Ҷаннат фурӯхта мешавад...

Мегӯянд, ки чанд аср пеш дар кунҷи шаҳре калисое воқеъ буд.

Ба онҷо мардум қариб, ки намерафтанд. Аз ин ҳол коҳин нороҳат шуда маҷлис орост. Ӯ гуфт:
– Чӣ кор бояд кард, то мардум ба калисо оянд ва ба ин васила пул ба даст орем.
Яке аз ходимони калисо бархост ва гуфт:
– Биёед, эълон мекунем, ки ҷаннатро мефурӯшем. Мебинед, ки мардум давон ба калисо меоянд ва мо низ пулдор мешавем.
Баъди эълонро шунидан, мардум ба калисо омада, ҷаннат мехариданд ва аз калисо чек мегирифтанд. Ҳамин вақт марде аз онҷо гузар карда, дид, ки мардуми зиёде дар назди калисо ҷамъ омадаанд. Роҳгузар пурсид:
– Инҷо чӣ гап аст?
Гуфтанд:
– Дар калисо ҷаннат мефурӯшанд.
Он мард чун ин сухан бишниду зуд дохили калисо шуд ва ба коҳин гуфт:
– Оё дӯзах ҳам фурӯхта мешавад?
Коҳин гуфт: 
– Бале, вале онро касе харид намекунад.
Он мард гуфт:
– Ман омадаам, то дӯзахро бихарам. Арзишаш чанд аст?
– Ночиз аст. Як миқдор пул кифоя.
Роҳгузар бо пули ночиз дӯзахро харид. Ба кӯча баромада, ба мардум гуфт:
– Ҳой мардум! Ман дӯзахро харидам. Аз имрӯз эътиборан касе дӯзахӣ намешавад, ҳама ҷаннатӣ хоҳанд шуд.

Бадро накӯ гӯй

Рӯзе шайх Абусаиди Абулхайр бо дӯстонаш аз канори осиёбе  мегузашт. Ногаҳон истод ва лаҳзае ба садои гардиши сангҳои осиёбу коркарди он гӯш дод. Пас аз он рӯ ба атрофиёнаш карду гуфт:
– Мешунавед? Медонед, ки ин осиёб чӣ мегӯяд?
Дӯстонаш, ки ғайри садои коркарди осиёб чизе намешуниданд, бо тааҷҷуб гуфтанд:
– Не, мо садои хосе намешунавем.
Абусаид гуфт: 
– Ин осиёб мегӯяд, ки ман аз шумо беҳтарам, зеро бад мегираму хуб бармегардонам.
Бад мегираду хуб пас медиҳад. Яъне, агар шумо ҳам сухани баду талхе аз касе шунидед, ба ӯ ба нармӣ посух диҳед.

Ҳикмати падар

Писар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард. Падар ӯро ба хона хонд ва рӯйпӯши мошинеро, ки солҳо дар гараж нигоҳ медошт, бардошт:
– Ин ҳадяи ман аст. Назарногир, аммо «Запарожетс» ҳам мошини одӣ нест. Вале ин туҳфаи падар табъи писарро болида насохт. Падари рамузфаҳм бо лабханд афзуд:
– Писарам, ту як бор онро ба мошинбозори ҳамсоя бар.
Писар пас аз чанде омаду гуфт: ҳамагӣ 50000 сӯм нарх карданд.
Мегӯянд кӯҳна асту аз истифода берун.
Бо тавсияи падар ҷойи дигар бурд, 80000 сӯм нарх монданд...
– Акнун онро ба клуби мошинҳои нодир бубар, – гуфт падар. 
Андаке нагузашта писар шодону хандон назди падар ҳозир шуд:
– Тасаввур намекунӣ, вале арзиши мошинро ба 20 миллион сӯм бардоштанд. Бисёр нодир будааст ин тамға...
– Бале, писарам.
Ин ҳикматро дарёб, ки дар ҳаёт ҳар кас туро аз нигоҳи худ баҳо медиҳад ва ту танҳо дар ҷойгоҳи худ соҳиби эътибор мешавӣ.

Таҳияи Далер АЗИЗОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: