такони нав бахшида шуд. Ба гуфтаи Президент дар мактаб миллат, насли нав, давомдиҳандаи ҳаёти мо таълиму тарбия мегирад. Омӯзгор бояд шогирдонашро ҳамчун фарзанд дӯст дорад, бо муҳаббати тамом ба онҳо асосҳои илмро биомӯзад. Ин даргоҳ муаллим, тарбиядиҳанда, ки тақдири инсон дар дасти ӯст, тайёр мекунад, – гуфт ректори донишгоҳ Абдуғаффор Қирғизбоев.
Ба саволҳои ходимони ВАО, ки аз «Дар мактабҳо 95 фоизи омӯзгорон занон мебошанд. Зан – модар, дар баробари сахтгир будан, ҳалиму меҳрубон аст. Дараҷаи ҷалби муаллим-мардон  ба мактаб чӣ гуна аст?», «Хонаву ҷойи имтиёзнок барои омӯзгорони ҷавон» ва ғайра масъулони соҳа ҷавоб доданд. 

С.БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: