Алҳол шифокорон дар роҳи мубориза бар зидди пандемия ба маънои томи сухан қаҳрамонӣ зоҳир мекунанд.
Алҳол шифокорон дар роҳи мубориза бар зидди пандемия ба маънои томи сухан қаҳрамонӣ зоҳир мекунанд. Яке аз онҳо духтари шоистаи деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд Хурсандой Ҷабборова аст.
Падари бузургвори ӯ раҳматӣ Шодмон Ҷабборов дар шифохонаи бачагонаи ин деҳаи хушҳаво боғбон буд. Вай баъзан духтараш – Хурсандой ва писаронашро бо худ ба табобатхона мебурд, то аз табиати нотакрор ва манзараҳои дилнишини он баҳра баранд.
Шифокорон, алалхусус ҳамшираи шафқат Шарофат Самадова, ки хилъати сафед ба ӯ мезебиду табассуми ҷозибанок ва суханҳои ширин дошт, Хурсандойро меҳрубонона ба оғӯш кашида, навозиш мекард, шириниҳо медод. Духтарча ба ин зани ҳалиму хоксор, дилёбу дарёдил дил баст. Акнун ҳар гоҳ қиблагоҳаш ба кор равон шавад, вай исрор мекард, ки ӯро ҳамроҳ гирад. Шояд аз ҳамин сабаб Хурсандой ҳангоми таҳсил дар мактаби зодгоҳ дар мавзӯи «Касби дӯстдоштаи ман» иншо навишта, иброз дошт, ки мисли Шарофат Самадова шифокор мешавад ва бачагонро табобат мекунад.
Вай пас аз гирифтани номаи камол ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд супурд. Афсӯс, ки соли аввал барои қабул чанд хол нарасиду орзуяш ҷомаи амал напӯшид. Аммо руҳафтода нашуд, ба имтиҳонҳо тайёрии бештар дид.
– Духтарам, хубтараш муаллима шав, – дилсӯзона гуфт модараш Фотима Ашрафзода.– Ба донишкадаи тиббӣ дохил шудан осон не...
– Не, оча, ман, албатта, мисли Шарофатойтӣ табиб мешавам, – бо қатъият ҷавоб дод ӯ. – Аз шумо – дуо.
Фотимахола феълу атвори духтарашро медонист, бинобар ин дигар чизе нагуфта, бо табассум ӯро ба оғӯш кашид ва роҳи сафед талабид. Хурсандой шабу рӯз болои китоб нишаст. Рӯзи санҷиш фаро расид. Модару падар даст ба дуо бардошта, омад талабиданд. Вай аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашта, номи донишҷӯйро гирифт. Дар донишкада аз устодон – бародарон Аҳтамовҳо, Матлуб Самеъбоев, Абдулло Ҳамроев, Ӯктамой Ваҳҳобова ва дигарон бисёр чизҳоро омӯхт. Дар арафаи хатми мактаби олӣ бо ҷавони пешқадами деҳа Абдулло Ҷабборов ақди никоҳ баст.
Воқеан, насаби ҳар ду дилдодагон Ҷабборов буд. Азбаски Абдулло дар шуъбаи корҳои дохилии собиқ ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Самарқанд адои вазифа мекард, аз рӯйи қоидаи он замон Хурсандой дар шифохонаи шаҳр фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд ва аз соли 1990 корро дар зодгоҳи худ идома дод. Аҷибаш он буд, ки пас аз се сол сарвари Иттиҳодияи тиббии ноҳия Гулшер Турсунов Хурсандой Ҷаббороваро мудири шифохонаи деҳа таъин кард.
– Хурсандой Шодмоновна, – ба фаҳмондан пардохт Гулшер Асрорович, – тавсияномаро аз фаъолони деҳа гирифтам. Сонӣ, ман чӣ хел шифокор будани шуморо хуб медонам. Ана, Раҳима Ҳакимова, бо вуҷуди зан буданашон, ҳокими ноҳия. Ба шумо боз чӣ хел мисол лозим?! Хубтараш, бо меҳру муҳаббат ба кор часпед. Кор кунед.
– Хӯш, чӣ кор кунам? – содалавҳона пурсид ӯ.
– Ана ин гапи дигар, – табассум дар лабони сардор шукуфт, — ҳамроҳ поликлиникаи замонавӣ месозем.
– Фаҳмо!
Хурсандой бегоҳӣ ҳамсарашро аз «муждаи охирин» огоҳ сохт. Абдуллоҳ намуди ҷиддӣ гирифта, норозиёна гуфт:
– Ба ту ҳамин бинокорӣ намерасид...
***
Рост гуфтаанд, ки бо «ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад». Хурсандой Ҷабборова барои тезтар бунёд гардидани бинои поликлиника боз як ҳунари навро омӯхт – дипломатия!
Зеро ба курсинишинони вилояту ҷумҳурӣ масъаларо фаҳмондан осон нашуд. Рости гап, шавҳараш ба ӯ ҳам роҳбалад буду ҳам ронанда. Ҳар ду чанд маротиба ба Тошканд рафтанд. Ниҳоят соли 1996 поликлиника тантанавор кушода шуд. Эҳтимол ҳамон рӯз Хурсандой оҳи сабук кашида бошад.
Ҳоло поликлиникаи мазкур ба 15 750 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад.
– Мо аз Хурсандой Ҷабборова сипосгузор ҳастем, – мегӯяд амини деҳаи Оҳалик Ашӯрбой Шоҳмақсудов. – Вай ҳамчун посбони саломатӣ азизи ҳар як хонадон аст. Худо накарда, ягон кас таб барорад ё саломатиаш коҳиш ёбад, хоҳ рӯз бошаду хоҳ нисфи шаб, пеши Хурсандой мешитобад. Зеро, аввало то «ёрии таъҷилӣ» меояд, вақти зиёд меравад, дуюм Хурсандой мардуми деҳаро панҷ панҷа барин медонад.
Воқеан, имрӯзҳо, ки пандемия ба ҳама таҳдид мекунад, ташвишу тараддуди шифокорон афзудааст. Ана барои чӣ дар деҳаи кӯҳсори Оҳалик ба ин масъала диққати махсус дода мешавад. Мо ба ҳамин муносибат дар поликлиника бо мудири он суҳбат оростем.
– Дар шифохонаи мо қариб 10 нафар табибон бидуни ҳисоби вақту соат фаъолият мебаранд, – иброз дошт Хурсандой Ҷабборова. – Саодат Тиллоева, Гулбаҳор Раҳимова, Матлуба Муҳиддинова, Гулчеҳра Маҷидова ва дигар табибони соҳибтаҷриба воқеан посбони саломатии аҳолӣ ҳастанд. Сардори Иттиҳодияи тиббии ноҳия Фурқат Валиев ҳамеша аз кору бори мо хабардор ҳастанд. Бо асбобҳои ташхисӣ ва доруворӣ таъмин кардани поликлиника ба зиммаи маъмурият ва ҳокимияти ноҳия мебошад. Мо барои пешгирии вабои асри 21 ситодҳои карантин ташкил кардем. Охир, эҳтиёт ними ҳаёт аст...
Дар омади гап бояд таъкид кард, ки қаҳрамони навиштаи мо Хурсандой Ҷабборова дар деҳаи Оҳалик аз тарғибгарони тарзи ҳаёти солим аст. Вай дар байни мардум на танҳо доир ба ҳифзи саломатӣ, инчунин камхарҷ ва замонавӣ гузаронидани тӯй ва маъракаҳои дигар корҳои тарғиботӣ мебарад. Ҳамин, ки фурсат ёфт, бо гулпарварӣ ва боғбонӣ машғул мегардад.
– Ин шуғлҳо мерос аз падари бузургворам, – аз нигоҳи мо рамуз гирифта, мегӯяд вай.
Воқеан, Хурсандой Ҷабборова даҳ нафар набера дорад.
Боре вай аз кор баргашта, мағзи бодомҳои худро саргарми бозӣ дид ва табъаш болида гашт. Яке аз онҳо ҳамчун «шифокор» «бемор»-ро бо суханҳои ширин «табобат» мекард.
Ӯ аз касби интихобкарда, аз роҳи ҳаёт, аз умри сипаринамудааш хурсанд шуд...
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири
«Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.